Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ноҳияи Зафарободро ба куштори зану фарзанд ва оташ задани ҷасади онҳо гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Дар ин бора Шӯҳрат Маҳмадназарӣ додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Манбаъ аз маҳкумшуда Зокир Азамови 40-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ном бурда, гуфт, ки ӯ барои одамкушӣ ё қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор ва бо ҳукми абад маҳкум шуд.
Ин додрас гуфт, ки Зокир Азамов дар заминаи “нофаҳмӣ ва рашку адоват, ки гӯё ҳамсараш Фирӯза Азамоваи 36-сола ба ӯ хиёнат кардааст” даст ба одамкушӣ задааст. Онҳо ҳудуди 15 сол пеш оиладор шуда, соҳиби як фарзанд будаанд.
“Зокир Азамов соати 22-и шаби 28-уми нобяри 2024 бо воситаи тиреза бо манзили истиқоматии худ ворид шуда, аввал бо ҳамсараш Фирӯза Азамова муноқиша мекунад. Баъдан, вақте занаш хоб мекунад, ӯро ва фарзанди 11-солааш Саёдхон Азамоваро бо зарби табар, ки қаблан аз бозор бо мақсади куштори онҳо харида буд, ба ҳалокат мерасонад. Сипас, барои нест кардани изи ҷиноят бо бензин ҷасадҳоро оташ зада, манзилро тарк мекунад”, - омадааст дар ҳукми додгоҳ.
Манбаъ мегӯяд, ки ин ҳодиса баъди ҷустуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ошкор шуда, Зокир Азамов дастгир ва ба курсии айбдорӣ нишаст.
Назари худи маҳкумшуда, наздикон ва вакили дифои ӯ маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки куштори хонаводагӣ, хоса куштори ҳамсар аз дасти шавҳар дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Ҳамасола даҳҳо нафар барои куштор ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гунаҳгор ва ба муддатҳои гуногун равонаи зиндон мешаванд.
Аз ҷумла, Неъматҷон Эшонқулов, сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд, ки моҳи марти 2024 ҳамсари ҳомиладорашро бо зарби беш аз 70 корд кушта буд, бо ҳукми додгоҳ 25 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Инчунин, сокини ноҳияи Деваштич Мақсудҷон Ҳасанов низ барои куштори ҳамсар ва хушдоманаш бо зарби табар, 25 сол равонаи зиндон шуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд будааст.
Дар ин ниҳод шарҳ надоданд, ки бо чӣ далелҳо теъдоди куштор ва сӯиқасд ба ҷони одамон афзудааст.






Tajikistan to adopt new law on export support
More than 1,200 people fined last year for violating the law on traditions and rituals
Guliston mayor says Adrasman mining plant to resume operations in September
Nearly 316 kg of narcotics destroyed in DCA’s special furnace today
Tajikistan aims to attract $15.7 billion in investment up to 2030
Tajikistan imports about 1.7 million tons of fuel in 2025
Tajikistan’s health ministry debunks fake reports about “doctors” spreading dangerous disease
More than 22,700 tons of humanitarian aid delivered to Tajikistan last year
Your trip to Tajikistan: a simple guide for tourists
Tajik national air carrier sends aircraft held under arrest in Moscow for seven years for repairs
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста