Бори нахуст дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба дучархаронии кӯҳӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз 20 кишвар байни ҳам рақобат карданд.
Садҳо тамошобину мухлиси варзиш дар Майдони дӯстии маркази пойтахт, пушти пайкараи Исмоили Сомонӣ ҷамъ омаданд, то мусобиқаро тамошо кунанд. Душанбе дар қатори шаҳрҳои Барселона, Афина ва Сан-Паулу мизбони ин мусобиқа гардид.
Барои баргузории мусобиқа дар маркази пойтахт муҳити кӯҳӣ фароҳам оварда шуд. Варзишгарон дар ҳар гардиш, қуллапаймоӣ ва фаромадан, назди ҳазорон мухлисон имтиҳон медоданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи мусобиқа оммавигардонии варзиш, ҷалби сайёҳон ва таҳкими обрӯи Тоҷикистон ҳамчун созмондиҳандаи чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ муаррифӣ шуд. Мусобиқа бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи дучархаронии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардид.




How food prices in Tajikistan changed over the past year
Attempt to smuggle medicines worth over 1 billion soums from Uzbekistan to Tajikistan Foiled
IOM warns Tajik citizens of job scams linked to employment in the UK
Tajik family dies from domestic gas poisoning in Samara
Tajikistan establishes National Theater as theater community voices concerns over possible consolidation
Who Emomali Rahmon criticized — and praised — in 2025
Trump announces plans for US ground operation against Mexican drug cartels
Emomali Rahmon shakes up police officials
Tajik citizen extradited from Azerbaijan to homeland
Tajik somoni strengthens against the dollar and the euro in 2025, weakens slightly to the Russian ruble
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста