Дирӯз, 1-уми июл, як мошини оташнишонӣ дар ҳудуди шаҳри Норак ба садама дучор шуда, бар асари он як шаҳрванд ҷон бохтааст. Дар ин бора Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, садама тақрибан соати 12:00 дар ҳудуди деҳаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак рух додааст.
“Автомашинаи оташнишонии тамғаи DFAC ба Хадамоти давлатии отошнишонӣ дар шаҳри Норак тааллуқ дошт. Ронандаи он Хуршед Раҷабзодаи 33-сола, сокини шаҳри Норак, зимни ҳаракат аз сӯйи Данғара ба ҷониби Норак аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, дар нишебии канори роҳ ба садама дучор шудааст”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Сухангӯи КҲФ гуфт, бар асари садама худи ронанда ҷароҳати вазнин бардошта, ба бемористон интиқол дода шудааст. Аммо шаҳрванд Мақсадхон Бӯриеви 41-сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ки дар дохили мошини оташнишонӣ будааст, ҷон бохтааст.
Маълум нест, ки шаҳрванд Мақсадхон Бӯриев дар дохили он чӣ кор мекард.
Бояд гуфт, ки дирӯз навори мошини оташнишонӣ, ки ба садама дучор шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид.
Ин ҳодиса аз камтарин сонеҳаҳои маргбор аст, ки бо мошини оташнишонӣ ба вуҷуд меояд. Одатан, мошинҳои оташнишонӣ бо садои бонги хатар имкон доранд, ки ҳаракати ҳама гуна нақлиётро бурида, ба макони ҳодиса расанд. Ин садои бонг бартариест, ки мошинҳои оташнишонӣ камтар ба садама дучор шаванд.





Tajik citizens invited to work in South Korea under the EPS TOPIK system
New electricity rates in Tajikistan: what consumers will pay from February 1,2026
Tajikistan cuts fruit exports to Kazakhstan in 2025
Cost of Hajj for Tajik citizens drops by nearly 4,000 somonis in 2026
President Rahmon makes personnel changes in Tajikistan’s judiciary system and foreign ministry
Growing glacier discovered in the Pamirs, defying global warming trends
How food prices in Tajikistan changed over the past year
Attempt to smuggle medicines worth over 1 billion soums from Uzbekistan to Tajikistan Foiled
IOM warns Tajik citizens of job scams linked to employment in the UK
Tajik family dies from domestic gas poisoning in Samara
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста