Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, ки чанде пештар аз зилзила зарар дида буданд, суҳбати телефонӣ анҷом дода, бори дигар таъкид кардааст, ки корҳои барқарорсозӣ бо сифату суръати баланд иҷро ва шароити зисти мардуми зарардида ҳарчи зудтар муҳайё гардонида шавад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур хабар додаааст.
Зимни суҳбати телефонӣ, ки имрӯз 5-уми май баргузор шудааст, Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода, раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба Эмомалӣ Раҳмон аз раванди корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбӣ гузориш доданд.
Онҳо ба раиси ҷумҳур иттилоъ додаанд, ки барқарорсозии хонаҳои мардум ва биною иншооти дигари зарардида ва сохтмони хонаву муассисаҳои нав “мутташакилона идома дорад”. Аммо манбаъ оид ба дар кадом сатҳ қарор доштани корҳои бартарафсозӣ маълумот надодааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мавриди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои мазкур суҳбат карда, таъкид кардааст, ки ба кишти картошка таваҷҷӯҳи ҷиддӣ равона шавад.
Бояд гуфт, ки раисҷумҳур қаблан ба масъулин супориш дода буд, ки хонаҳои аз заминларза зарардидаи Рашту Тоҷикобод то 1-уми ноябр сохта шавад.
Ёдрас мешавем, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ҳамчунин, дар натиҷаи заминҷунбӣ, дар умум 65 хонаи истиқоматӣ пурра валангор шуда, 193 хона қисман зарар диданд. Инчунин, ба 150 хона осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон, аз ҷумла, 1 беморхонаи, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 мактаб зарар расидааст.
То имрӯз ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашту Тоҷикобод аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ, “Тоҷиксуғурта” масолеҳи сохтмонӣ, молҳои рӯзгор, маводи ғизоӣ ва кӯмаки молиявӣ расонида шудааст.






Tajikistan welcomes Iran-U.S. talks and advocates for peaceful conflict resolution
‘Tajik national clothing complies with Islamic norms and cultural traditions,’ says Tajik official
India, Turkmenistan Hold High-Level Talks in Ashgabat to Deepen Economic and Strategic Cooperation
"They are fraudsters and criminals." Dushanbe deputy mayor promises to identify companies defrauding citizens in housing sales
Tajikistan's Antimonopoly Service identifies market "giants"
New multi-level parking lots to be built in Dushanbe this year
Seven avalanches hit Dushanbe-Chanak highway, and it is temporarily closed for traffic
Drug smuggling from Afghanistan to Tajikistan grows, armed clashes increase
Tajikistan plans to introduce a visa-free regime for Chinese citizens
Tajikistan officially becomes a candidate to host the 2031 AFC Asian Cup
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста