Дар натиҷаи заминларзаи субҳи имрӯз, 13-уми апрел дар Тоҷикистон як кӯдаки 3-сола дар ноҳияи Рашт ҷон бохта, 29 хонаи сокинон ва 1 мактаби миёна дар ин минтақа зарар дидааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (КҲФ) хабар додааст.
Манбаъ аз кӯдаки фавтида Абдуғанӣ Машрабов, сокини сесолаи деҳаи Уштурпасти ноҳияи Рашт ном бурда гуфт, ки ӯ ҳангоми заминҷунбӣ “зери девори хонаи истиқоматӣ монда, ба ҳалокат расидааст”.
Ба гуфтаи КҲФ, Раҷабали Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо як ҳайат ба минтақаи Рашт ба ҷои ҳодиса рафтааст ва ҳоло хисороти расида аз заминларза ҳисоб карда мешавад.
Манбаъ мегӯяд, танҳо имрӯз дар ҳудуди кишвар се заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд, ки якеаш хисорот дар пайи дошт. Ин заминҷунбӣ соати 9:24 ба вақти маҳаллӣ рух дод, ки маркази он 21-километрии ноҳияи Рашт ва 160-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе мебошад. Дар маркази заминларза, яъне дар ҳудуди ноҳияи Рашт ларзиши замин 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе се балро ташкил додааст.
Дар пайи ин заминларза тибқи маълумоти пешакӣ, 29 хона ва як мактаб осеб дидаанд. Аз ин теъдод 17 хона дар ҳудуди деҳаҳои Сафедкунда, Гулханӣ, Кӯл, Аскалони ҷамоати деҳоти Аскалон ва бинои мактаби №56 дар деҳаи Гулхании ноҳияи Рашт ва 12 хона дар ҳудуди деҳаҳои Кӯл, Бӯстон ва Анвар Қаландарови ҷамоати деҳоти Лангари-Шоҳ ва деҳаи Ғанишоби ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир будаанд.
Заминларзаҳои дуввум ва сеюм, ки начандон сахт буд, соати 12:41 ва 13:33 дар ҳудуди ноҳияи Рашт рух додааст. Маркази заминҷунбии дуввум 163 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 29 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 2-3 баллро ташкил дод.
Маркази заминларзаи сеюм 158 километр шимолу-шарқи аз шаҳри Душанбе, 24 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 3 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 2 баллро ташкил дод.
Ҳардуи ин заминҷунбиро сокинони пойтахт эҳсос накарданд.
Сокинон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт, шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ларзиши заминро эҳсос кардаанд. Аммо ба ғайри минтақаи Рашт аз дигар шаҳру навоҳии кишвар дар мавриди хисорот хабаре дастрас нест.
Tehran to host the next meeting of a Joint Tajikistan-Iran Commission for Trade and Economic and Cooperation next month
Dushanbe City Day: How Tajikistan’s capital will celebrate its holiday
New workshop enhances export knowledge and skills for Tajik agribusiness sector
UNICEF, EU organize a conference on empowering Tajik adolescents and youth with skills for work and life
Lawmakers approve agreement between Tajikistan and Kuwait on avoidance of double taxation
Iran calls for bolstering defense and military cooperation with Tajikistan
Tajikistan's economic growth predicted to slow due to decrease in migrant remittances
Geopolitics of the Ukrainian crisis and its Impact on Central Asia: a perspective from Tajikistan
Earthquake victims in Rasht relocated, assistance delivered to the population
Iran and Tajikistan vow to boost bilateral cooperation
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста