ЧОРАБИНИҲОИ 4 ИЮН

- Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сиёсати саноатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва нахустин мулоқоти машваратии вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин ҷаласа роҳбарони вазоратҳои саноати Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳузур хоҳанд дошт.

Инчунин, дар ҷаласаи Шӯро намояндагони панҷ муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ, ки ба омодасозӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаҳои гуногуни саноат машғуланд, иштирок мекунанд.

- Дар Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон идома дорад. Он 2-юми июн то 5-уми июни соли равон мегузарад. Дар доираи он як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Қазон баргузор мешавад.

- Имрӯз соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти Баҳодур Неъматов, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ба муносибати 50-солагии фаъолияти эҷодиаш баргузор мегардад. Чиптаҳоро метавон дар сомонаи ticketon.tj харидорӣ кард. Нархи чиптаҳо вобаста ба ҷои нишаст аз 50 сомонӣ оғоз мешавад.

- Имрӯз соати 18:00 дар Кохи “Суруш Холл” барои соҳибкорон дарси маҳорат баргузор мешавад. Дар он стратегияҳои муассири ҷалби муштариён ва рушди устувори тиҷорат дар 5 соли оянда муҳокима мешавад.

Саидмурод Давлатов, Озодхон Давлатшоев ба ҳайси сухангӯёни ин дарси маҳорат иштирок мекунанд. Чиптаҳоро аз сомонаи ticketon.tj метавонед харидорӣ кунед. Нархи чиптаҳо 500 сомонӣ аст.

- Имрӯз дар бинои марказии “Пойтахт” (ошёнаи 4-ум, утоқи 401) барои наврасони аз 10 то 18-сола рассомони касбӣ дарси маҳорат мегузаронанд. Дар он иштирокдорон, қаҳрамонҳои ҷолибро тасвир намуда, дар бораашон достони шавқовар менависанд. Дар поёни дарси маҳорат намоиши корҳои онҳо ташкил мегардад. Иштирок ройгон аст.

- Дар Тоҷикистон то 14 июн бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун марафони ихтиёрии хунсупорӣ баргузор мешавад. Ҳар як шахс метавонад дар маърака иштирок кунад.

Барои ин ба филиали наздиктарини Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба маркази саломатии маҳаллӣ худ муроҷиат кардан лозим аст. Донор метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ки аз 18 то 60 сол дошта, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад. Пеш аз супоридани хун донор аз муоинаи тиббии ройгон мегузарад. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд бо худ шиносномаашонро дошта бошанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 4 ИЮН

Соли 2002 – Таҳти раёсати Сайдамир Зуҳуров, муовини сарвазири вақт нахустин ҷаласаи Комиссияи миллии ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

Соли 2011 – Расул Боқиев, ҷудокори тоҷик медали тиллои Ҷоми ҷаҳонии ҷудоро, ки дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор шуд, ба даст овард.

Соли 2016 – Дар шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди маъдан “Покрӯд” ба фаъолият шуруъ намуд.

Соли 2020 – Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи ситоди зидди “COVID-19” пешниҳод кард, ки барои риоя накардани реҷаи ниқобпӯшӣ ва қоидаҳои фосилаи иҷтимоӣ ҷазо ҷорӣ карда шавад. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1927 – Мавлуди Бобо Худойдодов, адабиётшинос, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик.

Соли 1937 – Зодрӯзи Розия Акобирова, ҳунарпешаи синамо.

Соли 1949 – Мавлуди Ҷунайдулло Насруллоев, технологи саноати хӯрокворӣ, ходими ҷамъиятӣ, соҳибкор.

Соли 1954 – Зодрӯзи Шариф Саид, раиси пешини Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Соли 1975 – Мавлуди Муаттара Ҷӯраева, муҷрии пешини телевизиони Тоҷикистон.

Муаттара Ҷӯраева

Муаттара Ҷӯраева дар гузашта аз гӯяндагони маъруфи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2000, вақте 25 сол дошт, мудири шӯъбаи наттоқони телевизиони давлатии Тоҷикистон таъйин шуд. Тайи 12 сол дар шабакаи аввали телевизиони давлатӣ наттоқи барномаи “Ахбор” ба забонҳои русиву тоҷикӣ ва ҳам муҷрии намоишҳои телевизиони “Субҳ” буд.

Вай дар интихоботи порлумонии соли 2005 аз ҳавзаи Ашт, зодгоҳи падараш номзад шуд, то аз ин тариқ ба Маҷлиси намояндагон роҳ ёбад. Интихоботи ҳамон сол дар Ашт ба даври дувум кашонда шуд, вале мақомот гуфтанд, дар даври дувум ӯ раъйи кам ба даст овардааст.

Баъд аз ин, ӯ тарки кори телевизион кард ва ба тиҷорату нашри маҷаллаи “Ҷаҳоннамо” рӯ овард.

Маъмурони Оҷонсии зиддифасод дар Тоҷикистон ӯро соли 2014 дастгир карда, ба қаллобӣ муттаҳам карданд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯро моҳи марти соли 2015 ба нуҳ сол зиндон маҳкум кард. Баъдтар ҷазои ӯ сабуктар ва соли 2019 аз зиндон озод шуд.

Соли 2024 – Марворид Қосимова, ҳунарпеша, коргардон ва филмноманависи тоҷик дар 86-солагӣ аз олам чашм баст.

Марворид Қосимова

Марворид Қосимова соли 1962 Институти давлатии умумиитифоқи кинематографияи шаҳри Маскавро ба итмом расонда, қариб 30 сол дар “Тоҷикфилм” ба сифати коргардон кор кардааст. Ӯ дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кишварро тарк кард ва 30 соли охир дар Беларус зиндагӣ мекард. Вай дар шаҳри Минск ҳам ба фаъолияти эҷодии хеш идома дода, корманди “Белорусфилм” буд ва дар ин кишвар низ қариб 10 филми бадеиву ҳуҷҷатӣ сабт кардааст.

Дар “Тоҷикфилм” ҳам маҳсули кораш зиёд аст. Филмҳои бадеиаш – “Тобистони соли 43-юм”, “Ҷӯра-Саркор”, “Роҳҳо гуногун мешаванд”, “Чор нафар аз Чорсанг” (2 қисм), “Бофандадухтар”, “Буд-набуд, дар синфи якум буд”, “Марди мутааллиқи ду зан”, “Ишқ баъди сад сол” дар синамои тоҷик ҷои хос доранд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдаконе таҷлил мегардад, ки қурбони ваҳшату таҷовуз шудаанд. Ин рӯз ба хотираи ҳамлаи ҳавоии неруҳои Исроил ба шаҳри Бейрут ва чандин маҳалли дигар дар Лубнон, ки рӯзи 4 июни соли 1982 рух дод, таъсис ёфтааст. Дар натиҷаи он ҳамлаҳо шумораи зиёди шаҳрвандони осоишта, аз ҷумла кӯдакон ба ҳалокат расиданд.


4 июни соли 1800 сохтмони Кохи Сафед дар Вашингтон ба поён расид. Ин бино, ки қароргоҳи расмии президенти Амрико аст, дар маркази Вашингтон, дар хиёбони Пенсилвания ҷойгир мебошад.

Лоиҳаи меъмории онро Ҷеймс Хобан таҳия кардааст. Гузашта аз ин, интихоби макони сохтмон ба таври шахсӣ аз ҷониби нахустин президенти ИМА Ҷорҷ Вашингтон сурат гирифтааст.


Нахустин сокинони Кохи Сафед президенти дуюми ИМА Ҷон Адамс ва ҳамсараш Абигайл Адамс буданд.

Соли 1922 дар ин рӯз шумораи аввали маҷаллаи ҳаҷвии “Крокодил” ба нашр расид. Дар оғоз он ҳамчун замимаи “Газетаи коргарӣ” чоп мешуд ва ройгон ба муштариён ҳамроҳ бо шумораҳои якшанбеи рӯзнома ирсол мегардид.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 4 ИЮНИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 24+29º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои  тағйирёбанда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 27+29º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 8+13º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои  камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои  камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 24+26º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.