Аз 27 то 29-уми май якбора бадшавии ҳаво дар Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар доданд.

Обуҳавошиносон аз боронҳои кӯтоҳмуддати пуршиддат бо раъду барқ дар кӯҳу доманакӯҳҳо, инчунин тӯфони чангу ғубор дар водиҳо огоҳ мекунанд.

Гуфта мешавад, бо сабаби боришоти пуршиддат дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои ғарби ВМКБ омадани селҳо пешгӯӣ мешавад.

 

Вазъи ҳаво дар минтақаҳо

Дар вилояти Хатлон ин ҳафта ба сурати умум ҳавои гарму хушк пешбинӣ шудааст. Рӯзи 28-уми май шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат рӯзона то 33 дараҷа гарм мешавад. Лекин рӯзи 29-уми май суръати шамол аз самти ҷанубу ғарб то 15 м/с пурзӯр шуда метавонад ба тӯфони чангу ғубор боис гардад.

Дар вилояти Суғд низ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо то 29 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ салқин боқӣ мемонад: то 13-18 дараҷа гарм. Суръати шамол баъзан метавонад то 15 м/с пурзӯр шавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ боришот шаби 28-уми май имкон дорад. Сипас обуҳаво устувор шуда, лекин дар ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ боқӣ мемонад. Ҳарорат рӯзона то 29 дараҷа ва шабона - то 23 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон обуҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби минтақа боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар шарқ - ҳавои хушк, вале хунук пешбинӣ шудааст: шабона ҳарорат метавонад то 3 дараҷа хунукӣ поин равад.

Обуҳавошиносоон аз сокинони минтақаҳои кӯҳӣ дархост намудаанд, ки эҳтиёткор буда, аз наздик будан ба соҳили дарёҳо ва теппаҳои ярчфаро худдорӣ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.