Шоми дирӯз, 27-уми июн Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ кард.
Раисҷумҳур “ваҳдати миллиро рамзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат арзёбӣ” намуда гуфт, ки “ин санаи муҳим, ки мо ба он маҳз ба шарофати ақлу хирад ва иродаи қавии мардуми сарбаланди мамлакат расидем, оғози марҳалаи нав дар таърихи давлатдории мо гардид.”.
“Мо, ки ворисони мероси ҷовидонаи ниёгони некноми худ мебошем, ҳанӯз беш аз сӣ сол қабл фаъолияти шабонарӯзиро ба хотири қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таъмин намудани сулҳ оғоз кардем”,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ ҳамчунин, аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, “доир ба тадбирҳои андешидаи роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар баҳри наҷоти миллат, аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани сарзамин ва баргардондани ҳамватанон ба Ватан андешаронӣ намуд”.
"Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра пешсаф мешиносад, эътироф мекунад ва ташаббусҳои онро дастгириву амалӣ месозад",-изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Баъди суханронии президент, барномаи консертии устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони вилоят баргузор гардид.
Барномаи консертӣ аз рақсу сурудҳои тараннумгари сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва дӯстию бародарӣ иборат буд. Барои таҳияи барнома 5000 ҳунарпешаи касбӣ ва ҷавонони соҳибистеъдоду ҳаваскор ҷалб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки сафари кории раиси ҷумҳури кишвар аз 25 то 28-уми июн дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ сурат гирифт. Дар ҷараёни ин сафар ӯ як қатор иншооти нав ва роҳу нерӯгоҳҳои барқиро дар ин ноҳияҳо ба кор андохт.
Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 28-уми июн пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба шаҳри Душанбе бозгашт.





Snowfall to return to Tajikistan after brief spring-like warm spell
Narzullo Latipov: Sports in Tajikistan Need a separate system of governance
Amendments to Criminal Code help Barqi Tojik reduce electricity debt
One in three schoolchildren is an A-B student? What grades really say about the quality of education in Tajikistan
China bans cars with hidden door handles over safety concerns
Tajikistan’s Interior Ministry offers cash rewards for information on drug-related crimes
“People were deceived”: head of Architecture Committee on construction companies in Tajikistan
Tajikistan to miss the 2026 Winter Olympics in Italy
Tajik labor ministry’s mission in Russia monitors investigation into killing of Qobiljon Aliyev
Tajik citizens to gain access to employment opportunities in Japan and Benelux countries
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста