ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 3 МАЙ

- Имрӯз, соати 11:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов аз ҷониби Театри ҷумҳурии исломии Эрон намоишномаи “Одоби шикори рӯбоҳ” ба саҳна гузошта мешавад.

- Ҳамчунин имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишномаи “Никоҳи пинҳон” аз ҷониби Театри давлатии академии мусиқии бачагонаи Маскав ба номи Наталя Сап намоиш дода мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 3 МАЙ

Соли 2012 – Дар Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” расман манъ карда шуд.

Соли 2013 – Дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ ифтитоҳ ёфт.

Соли 2014 – Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то сомониён” ба забони фаронсавӣ чоп шуд.

Соли 2021 – Додситонии кулли Тоҷикистон бар зидди сарбозони Қирғизистон, ки ба шаҳри Исфара ҳамла карда буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1901 – Мавлуди Муҳаммадҷон Раҳимӣ, шоир ва тарҷумони тоҷик.

Муҳаммадҷон Раҳимӣ
Акс аз ТВС

Муҳаммадҷон Раҳимӣ баъди Инқилоби Бухоро дар идораҳои молия ва назорат кор карда, муддате мудири шуъбаи тарғиботи Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Бухоро будааст.

Соли 1922 ба фидоиён пайваста, дар ҷабҳаҳои Шаҳри Сабз ва Бухорои Шарқӣ ҷангидааст. Соли 1928 мудирии шуъбаи рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” ва баъд мудирии шуъбаи коргузории Комиссариати молияи Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Сипас, солҳои зиёд дар Иттифоқи нависандагон фаъолият кардааст. Муҳаммадҷон Раҳимӣ 23-юми августи соли 1968 аз олам даргузашт.

Нахустин маҷмӯаи ӯ “Шеърҳои интихобкардашуда” соли 1940 чоп шудааст. Баъдан маҷмӯаҳои “Достони санъат”, “Марг ба марг, хун ба хун”, “Ба душман бераҳм бош!”, “Фирӯзӣ”, “Кишвари заррин”, “Тилои сафед”, “Машъали меҳр”, “Афсонаи Симурғ” нашр шудаанд.

Соли 1942 дар асоси навиштаи ӯ филми ҳунарии “Писари Тоҷикистон” ба навор гирифта шудааст.

Муҳаммадҷон Раҳимӣ дар тарҷумонӣ низ дасти қавӣ дорад ва ҳамчунин дар таҳрири луғатҳои русӣ ба тоҷикӣ ҳиссаи сазовор гузоштааст.

Соли 1938 – Зодрӯзи  Муборакшо Ҷумъаев, оҳангсоз ва мусиқидон.

Соли 1954 – Зодрӯзи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, фармондеҳи Иттиҳоди пешини нерӯҳои мухолифини тоҷик, пас аз имзои Созишномаи сулҳ ба мақоми давлатӣ расидааст. Ӯ раиси ширкати давлатии “Тоҷикгаз” буд. Соли 1999 раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд.

Соли 2003, замоне ки бо ислоҳи Қонуни асосӣ мехостанд, муҳлати президентиро дар Тоҷикистон аз ду 5-солаи пай дар пай ба ду 7-солаи пай дар пай биёранд, Искандаров ва ҳизбаш мухолиф баромаданд. Дертар аз мақоми раиси ширкати давлатии “Тоҷикгаз” барканор гардид ва бо баъзе аз фармондеҳони пешини ИНОТ ба зодгоҳаш дар шарқи кишвар ва баъдтар ба Русия рафт.

Моҳи декабри соли 2004 дар Русия боздошт ва дар баҳори соли 2005 раҳо шуд. Аммо 15-уми апрели ҳамон сол дар Маскав нопадид ва ба таври мармуз ба Душанбе оварда шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2005 Искандаровро ба гуноҳи ташкили ҳамла ба ШКД ва Додситонии ноҳияи Тоҷикобод, ғорати амволи “Тоҷикгаз”, ҳифзу нигаҳдории силоҳ ва муҳофиз 23 сол зиндонӣ кард.

Ӯро ҳамчунин аз рутбаи генерал-майор маҳрум ва ба пардохти ним миллион доллар ба нафъи давлат вазифадор намуданд. Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва тарафдоронаш он замон ба ҳукми додгоҳ розӣ набуданд ва қазияро сиёсӣ мехонданд.

Соли 1957 – Зодрӯзи Ғуломҷон Бобозода, сиёсатмадор, собиқ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Соли 1963 – Мавлуди Саида Файзалиева, раққоса, ровии телевизион ва омӯзгори тоҷик.

Соли 1965 – Зодрӯзи Рустам Шоҳмурод, арбоби давлатӣ, вазири пешини адлияи Тоҷикистон.

Рустам Шоҳмурод

Рустам Шоҳмурод хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро ба ҳайси ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат оғоз намудааст. Сипас чанд муддат дар сохтори додгоҳу додситонии кишвар кор кардааст. 

Фаъолияти ӯ дар Вазорати адлия аз соли 1993 оғоз гардид. Солҳои 2009-2012 муовини якуми роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд. Моҳи ноябри соли 2013 вазири адлияи Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2020 дар ин мансаб кор кард. Соли 2020 ва 2025 вакили парлумон интихоб шуд.

Соли 1967 – Мавлуди Замира Ғаффорова, адабиётшинос, доктори илми филологӣ, профессор.

Соли 1976 – Зодрӯзи Ғиёсиддин Ашӯрзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва вакили парлумон.

Соли 2008 – Абдуқодир Маниёзов олим ва нависандаи тоҷик дар синни 77-солагӣ дар Эрон аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

3 май Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот мебошад. Ин рӯз бо ташаббуси Конфронси генералии ЮНЕСКО таъсис ёфтааст ва ҳадафи он таъкид ба нақши калидии матбуоти озод, гуногунандешm ва мустақилӣ дар ҷомеаи демократӣ мебошад.


Ин сана ба хотири Эъломияи Виндхук (Windhoek Declaration) интихоб шудааст, ки 3 майи соли 1991 дар Намибия қабул гардида, ба зарурати озодии матбуоти Африқо ва таъмини гуногунандешӣ дар воситаҳои ахбори омма бахшида шуда буд.

Ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ҷомеаи байналмилалиро ҳушдор медиҳад, ки озодии баён ва озодии матбуот аз ҳуқуқҳои асосии инсон ба шумор мераванд ва онҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон мустаҳкам гардидаанд. Ҳимоя ва тақвияти ин ҳуқуқҳо барои рушди демократия ва беҳбуди зиндагии мардум дар саросари ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Аз соли 1994 инҷониб 3 май дар кишварҳои гуногун ҳамчун Рӯзи Офтоб ҷашн гирифта мешавад. Он аз ҷониби бахши аврупоии Ҷамъияти байналмилалии энергияи офтобӣ (ISES) барои таблиғи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва аҳамияти ҳаётии офтоб барои Замин таъсис ёфтааст.


3 май инчунин рӯзи ихтирои қалам шуморида мешавад. Дар ҳамин рӯз ихтироъкори амрикоӣ Ҷорҷ Паркер аввалин қалами худкорро ба қайд гирифтааст. Ӯ бо фурӯши қаламҳои ранга машғул буд, вале аз сабаби мушкилиҳои техникӣ ӯ қарор дод, ки худаш қалами беҳтарро бисозад.


Соли 1905 ширкати ӯ “Parker Pen Company” системаи нав – Button Filling System-ро патент кард – аввалин қалами дорои системаи механикии пуркунии ранг.

Имрӯз ҳамчунин рӯзи пайдоиши паёми номатлуб (“Спам”) аст. Дар ҳамин рӯз, соли 1978, аввалин паёми таблиғотии номатлуб фиристода шуд. Онро ширкати "DEC" бо мақсади таблиғи компютерҳои наваш тариқи шабакаи "ARPANET" ба 400 нафар ирсол кард. Калимаи “Спам” ба маънои “ахлоти электронӣ” бори аввал соли 1993 аз тарафи маъмури системаи "Usenet" Ҷоэл Фер истифода шуд.

Ба ҳисоби оморӣ, то 85% тамоми паёмҳои электронӣ дар интернет Спас мебошанд, ки қисман тавассути компютерҳои вирусдор паҳн мешаванд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 3 МАЙИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 21+26º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 21+26º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30 гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 13+18º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 27+29º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 31+33º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 24+26º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.