ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 17 АПРЕЛ

- Имрӯз, соати 10:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи “Приключения Ходжа Насриддина и Аванушки”-и Н. Аҳмадӣ аз ҷониби ҳунармандони театри давлатии лӯхтаки ба номи А. Мақсудии шаҳри Бӯстон ба намоиш гузошта мешавад.

- Имрӯз соати 14:00 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ намоишномаи “Ахтаре дар Хатлонзамин”-и Р. Одиназода аз ҷониби Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. М. Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба саҳна гузошта мешавад.

- Ҳамчунин имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишномаи “Келини ҷойдорӣ”-и С. Шехов аз ҷониби Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоиш дода мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 17 АПРЕЛ

Соли 2000 – Иҷлосияи аввалини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ баргузор гардид, ки дар он Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд.

Соли 2007 – Дар Душанбе нахустин форуми соҳибкорони Тоҷикистону Литва баргузор шуд.

Соли 2012 – Дар Душанбе филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии “МИСиС” ифтитоҳ ёфт.

Соли 2017 – Дар Душанбе бори аввал дар 25 сол нахустин намоиш-фурӯши маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон ифтитоҳ шуд.

Соли 2020 – Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе раиси Маҷлиси миллӣ интихоб гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1913 – Мавлуди Абдулаҳад Қаҳҳоров, арбоби давлатӣ, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Абдулаҳад Қаҳҳоров

Абдулаҳад Қаҳҳоров баъди хатми Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ва курси яксолаи бозомӯзии коркунони роҳбарикунандаи ҳизбию шӯравӣ фаъолияти кориашро ҳамчун нозири шуъбаи меҳнати округи Қӯқанд оғоз карда, минбаъд дар вазифаҳои котиби Кумитаи комсомолии ноҳияи Панҷакент, мудири шуъбаи ноҳиявии “Тоҷиктранс”, ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Панҷакент ва кумитаҳои ҳизбӣ фаъолият кардааст.

Шурӯъ аз соли 1956 дар вазифаҳои ҷонишини раиси Шӯрои вазирон ва ҳамзамон раиси Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон фаъолият кард.

Солҳои 1961-1973 раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон буд.

Абдулаҳад Қаҳҳоров 12 феврали соли 1984 дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1923 – Зодрӯзи Борис Литвинский, таърихшинос, академик, муҳаққиқи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ.

Борис Литвинский

Борис Литвинский Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон буда, соли 1946 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскавро бо ихтисоси таърих, бостоншиносӣ хатм кардааст.

Ӯ солҳои 1951-1971 мудири бахши бостоншиносӣ ва сиккашиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1971-1973 ходими калони илмӣ, мудири бахшҳои муносибатҳои таърихӣ ва фарҳангии Шарқи шӯравӣ ва хориҷӣ буд.

Соли 1967 – Зодрӯзи Баҳодур Зиёмиддинов, олим, номзади илмҳои физика-математика.

Соли 1975 – Мавлуди Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, собиқ муовини Додситони кулл ва додситони пешини ноҳияҳои Балҷувон ва Данғара.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола, 17-уми апрел дар бисёре аз кишварҳо Рӯзи ҷаҳонии гемофилия таҷлил мегардад. Ин рӯз бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ ва фаҳмиш дар бораи гемофилия ва зарурати дастрасӣ ба табобат дар тамоми ҷаҳон баргузор мешавад.


Гемофилия як бемории генетикӣ аст, ки асосан дар мардон ба вуҷуд меояд ва ба системаҳои лахташавии хун таъсир мерасонад. Ба таври оддӣ, одамон бо гемофилия, агар ҷароҳат бинанд ё хунрезии дарунӣ ё берунӣ ба амал ояд, гирифтор мешаванд.

17-уми апрели соли 1941 Игор Сикорский аввалин чархбол-амфибияро, ки қобилияти парвоз аз рӯйи об ва нишастан ба хушкӣ дошт, муаррифӣ намуд. Ин чархбол, ки VS-300 (ва баъдтар R-4) ном дошта, як инноватсия дар он замон маҳсуб меёфт, ки метавонист ҳам дар об парвоз кунад ва ҳам ба хушкӣ нишинад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм, рӯзона 12+17º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона бебориш, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, охири рӯз борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 27+29º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, охири рӯз борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 22+24º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, охири рӯз борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 17+19º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.