Хадамоти гумрук ҷорӣ гардидани боҷи гумрукиро барои воридоти телефонҳо ба ҷумҳурӣ шарҳ дод.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз 1-уми июли соли 2025 барои воридоти телефони мобилӣ ба кишвар пардохти 20% боҷи гумрукӣ аз арзиши гумрукии телефон зарур аст.
“Барои воридоти телефони мобилӣ аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтҳои зерини гумрукӣ ситонида мешавад:
- 14% ААИ аз арзиши дастгоҳ (мутобиқи Кодекси андози ҶТ);
- 10 доллар – пардохти гумрукӣ (мутобиқи Қарори ҳукумати ҶТ №472 аз 2-юми декабри соли 2005). Телефоне, ки нархаш аз 100 доллари ИМА зиёд нест, аз пардохти гумрукӣ озод карда мешаванд;
- Пардохти 20% боҷи гумрукӣ аз арзиши гумрукии дастгоҳ аз 1-уми июли соли 2025 (мутобиқи қарори ҳукумати ҶТ №436 аз 10-уми июни соли 2025) оғоз мегардад”, - хабар доданд дар Хадамоти гумрук.
Дар Хадамот зикр карданд, ки зимни воридоти телефони мобилӣ барои истифодаи шахсӣ, пардохтҳои гумрукии дар боло зикршуда низ бояд пардохта шавад.
Ғайр аз ин, барои бақайдгирии ҳатмии IMEI-и телефон пардохти 50 сомонӣ зарур аст.
Қобили зикр аст, ки ин навоварӣ рӯзи 17-уми июн маълум шуда, он замон “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки боҷ барои воридот 20%-ро ташкил медиҳад. Лекин баъдан, пас аз омӯзиши замима ба қарор, мо тасҳеҳ нашр кардем, ки боҷ 20 евро аст ва бо пули миллӣ бо қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон ситонида мешавад.
“Азия-Плюс” барои роҳ додани ба хато аз корбарону хонандагон узр мепурсад. Ин иштибоҳ бо сабаби дастрас нашудани посухи фаврӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ ба миён омад.
Мо ба Хадамоти гумрук бо хоҳиши шарҳи сабаби ҷорӣ шудани боҷи мазкур дархост фиристодем.





6 top innovative startups in Tajikistan in 2025
Tajikistan’s CBRN Safety Agency and Border Troops agree to improve methods for detecting CBRN threats
A 19-yer-old man arrested on suspicion of corrupting a 14-year-old girl
Tajikistan’s fruit production surpasses expectations
The growing threat of teen aggression: how to prevent it?
Terrorists who attacked Tajik border guards were members of Jamaat Ansarullah, reports Afghan media
China’s investment expansion in Central Asia: what it means for the region
Tajik national arrested in Russia after comments on killing of 10-year-old Qobiljon Aliyev
Pope Leo XIV calls for peace in Middle East, Ukraine in first Christmas message as pontiff
Tajikistan among top three tourist sources for Uzbekistan
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста