Имрӯз, 26-уми апрел, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё се варзишгари дигари тоҷик, Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Шеров ва Александр Кан рақобатҳои худро баргузор карданд.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг куштӣ гирифта, баъди шикасти се рақиби худ ба финал баромад. Аммо дар ин марҳила ӯ аз варзишгари Куриёи Ҷанубӣ - Ҷунван Ли шикаст хӯрда, маротибаи дуюм дар корномаи худ медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиёро ба даст овард. Маҳмадбеков қаблан дар соли 2021 соҳиби медали нуқраи ин мусобиқа шуда буд.
Ҷудокори дигари тоҷик Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг рақобатро аз даври дуюм оғоз кард. Ӯ баъди шикасти ҳарифи ҷопонии худ ба нимфинал баромад, вале дар ин давр Абубакр ба таври баҳсбарангез аз варзишгари ӯзбекистонӣ ноком шуд ва муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод. Дар рақобат барои ҷои сеюм паҳлавони тоҷик рақиби муғулистонии худ Уранбаяр Одгерелро ноком карда, медали биринҷиро ба гардан овехт.

Дар вазни то 57 кили миёни занон Александр Кан, варзишгари тоҷик ба майдон омад. Ӯ дар даври якум рақиби худ аз Малайзияро ноком кард, вале дар даври дуюм аз варзишгари Тайпеи Чин шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.
Дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё се ҷудокори тоҷик - Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг, Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг ва Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё аз 25 то 27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа 13 паҳлавон, 9 мард ва 4 зан Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.




First pilot container train successfully departs from China to Tajikistan
How a Tajikistani native made his way to one of the world’s most influential tech companies
Two traders arrested on the first day of Ramadan for overcharging on meat in Dushanbe
27 young men sentenced in Tajikistan last year for avoiding military service
Uzbekistan launches jury trial system as an experiment
Job market in Tajikistan: Somon.tj identifies most in-demand professions and market trends
Russian lawmaker proposes migrants should receive benefits only after 20 years of residence in Russia
Tajikistan in 2025: economic growth, inflation, and foreign trade
Police in Dushanbe urges entrepreneurs to avoid unjustified price increases during Ramadan
"No criminal cases have been initiated": Tajikistan has not punished citizens for participation in the war in Ukraine
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста