Дар Тоҷикистон зимни санҷиш дар самти истифодаи нерӯи барқ давоми 5 моҳи соли 2025 дар умум 130 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, 3,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шудаанд.
Дар ин бора рӯзи 19-уми июн Сарвар Азимзода, муовини додситони кулли кишвар дар ҷаласаи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар бинои ширкати “Барқи тоҷик” баргузор шуд, хабар додааст.
Сарвар Азимзода таъкид кардааст, ки дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, зиёда аз 39 миллион сомонӣ зарари аз истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва тассаруфи молу таҷҳизот ошкоршуда ба буҷаи давлат барқарор шудааст. Инчунин, дар ҷумҳурӣ беш аз 200 миллион сомонӣ қарз аз истифодаи қувваи барқ ошкор ва рӯёнида шудааст.

Муовини додситони кул гуфтааст, дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти шабакаҳои барқии танҳо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 5 моҳи соли равон, 520 қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи қувваи барқро ошкор кард. Аз натиҷаи ин санҷишҳо нисбат ба шахсони гунаҳкор 25 парвандаи ҷиноятӣ ва 250 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, зиёда аз 13 миллион сомонӣ маблағи қарз аз истифодаи қувваи барқ рӯёнида шудааст.
Қаблан Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика хабар дода буд, ки танҳо дар моҳи майи соли равон ин ниҳод даҳҳо корхона ва сокинони кишварро барои “дӯздӣ” ва ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар умум, 4 миллион сомонӣ ҷарима бастааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд.
Дар асоси Кодекси ҷиноятии ҶТ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.
Ҳамчунин, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ шаҳрвандон, мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.





Tajik sambo masters win 30 medals at the Asian Cup
Uzbekistan’s security service reports two large drug hauls
“Life has become impossible.” Fewer Central Asian migrants are choosing to work in Russia
A 21-year-old man arrested on suspicion of corrupting a 13-Year-old girl
US triples payment to illegal aliens who sign up for self-deportation
How Russian propaganda and xenophobic sentiments led to the death of Qobiljon Aliyev
Tajikistan strengthens aviation safety cooperation with Iran
Tajikistan approves export development program for 2026–2030
Tajikistan’s jiu-jitsu team wins 40 medals at ACBJJ World Championship 2025
Russian president speaks out on murder of Qobiljon Aliyev in Moscow region, vows to punish the guilty
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста