Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки 25 то 27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар рӯзи сеюми мусобиқот, 27-уми апрел Темур Раҳимов, паҳлавони сангинвазни тоҷик дар вазни ҷамъи 100 кг баромад карда, баъди шикасти рақиби худ Магомедумар Магомедумаров аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба финал роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила ӯ дар рақобат бо варзишгари Куриёи Ҷанубӣ Сеунгёб Ли бо гирифтани се огоҳӣ (шидо) мағлуб шуда, маротибаи дуюм медали нуқраи қаҳрамонии Осиёро ба даст овард.
Паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг баромад карда, бо шикст додани Каито Грин аз Ҷопон бори дуюм дар корномаи худ аз мусобиқоти қаҳрамонии Осиё медали биринҷӣ гирифт.

Дар ин рӯз, ҳамчунин, варзишгарони дигари тоҷик Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кг, Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кг ва миёни занон Виктория Киселёва дар вазни ҷамъи 78 кг куштӣ гирифтанд. Вале ҳамаи онҳо дар марҳилаҳои гуногун ноком ва аз медалҳо маҳрум шуданд.
Бояд гуфт, ки дар рӯзи аввали мусобиқот, 25-уми апрел Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов дар вазни поини 66 бо мағлуб кардани рақибони худ медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқот, 26-уми апрел ду намояндаи дигари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медали нуқра ва Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ гирифтанд.
Ҳамин тавр, паҳлавонони тоҷик аз Тайланд бо 7 медал, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ бармегарданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 11 варзишгар (9 мард ва 2 зан) намояндагӣ мекарданд.
Дар маҷмуъ, дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии Осиё 289 варзишгар (165 мард ва 124 зан) аз 29 кишвар ширкат доштанд. Варзишгарон барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош карданд.





Tajikistan welcomes Iran-U.S. talks and advocates for peaceful conflict resolution
‘Tajik national clothing complies with Islamic norms and cultural traditions,’ says Tajik official
India, Turkmenistan Hold High-Level Talks in Ashgabat to Deepen Economic and Strategic Cooperation
"They are fraudsters and criminals." Dushanbe deputy mayor promises to identify companies defrauding citizens in housing sales
Tajikistan's Antimonopoly Service identifies market "giants"
New multi-level parking lots to be built in Dushanbe this year
Seven avalanches hit Dushanbe-Chanak highway, and it is temporarily closed for traffic
Drug smuggling from Afghanistan to Tajikistan grows, armed clashes increase
Tajikistan plans to introduce a visa-free regime for Chinese citizens
Tajikistan officially becomes a candidate to host the 2031 AFC Asian Cup
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста