Дар Хатлон як мард бо гумони куштори духтари маъюбаш дар ҳолати мастӣ боздошт шудааст. Дар ин бора пулиси Хатлон иттилоъ дода, навиштааст, ҳодиса рӯзи 10-уми июн дар ноҳияи Фархор рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, Назаров Сайвалӣ, сокини 61-солаи ин ноҳия дар ҳолати мастӣ ба хонааш омада, духтари 26-солаашро, ки бемории руҳӣ дошта, маъюби гурӯҳи 1 будааст, бо дастчӯб латукӯб мекунад.
“Дар натиҷа духтараш аз зарбаҳои бераҳмона ва гирифтани ҷароҳатҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, модари ин духтар даргузашта буда, ӯ зери назорату тарбияи падараш қарор доштааст.
Нисбати номбурда мувофиқи қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми одамкушӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Бар асоси ин иттиҳом, гумонбарро аз понздаҳ то бисту панҷ сол ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ё ҳукми адаб интизор аст.
Куштори кӯдакон ё фарзандон аз сӯи волидонашон бесобиқа набуда, пештар аз ин низ дар ин бора хабарҳо нашр мешуд. Аз ҷумла, моҳи майи соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Суғд як сокини ноҳияи Зафарободро ба куштори зану фарзанд ва оташ задани ҷасади онҳо гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум карда буд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 18 ҳолат зиёд будааст.






Tajikistan ratifies agreement with Kyrgyzstan on mutual stay of citizens
Iranian Embassy flag in Dushanbe lowered in mourning
Kidnapping of former Dushanbe prosecutor’s son solved after 25 years
Will Tajikistan take part in the 2026 Winter Olympics in Italy?
Iran protests seen as most serious challenge to Islamic Republic in years
A bill on annexation Greenland reportedly introduced in the US Congress
Radio frequency fees in Tajikistan increase hundreds of times
Heat purchase rates in Dushanbe to rise by 17%: will heating costs increase for households?
Radio Ozodi reports another Tajik citizen killed in the war in Ukraine
Noisy teen party disrupted in Dushanbe: knives seized, fines imposed
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста