Даргирии 12-рӯза миёни Исроил ва Эрон, ки 13-уми июн бо ҳамлаи беасоси аввалӣ оғоз гардид, пас аз бомбафканиву мушакпартоиҳо, зарбаҳои ҳавоии Амрико ба Эрон ва посухи Теҳрони расмӣ ба он, дирӯз, 24-уми июн, бо миёнҷигарии Амрико ва Давлати Қатар бо оташбас ба поён расид.

Шаби гузашта, сарфи назар аз изҳороти зиддунақиз оид ба вайрон шудани шартҳои оташбас аз сӯйи ҳарду кишвар, ки расонаҳо бо такя ба манобеи худ нашр карданд, дар Эрону Исроил шаби бидуни бомбафканиву мушакпартоӣ буд.

Сокинони Эрон дар майдони “Инқилоб” аз пирӯзӣ хушҳолӣ мекарданд, Исроил ба сокинонаш иҷоза дод аз паноҳгоҳҳо берун шаванд.

Дар чунин шароит, аввалин арзёбиҳо оид ба хисорот нашр мешаванд.

 

Эрон

Вазорати беҳдошти Эрон дар шабакаи иҷтимоии Х талафоти давоми 12 рӯзи ҷанг сабтшударо интишор кард. Бино ба маълумоти нашргардида, дар пайи зарбаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон 610 нафар ҷон бохтаанд. Аз ин теъдод, 13 кӯдак, ки хурдтарини онҳо 2-моҳа ва 49 зан, ки 2 тани онҳо ҳомила буданд, аз бомбҳои афкандаи Исроил кушта шудаанд.

Ҷанозаи як нафаре, ки дар ҷанги Исроил кушта шудааст

Вазорати беҳдошти Эрон гуфтааст, давоми 12 рӯзи ҷанг  4 ҳазору 746 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамчунин, аз теъдоди умумии кушташудагон 5 нафар кормандони тиббӣ ва беҳдоштӣ будаанд. Илова бар ин, дар пайи бомафканиҳои Исроил 7 бемористон ва 9 мошини ёрии таъҷилӣ осеб дидаанд.

 

Исроил

Исроил ҳам талафот аз ҷанги оғозкардаашро эълом кард. Нашрияи “The Times of Israel” бо такя ба маълумоти ироакардаи Артиш ва Вазорати тандурустии Исроил навишт, ки аз мушакҳои партобкардаи Эрон 28 сокини Исроил кушта шудааст, ки як нафари онҳо сарбоз будааст.

Акс аз euronews.com

Теъдоди ҷароҳатбардоштагон 3 ҳазору 238 тан гуфта мешавад. Аз ин теъдод, 23 нафар ҷароҳати вазнин, 111 нафар осеби миёна бардоштаанд.

Бояд гуфт, ки шаби 13-уми июн Исроил ба хоки Эрон ҳамла кард ва дар пайи он чанд фармондеҳи низомӣ, донишмандон ва сокинони маҳаллӣ ҷон бохтанд. Шаби ҳамон рӯз Эрон ба Исроил ҳамлаи ҷавобӣ кард. Ин даргирӣ 12 рӯз давом кард ва ба он Амрико низ мустақим пайваст.

Субҳи дирӯз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки бо миёнҷигарии Қатар Эрону Исроил ба оташбас розӣ шуданд.

Охирин хабарҳои даргирии Эрон ва Исроилро ҳар лаҳза дар телеграм ва дигар саҳифаҳои иҷтимоии “Азия-Плюс” мутолиа карда метавонед.

Ҳамчунин, дар матлаби “Барномаи ҳастаӣ як баҳона аст”. Ҳадафи ҷанги Исроил чӣ аст ва Эрон то куҷо метавонад аз худ сазовор дифоъ кунад? метавонед оид ба ҳадафи аслии ҷанги Исроил, зарфиятҳои дифоии Эрон, пуштибонҳои ду кишвар ва эҳтимоли домангустарии ҷанг дар минтақа маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.