Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора, дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвари ҳамсоя хабар медиҳад.
Омодагӣ ба ин сафар дар ҷараёни мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Жээнбек Кулубаев дар шаҳри Бишкек баррасӣ шудааст. Рӯзи дақиқи сафари раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон ҳанӯз эълом нашудааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати мақомоти кишвари ҳамсоя бо сафари расмӣ дар Қирғизистон қарор дорад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳокима гардидаанд.
Масъалаи анҷоми марзбандии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз мавзуъҳои дигари баррасишуда дар ин вохӯрӣ будааст. Вазирон таъкид кардаанд, ки ҳалли ниҳоии ин масъала қадами муҳиме ба сӯи таъмини субот ва сулҳи пойдор дар минтақа хоҳад буд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷараёни сафари худ ба Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки шаҳри Чолпон-Ота доир шуд, низ ширкат кардааст. Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви СААД масоили мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ кардаанд.





Who Emomali Rahmon criticized — and praised — in 2025
Trump announces plans for US ground operation against Mexican drug cartels
Emomali Rahmon shakes up police officials
Tajik citizen extradited from Azerbaijan to homeland
Tajik somoni strengthens against the dollar and the euro in 2025, weakens slightly to the Russian ruble
How Tajikistan's farmers are adapting to climate change
VIPzone winter issue: key faces, trends, and stories of 2025
186 facilities in Tajikistan suspended in 2025 for sanitary violations
Tajikistan’s debt web: who holds the strings?
Amir Tour named best domestic tourism company in Tajikistan
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста