Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки аз соати 18:00 -и 19-ум то соати 00:00-и 21-уми апрел (ба вақти Маскав) тамоми намуди амалиёти ҷангӣ дар Украинаро қатъ мекунад.
Ӯ дар ин бора имрӯз, 19-уми март баъди шунидани гузориши сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов дар бораи вазъи хатти тамоси ҷангӣ изҳор дошт, хабар медиҳад сомонаи Кремл.
Ин отшабас ба муносибати иди "Пасха" эълон шуд ва раоснаҳои русӣ онро “оташбасӣ идӣ” ҳам унвон кардаанд.
"Бо ба назар гирифтани шароитҳои инсондӯстона, имрӯз аз соати 18:00 то соати 00:00 шаби якшанбе ба душанбе, ҷониби Русия “оташбаси Пасха”-ро эълон мекунад. Ман фармон медиҳам, ки дар ин давра ҳамаи амалиётҳои ҷангӣ қатъ шаванд. Вале нерӯҳои мусаллаҳи Русия бояд омода бошанд, ки аз эҳтимоли вайронкунии режими оташбас ва тахрибкориҳо аз ҷониби душман дифоъ кунанд",- гуфтааст Владимир Путин.
Ҷониби Украина дар ин бора то ҳол шарҳе надодааст.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки аз талошҳои Амрико барои дарёфти роҳи ҳалли мусолиматомез истиқбол мекунад.
Ёдовар мешавем, ки баъди ҳамлаи бедалели Русия ба Укрина дар 24-уми феврали соли 2022 ҳазорҳо нафар аз ҳарду ҷониб кушта шуда, зарари расида беҳисоб аст. Кишварҳои зиёде кӯшиш доранд, ки роҳбарияти ду кишварро сари мизи музокирот шинонда, ба хатми ҷанг маҷбур кунанд, вале то ҳол бетнатиҷа аст.





Kazakhstanis approves new Constitution, central election commission says
Iranian footballers who sought asylum in Australia decide to return home
Radisson Collection to enter Tajikistan
Talbak Nazarov — the patriarch of Tajik diplomacy
Central Asia’s water crisis in numbers
Tajikistan national team to compete at Asian Judo Championships in China
Tajikistan to receive only grants from ADB until the end of 2026
Iranians grapple with whether to flee the country as war intensifies
The tragedy in Mina: the crime that could end Donald Trump and his Defense Secretary's careers
The bilateral trade between Uzbekistan and Tajikistan could grow another 40%, expert says
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста