Нархи шир дар Тоҷикистон тайи даҳсолаи ахир ба таври назаррас боло рафта, дар ҳамин ҳол, истеҳсоли дохилӣ дар ҳоли афзоиш аст, вале талаботи аҳолиро наметавонад пурра қонеъ созад. Воридоти маҳсулоти ширӣ афзуда, таъмини аҳолӣ бо шир аз меъёрҳои тавсияшуда пасттар боқӣ мемонад.

 

Аз 4 то 12 сомонӣ барои 1 литр

Тайи даҳсолаи ахир болоравии назарраси нархи шир ва маҳсулоти ширӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки бозгӯи тамоюли гароншавии маҳсулоти хӯрокворӣ аст.

Дар шаҳри Душанбе моҳи майи соли 2016 нархи 1 литр шир аз 4 то 6 сомониро ташкил дода, моҳи майи соли 2020 нархи он то 5-8 сомонӣ ва моҳи майи соли 2025 бошад, аллакай ба 8-12 сомонӣ расид. Дар минтақаҳо низ нарх аз 3-5 сомонӣ дар соли 2015 то ба 6-9 сомонӣ дар соли 2025 боло рафт.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои май-апрели соли 2025 дар муқоиса бо моҳи гузашта каме поинравии нархи шир - ба андозаи 1-7% ба қайд гирифта шудааст, лекин нисбат ба моҳи декабри соли 2024 нарх ба андозаи 6,3% ва апрели соли 2024 - 10,4% зиёд шудааст.

 

Истеҳсол зиёд мешавад, вале талаботро қонеъ намесозад

Давоми моҳҳои январ-апрели соли 2025 истеҳсоли шир дар кишвар 287 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки 5,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2024 ҳаҷми умумии истеҳсоли шир ҳудуди 1,18 млн тоннаро ташкил додааст, ки 5,3% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод, меъёри тавсияшудаи истеъмоли шир ва маҳсулоти ширӣ барои 1 нафар 316 грамм дар 1 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Пешгӯиҳои рушди соҳа мусбатанд: дар назар аст, ки истеҳсоли шир тадриҷан афзуда, дар соли 2027 тақрибан ба 1,3 млн тонна расад.

Акс аз тонамои gumilev-center.tj

Истеҳсоли маснуоти ширӣ низ дар ҳоли афзоиш аст: тибқи маълумоти Вазорати саноат, соли 2024 21,1 ҳазор тонна истеҳсол шуда, дар соли 2027 ҳаҷми истеҳсол то 31,1 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст, ки аз рушди соҳаи коркард ва тавсеъаи номгӯи маҳсулоти ширӣ гувоҳӣ медиҳад.

 

Воридоти маҳсулоти ширӣ босуръат зиёд мешавад

Воридоти маҳсулоти ширӣ ба Тоҷикистон низ меафзояд. Дар семоҳаи аввали соли 2025 ҳаҷми воридот зиёда аз 3 ҳазор тонна ба маблағи 6 млн долларро ташкил дода, дар соли 2024 ба маблағи 22 млн доллар 12 ҳазор тонна маҳсулоти ширӣ ворид шудааст.

Пешгӯиҳо ба афзоиши минбаъдаи воридот ишора мекунанд: соли 2025 аз афзоиш то 183 ҳазор тонна (+23,5%), соли 2026 - то 239 ҳазор тонна (+30,2%) ва соли 2027 - то 300 ҳазор тонна тонн (+25,5%) интизорӣ меравад.

Ин ба талаботи афзояндаи аҳолӣ, васеъ шудани номгӯйи маҳсулот ва зарурат ба маҳсулоти ширии махсус, ки истеҳсоли дохилӣ қонеъ карда наметавонад (шири хушк, хӯрок барои кӯдакон, панир, йогурт) марбут аст.

 

Истеъмоли шир аз меъёр паст боқӣ мемонад

Тибқи меъёри миллӣ, истеъмоли солонаи шир ва маҳсулоти ширӣ ба ҳар як сари аҳолӣ бояд 115,3 литрро ташкил диҳад.

Нишондиҳандаҳои воқеӣ ба таври назаррас аз меъёр пасттаранд: дар деҳот ҳудуди 63,6 литр дар як сол (наздики 55%-и меъёр) ва дар шаҳрҳо - 62,8 литр. Сабаби аслӣ маҳдудияти дастрасӣ ба маҳсулот арзёбӣ мешавад.

Акс аз сомонаи saodat.tj

Дар ҳамин ҳол, аксари хонаводаҳои деҳот  гови худиро доранд, аммо ғизодиҳии анъанавӣ на ҳамеша ба истеъмоли доимии шир мусоидат мекунад.

 

Коркарди нокофӣ ва инфрасохтор рушди бозори ширро бозмедорад

Мушкилоти аслии соҳа ба коркарди нокофӣ ва инфрасохтори суст марбутанд. Сарфи назар аз афзоиши истеҳсол аз 950 ҳазор тонна дар соли 2017 то зиёда аз 1 млн тонна, на камтар аз сеяки шир мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад. Ин ба талафоти маҳсулот ва камшавии ҳавасмандии истеҳсолкунандагон ба тавсеъаи истеҳсол оварда меравонад.

Камбуди иқтидорҳои коркард, сардхонаҳо (анборҳо) ва назорати муосир дар озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо) ба сифати маҳсулоти ширӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Қисми зиёди шир аз ҷониби аҳолӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ бо даромаднокии паст истеҳсол мешавад. Онҳо бо корхонаҳои коркард ҳамкории хуб надошта, ин имкониятҳои онҳоро барои афзоиши ҳаҷм ва беҳбуди сифат кам мекунад.

Ба ақидаи мутахассисони соҳа, мавсимӣ будани истеҳсол (баҳору тобистон зиёду зимистон камтар), логистикаи нокофӣ ва болоравии нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти ширӣ, ба афзоиши нархҳо ва вобастагӣ аз воридот мусоидат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.