Маркази миллии тестии Тоҷикистон (ММТ) имрӯз, 2-юми июн суроғаи муассисаҳое, ки барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон дар соли 2025 ташкил шудааст, нашр кард. “Азия-Плюс” ин рӯйхатро ҷамъоварӣ ва дар шакли тасвирбаён пешкаши хонандагон мекунад.

Аз ММТ ба мо гуфтанд, давраи аввали бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳорӯзи 2-юми май ба итмом расида, имтиҳонсупорӣ аз 1 то 10-уми июл баргузор мешавад.

Ин ниҳод барои имтиҳонсупорӣ дар кишвар  47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ ва 2 нуқтаи эҳтиётӣ ташкил кардааст.

Манбаъ навиштааст, довталабон бояд дар рӯзи муайяншуда 1,5 соат пеш аз оғози имтиҳон ба макони имтиҳонсупорӣ ҳозир шаванд ва бо худ даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият ва ду ручкаи одии сиёҳ дошта бошанд.

Замону макони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватнома ва ҳуҷраи инфиродии довталаб дар сомонаи ММТ зикр карда мешавад.

Нуқтаҳои имтиҳонсупории ҳар шаҳру навоҳии кишварро дар тасвирбаёни мо бубинед:

1/17

Ба иттилои ММТ дар даври аввали ҳуҷҷатсупорӣ дар умум 107 ҳазору 463 довталаб, з ҷумла 19 ҳазору 697 хатмкунандаи синфи 9 ва 87 ҳазору 866 нафар хатмкунандагони синфи 11 барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳуҷҷат супоридаанд.

Ҷойҳои нақшавии ММТ 113 ҳазору 884 ҷойро ташкил медиҳад: 17 ҳазору 660 ҷой барои хатмкунандагони синфи 9 ва 96 ҳазору 224 ҷой барои хонандагони баъди хатми синфи 11. Айни ҳол ин марказ барои қабули довталабон боз 6 ҳазору 421 ҷойи холӣ дорад.

Манбаъ гуфт, соли ҷорӣ дар таносуб ба нақшаи қабул аз ҳама беш довталабон дар кластери сеюм (филология, педагогика ва санъат) ҳуҷҷат супориданд.

Бояд гуфт, ки бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегардад: давраи аввал аз 3-юми март то 2-юми май, давраи дуввум аз 10-ум то 30-юми июн, давраи сеюм аз 2 то 13-уми сентябр ва давраи чаҳорум аз 29-уми октябр то 28-уми  ноябр.

Ба саволҳои маъмул оид ба иштирок дар ИМД дар ин маводи мо посух гиред: “Сабти номи довталабон дар ММТ барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз шуд. Довталаб бояд чиро донад?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.