Охири моҳи март роҳбарияти Хадамоти алоқа зимни нишасти хабарӣ кам кардани арзиши интернети мобиливу ноқилӣ ва баланд кардани суръати интернетро ваъда карда, аллакай охири моҳи апрел аз арзон шудани арзиши интернет дар кишвар хабар дод.  

Тибқи иттилои Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқа ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ба андозаи ҳадди ақал 20% афзоиш ёфта, арзиши тарофаҳои провайдерони интернети ноқилӣ 55% коҳиш дода шуд. Ҳамчунин, ҳамаи тарофаҳои бо суръати пасттар аз 5Мбит/с бекор карда шуданд.

Барои муайян кардани ҳолати воқеӣ “Азия-Плюс” ба бузургтарин ширкатҳои мобилии кишвар - “Zet-Mobile”, “Тсеll”,  “Babilon-Mobile” ва “Мегафон Тоҷикистон” муроҷиат кард.

 

"Zet-Mobile"

Тибқи иттилои пешниҳодшуда, аз оғози соли 2025 арзиши тарофаҳои “Zet-Mobile” бетағйир монда, вале шарти пешниҳоди хидматҳои интернетӣ беҳтар гардидааст. Ҳамин тавр, трафики асосии интернет дар нақшаи тарофавии “Супер неру” ва тарофаҳои он – “Супер Мини”, “Супер Макс”, “Супер Про” ва “Супер Ултра” аз 20% то 50% афзоиш ёфта, бастаҳои иловагии интернет-трафики шабона дар ҳаҷми аз 100 то 300 ГБ илова гардидааст. 

Бинои Хадамоти алоқа. Акси марбут
Сурат: Asia-Plus

Масалан, тарофаи “Супер Мини”, ки 39 сомонӣ арзиш дорад, акнун ба ҷойи трафики қаблии 10 ГБ моҳе 15 ГБ трафики интернетии асосӣ ва 100 ГБ трафики шабонаро дар бар мегирад. Тарофаи “Супер-Ултра” бошад, 99 сомонӣ арзиш дошта, баъд аз тағйирот ба ҷойи 50 ГБ Интернет 90 ГБ трафики асосӣ ва 300 ГБ Интернети шабонаро пешниҳод мекунад, иттилоъ доданд дар ширкат.

Ба гуфтаи намояндагони “Zet-Mobile”, ин тағйирот дар доираи таҷдиди нақшавии тарофавӣ амалӣ карда шуда, танҳо барои муштариёни нав пешбинӣ шудаанд.

 

“Тсеll”

Аз оғози соли ҷорӣ ҳаҷми трафики интернетии ду тарофаи “Тсеll” - “Салом+ 130” ва “Салом+ 180” низ 20% зиёд шудааст. 

Акнун ширкат ба муштариён дар доираи тарофаи “Салом+ 130” ба ҷойи 40ГБ ва 15ГБ-и қаблӣ, 50 ГБ бастаи интернет барои хабаррасонҳо (мессенҷерҳо) ва 20 ГБ барои шабакаҳои дигар ва дар доираи тарофаи “Салом+ 180”, ба ҷойи 65ГБ ва 25ГБ қаблӣ, 75 ГБ бастаи интернет барои хабаррасонҳо ва 30 ГБ барои шабакаҳои дигар пешниҳод мекунад.

Ҳамчунин, ба иттилои ширкат, арзиши тарофаи “Салом+ 300” аз 300 сомонӣ ба 240 сомонӣ кам карда шуда, ҳаҷми трафики он бетағйир мондааст. 

 

“Babilon-Mobile”

Ширкати “Babilon-Mobile” ҳам дар ин давра ҳаҷми трафики ду тарофа – “Ҷавонӣ 2” ва “Ҷавонӣ 3”-ро як баробар зиёд кардааст. Яъне, ҳаҷми трафики ин тарофаҳо аз 50 ГБ ва 100 ГБ то 100 ГБ ва 200 ГБ, афзоиш ёфтааст. 

Акси марбут
Сурат: Asia-Plus

Ба қавли намояндагони ширкат, афзоиши ҳаҷми трафик ба “паст шудани нархи интернети воридотӣ аз ҷониби таъминкунандагони хориҷӣ” алоқаманд аст.  

 

“Мегафон Тоҷикистон”

Ширкати “Мегафон Тоҷикистон” низ тарофаҳояшро аз ҳисоби зиёд кардани ҳаҷми трафики интернет тағйир додааст. Ҳамин тавр, ҳаҷми тарофаи “Биё! Бисоз Life” бо арзиши то 100 сомонӣ барои муштариёни нав то 20% зиёд шудааст. 

Ба гуфтаи масъулони ширкат, акнун агар арзиши тарофаи муштарӣ 64,43 сомонӣ бошад, ба ӯ ба ҷойи 20 ГБ 24 ГБ интернет дода мешавад. Ҳамчунин, мизоҷони нав давоми ним соли аввал ҳар моҳ 10 ГБ интернети иловагӣ туҳфа мегиранд. 

Ҳаҷми трафики бастаҳои арзишашон беш аз 100 сомонӣ бошад, давоми ним соли аввал дучанд афзоиш ёфтааст. Вале ҳамаи ин иқдомҳо танҳо барои муштариёни нави ширкат пешбинӣ шудаанд. 

 

Интернети хонагӣ чӣ?

Тарофаҳои провайдерони интернети ноқилӣ низ тағйир ёфтаанд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз оғози соли ҷорӣ суръати интернети ширкати “Вавилон-Т” 2-2,5 маротиба афзудааст. Ширкат суръати интернети тарофаҳои “Cyber S”, “Cyber M”, “Cyber L”, “Cyber XL” ва “Cyber XXL”-ро тағйир додааст. 

Ҳамин тавр, суръати пайвастшавӣ дар тарофаи “Cyber S”, ки 120 сомонӣ арзиш дорад, 10 Мбит/с то 12 Мбит/с барои шабакаҳои иҷтимоӣ аз 2 Мбит/с то 5 Мбит/с барои шабакаҳои дигар афзудааст. Суръути тарофаи “Cyber XXL” бо арзиши 560 сомони бошад, аз 20 Мбит/с то 64 Мбит/с барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз 15 Мбит/ с то 32 Мбит/ с барои шабакаҳои дигар зиёд шудааст. Ин тағйирот аз 21 март амал мекунад.

Ба гуфтаи намояндагони “NETS”, ин ширкат арзиши тарофаҳои худро то 40% кам карда, ҳамзамон суръати интернетро афзудааст. Дар доираи навсозӣ, ҳама тарофаҳои суръаташон аз 5 Мбит/с камтар бекор карда шудаанд, иттилоъ доданд дар ширкат. 

Акси марбут.
Сурат: аз сомонаи mo-kutluevo.ru

Масалан, суръати тарофаи “Тамошо +5” то 6 Мбит/с афзуда, арзишаш аз 125 то 100 сомонӣ камтар шудааст. 

Нархи тарофаи “Тамошо +30” бошад, аз 375 то 300 сомонӣ арзон шуда, суръаташ аз 20 Мбит/с то 32 Мбит/с афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, аксари истифодабарандагон то ҳол аз сифати алоқаву суръати интернет шикоят мекунанд.

Хушнуда, муштарии ширкати Tcell, мегӯяд, ки ҳарчанд ҳаҷми тарофааш зиёд шуд, аммо суръати интернет коҳиш ёфтаасту пайвастшавӣ зуд-зуд қатъ мешавад.

“Интернет метавонад ҳангоми онлайн-пардохт ва ё “zoom-call”-ҳои корӣ “гум” шавад, ки ин одамро дар ҳолати ногувор мегузорад” - мегӯяд ӯ. 

Ворис, муштари ширкати “Мегафон Тоҷикистон”, ки зиёд бо Интернет кор мекунаду дар вақти холӣ ба бозиҳои онлайнӣ машғул мешавад, баръакс таъкид мекунад, ки гарчанде суръати Интернет сусттар шудааст, вале пайвастшавӣ дар маҷмуъ устувор аст.

 

Интернети гарон ва суст

Интернет дар Тоҷикистон яке аз гаронтаринҳо дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон маҳсуб мешавад. Дар раддабандии арзиши интернети мобилӣ барои соли 2024, ки “Global Relocate”таҳия кардааст, Тоҷикистон дар байни 238 кишвар ва қаламравҳои вобаста дар ҷойи 142-ум қарор дорад. Мувофиқи иттилои ин раддабандӣ, арзиши миёнаи 1 ГБ интернет дар кишвар 1,65 долларро ташкил медиҳад.

Барои муқоиса, дар ҳамин раддабандӣ: дар Қирғизистон 1 ГБ интернет 0,17 доллар арзиш дорад (ҷои 8-ум дар ҷаҳон), дар Ӯзбекистон — 0,30 доллар (ҷои 22-юм), дар Қазоқистон — 0,41 доллар (ҷои 35-ум).

Баъзе аз масъулини ширкатҳои интернетрасон дар суҳбатҳои хусусӣ таъкид мекунанд, ки арзёбии арзиши интернет ва радабандиҳои ҷаҳонӣ баёнгари вазъи воқеӣ нест, аммо барои тақҷияти ин андеша то ҳол далеле пешниҳод накардаанд, ки ҷомеаро қонеъ кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.