ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 7 ИЮН
Соли 1951 – Ташкилоти варзишии “Колхозчӣ” таъсис ёфт, ки дар даврони Шӯравӣ заминаи ташкилоти минбаъдаи ДОСААФ (Ҷамъияти ихтиёрии ёрӣ ба артиш, авиатсия ва флот) дониста мешавад.
Соли 2011 – Созмони Милали Муттаҳид дастрасии озод ба Интернетро ба рӯйхати ҳуқуқҳои бунёдии инсон ворид намуд. Гузоришгари махсуси СММ оид ба озодии баён Франк Ла Рю дар гузориши худ ба Шӯрои ҳуқуқи инсон изҳор дошт, ки дастрасӣ ба Интернет бояд ҳамчун як ҳуқуқи бунёдии инсон эътироф шавад. Ӯ таъкид кард, ки маҳрум кардани одамон аз дастрасӣ ба Интернет, новобаста аз сабаб, нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Соли 2016 – Дар Тоҷикистон бори аввал ҳукм алайҳи муттаҳамон барои узвият дар гурӯҳи манъшудаи “Бародарони мусалмон” содир шуд. Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳафт имом-хатибро бо иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳи мамнӯъ ба муҳлатҳои аз се то се солу чор моҳ ҳукм кард.
Соли 2017 – Фармон дар бораи таъсиси комиссияи махсус оид ба афв дар назди президенти Тоҷикистон ба имзо расид.
Соли 2019 – Парлумон Қонун “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғанигардонидашуда”-ро қабул намуд. Бар асоси он истеҳсол, воридот ва фурӯши орди беилова дар қаламрави кишвар манъ карда шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1947 – Мавлуди Раҷабгул Қосимова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Соли 1948 – Зодрӯзи Шариф Шукуров, пажӯҳишгари таърихи ҳунар ва донишманди тоҷик, доктори ҳунаршиносӣ.
Соли 1951 – Мавлуди Маликшо Шарипов, муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих.
Соли 1966 – Зодрӯзи Абдуллозода Масрур, доктори илмҳои филология, профессор.
Соли 1969 – Мавлуди Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Саидзода Раҳим Ҳамро 32 соли ҳаёти худро ба соҳаи маориф бахшидааст . Ӯ фаъолияти худро ҳамчун муаллим оғоз карда, давоми солҳои баъдӣ ба ҳайси мудири кафедра, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва директори коллеҷи политехникии назди ин донишгоҳ кор кардааст.
Ҳамчунин, ӯ сардори раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ, муовини сардори Хадамоти давлатӣ, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илм, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ин вазорат низ будааст.
Як муддат ӯ масъулияти директории Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии “МИСиС” дар шаҳри Душанберо ба зимма дошт.
Аз моҳи феврали соли 2022 то ҳоло дар маснади вазири маориф ва илми кишвар адои хидмат мекунад. Мушовири хидмати давлатии дараҷаи якум аст.
Соли 1999 ба “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон” мушарраф гардидааст.
Ӯ доктори илмҳои техникӣ, профессор мебошад. Ҳамзамон, профессори фахрии Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии “МИСиС” аст.
Рисолаи илмии докториашро дар мавзӯи “Сохторбандӣ ва хосиятҳои физикӣ-химиявии хӯлаҳои сабуки алюминий бо металлҳои нодирзаминӣ ва ишқорзаминӣ” барои дараҷаи доктори илмҳои техникӣ ҳимоя намудааст.
Саидзода аз соли 2023 узви шурои директорони “Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPI) 2020” мебошад.
Муаллифи чор дастури таълимӣ, панҷ монография ва зиёда аз 120 мақолаи илмӣ-методӣ буда, чор ихтироот-нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2011, 2013, 2015, 2018) мебошад.
Соли 2016 – Дар синни 85-солагӣ Султон Мирзошоев, сиёсатмадор ва фаъоли ҷамъиятии маъруфи тоҷик, аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 7-уми июн дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии амнияти озуқаворӣ таҷлил мешавад. Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), ҳар сол тақрибан 600 миллион нафар гирифтори бемориҳои ғизоӣ мешаванд ва наздик ба 3 миллион кас дар натиҷаи заҳролудшавӣ ё сироятёбӣ ҳалок мегарданд.

Аз ҳама бештар кишварҳои рӯ ба рушд ва гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла муҳоҷирон, аз чунин бемориҳо осеб мебинанд. Ибтикори таҷлили ин рӯз аз ҷониби СҶТ ва Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО), ки барои таъмини сифати ғизо ва назорати амнияти он масъуланд, пешбарӣ шудааст.
7-уми июни соли 1632 дар шаҳри Аграи Ҳиндустон, шоҳ Шоҳҷаҳон ба хотири ҳамсари маҳбубаш Мумтаз Маҳал ба бунёди мақбараи Тоҷмаҳал оғоз кард. Мумтаз ҳангоми таваллуди фарзандашон даргузашта буд ва пас аз марги худи Шоҳҷаҳон ӯро низ дар ҳамин мақбара ба хок супурданд.

Гуфта мешавад, ки муаллифи аслии тарҳи ин ёдгории нотакрор худи Шоҳҷаҳон буд. Аммо номи меъмори асосӣ Устод Исо, яке аз муҳандисони барҷастаи замонаш сабт шудааст.
Барои сохтмон зиёда аз 20 000 коргар ва усто аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Эрон, Туркия, Самарқанд ва Венетсия ҷалб гардида буданд. Тоҷмаҳал имрӯз ҳамчун яке аз 7 мӯъҷизаи муосири ҷаҳон шинохта мешавад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 7 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимоли раъду барқ дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º, рӯзона 11+16º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад ва тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 25+27º гарм.






International donors begin financing the Roghun hydropower plant project
Tajikistan Increases agricultural exports by 40% in 2025
U.S. reserves right to launch preemptive strike on Iran, says U.S. Secretary of State
Islamic State targets Chinese citizens in Afghanistan: a strategic move amid rising tensions
India and Central Asia Transforming Vision into Value Through Strategic Economic Partnerships
Construction of Qala-i-Khumb - Vanj road nearing completion
Tajikistan reports average housing prices and construction growth in 2025
Dust storms in Tajikistan reach record numbers in 2025
Tajikistan faces shortage of over 1,400 medical workers
Number of migrant children in Russia decreases by nearly 25%
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста