Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар як гуфтугӯи телефонӣ робитаҳои дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа пас аз ҳуҷуми Исроил ва Амрико ба хоки Ҷумҳурии Исломиро баррасӣ кардаанд.

Тибқи иттилои Сафорати Эрон дар Душанбе, ин суҳбат рӯзи гузашта сурат гирифта, дар он Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар ҳамлаи низомии Исроил ва Амрико ба Эронро ғайриқонунӣ дониста ва маҳкум кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идома аз номи худ ва аз номи мардуми Тоҷикистон ба мардум ва давлати Эрон ҳамдардӣ баён карда, гуфтааст, ки Тоҷикистон “бовар дорад мардуми бузург ва хирадманди Эрон ин давраро низ бо иқтидор пушти сар хоҳад гузошт”.

Аббос Ароқчӣ аз мавқеи давлати Тоҷикистон дар маҳкум кардани ҳамлаҳои беасоси Исроил ва Амрико ба Эрон изҳори қадрдонӣ кардааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон мавқеи кишварҳои минтақа ва исломиро дар маҳкум кардани ин ҳамлаҳо “нишонаи дарки муштараки бахши бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатари ҷиноятҳои Исроил” дониста, масъулияти ниҳодҳои марбути байналмилалиро барои муҷозот ва посухгӯ кардани Исроил “дар қиболи нақзи ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ” ёдовар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин тамоси телефонии вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Эрон пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон аст.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри ду изҳороти алоҳида ҳам ҳуҷуми Исроил ва ҳам бомбафкании Амрико ба Эронро маҳкум карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.