Бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон дар Дарвоз охири ҳар ҳафта ба майдони мубодилаи тиҷорӣ ва робитаҳои иҷтимоии сокинони ду соҳили дарёи Ому табдил меёбад.

Бозор дар деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст. Ҳукумати Тоҷикистон охири ҳар ҳафта ба гурӯҳе аз сокинони Афғонистон иҷоза медиҳад, ки вориди Тоҷикистон шуда, тиҷорат кунанд.

Ба ин бозор натанҳо мардуми Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳатто сокинони шаҳру навоҳии гуногуни ду кишвар барои хариду фурӯш меоянд. Ин ҷо маҳсулоти ниёзи аввалия, сабзавоту меваҷот, ҳар навъ либос, кӯрпаву болишт ва лавозимоти дигари рӯзгор фурӯхта мешавад.

Шамшод Насимов, як харидори тоҷик, аз муносибати хуби афғонистониҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид кард, ки ин бозор ҳам барои тоҷикони ду сӯи рӯди Ому муфид аст ва беҳтар мебуд, ки масоҳати он васеътар гардад.

Шамсиддин валади Назархоҷа, харидори афғонистонӣ, нархҳоро “на арзон ва на қимат” арзёбӣ карда, гуфт: “бозори ҳамсоя ҳамсоя аст, мо бародари ҳамдигар ҳастем, аз он ки эҳтиёҷоти рӯзгори ҳамдигарро тавассути бозори Рузвай бароварда мекунем, хушҳол ҳастем".

Барои бисёре аз сокинони Афғонистон, ин бозор манбаи асосии рӯзгор аст. Муҳаммадумар валади Ҷумъа, тоҷики афғонистонӣ, ин нуктаро тасдиқ карда, мегӯяд, “даромади рӯзгоди мо куллаш аз ҳамин бозор аст”.

Сарфи назар аз ин, тоҷирону харидорон мехоҳанд, ки бархе маҳдудиятҳо бардошта шавад, то тиҷорати ду ҷониб афзоиш ёбад.

Бояд гуфт, ки ин бозор солҳо фаъолият дошт, аммо соли 2019 бо сабаби пандемияи КОВИД-19 баста шуд. Пас аз муддате гурӯҳи Толибон* ҳокимияти Афғонистонро ба даст гирифтанд. Бо далоили амниятӣ, пас аз рафъи пандемия ҳам, бозори наздимарзӣ баста боқӣ монд. Моҳи сентябри соли 2023 бо ташаббуси Тоҷикистон бозори мазкур ба фаъолият оғоз кард. Ҳоло вуруду хуруҷи бозор зери назари ҷиддии мақомоти амният ва гумруки Тоҷикистон қарор дорад ва ҳамаи маҳсулоте, ки аз марз мегузарад, санҷида мешавад.

Бо вуҷуди ин, барои афғонистониҳо бозори Рузвай аз камтарин имкониятҳо барои ёфтани даромад аст. Афғонистон 4 сол боз зери идораи "Толибон" қарор дорад – гурӯҳе, ки Тоҷикистон онро террористӣ медонад ва то ҳол ҳукуматашро ба расмият намешиносад. Баъд аз бозгашти "Толибон" ба қудрат, ҳукумати Тоҷикистон расман иртиботи наздик бо онҳо надоштааст, вале тиҷорат байни ду тараф ҳамчунон идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дастикам 4 бозори наздимарзӣ фаъолият мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.