ЧОРАБИНИҲОИ 6 ИЮЛ

- Имрӯз Қамариддин Ҳасанов, размикори тоҷик дар Тошканд бо Дамир Раҳимҷонов аз Қазоқистон рақобат мекунад. Ин рақобат дар доираи мусобиқаи Octagon 75 баргузор мешавад. Ин аввалин бозии Ҳасанов баъди ҷароҳат бардоштанаш дар соли 2023 аст.

- Дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон ҷараён дорад. Ин даври имтиҳонҳо то 9-уми июл идома мекунад. Дар 21 шаҳру навоҳии кишвар 47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ ва 2 нуқтаи эҳтиётӣ ташкил шудааст. Бо суроғаи марказҳои имтиҳонсупорӣ дар тамоми кишвар дар ин маводи мо шинос шавед.

- Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) байни духтарони то 16-сола идома дорад. Мусобиқа, ки дар “Кохи Олимп” доир мегардад, то 7-уми июл идома мекунад. Дар он дастаҳои духтарона аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат доранд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 6 ИЮЛ

Соли 1992 – Созишномаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Дар бораи  воситаҳои огоҳкунанда оид ба ҳамлаи ракетавӣ ва идораи фазои кайҳонӣ” ба имзо расид.

Соли 2004 – Дар маҳаллаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз пули дуюм аз болои дарёи Панҷ ифтитоҳ ёфт.

Соли 2004 – Дар шаҳри Хоруғ барои бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ санги асос гузошта шуд.

Соли 2012 – Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” нахустин парвози худро дар масири Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе анҷом дод.

Соли 2024 – Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон интихоб шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1967 – Зодрӯзи Маъруф Пӯлодзода, ҳунарпешаи синамои тоҷик.

Маъруф Пӯлодзода гарчанде хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории Душанбе аст, имрӯз ҳамчун ҳунарпешаи синамо шинохта шудааст. Ӯ аз соли 2002 инҷониб дар филмҳо нақш меофарад. Пӯлодзода дар филмҳои бадеии “Фариштаи китфи рост”, “Биҳишт фақат барои мурдагон”, “Ошиқонаи ҳамсарам” нақш бозидааст. Инчунин ӯ барои ба саҳна гузоштани филми “Биҳишт фақат барои мурдагон” саҳм гузоштааст.

Соли 1971 – Мавлуди Искандар Усмонов, коргардони синамои тоҷик.

 

Искандар Усмонов

Искандар Усмонов яке аз чеҳраҳои намоёни синамои муосири тоҷик буда, ба олами синамо солҳои 1990 по ниҳодааст. Ӯ баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиои дохилию хориҷӣ ҳамчун коргардон ва муҳаррир фаъолиятро оғоз мекунад.

Нақши Искандар Усмонов дар офаридани филмҳои мустанад ва бадеӣ назаррас аст. Ӯ ҳамчун коргардон даҳҳо филм рӯйи саҳна оварда, дар як қатор ҷашнвораҳои байналмилалӣ ҷоизаҳо ба даст овардааст. Филмҳои “Ҳаром ва ҳалол”, “Қарзи виҷдон”, “Телеграмма”, “Дар марз”, “Гаҳвора”, ки масоили иҷтимоиро матраҳ намуда, паёми башардӯстона доранд, аз филмҳои маъруфи ӯ маҳсуб мешаванд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии бӯса таҷлил мешавад. Ин рӯз аввалин маротиба дар Британияи Кабир ҷашн гирифта шуда, ба яке аз идҳои ҷолиби ғайрирасмии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Таърихи дақиқи аввалин бӯсаи инсон маълум нест. Назарияҳои зиёде дар бораи сабаб ва моҳияти бӯса вуҷуд доранд.

 


Дар илми муосир ҳатто як фанни махсус бо номи филематология ба омӯзиши бӯса машғул аст. Ин фан ҷанбаҳои физиологӣ, равонӣ ва иҷтимоии бӯсаро таҳқиқ мекунад. Соли 2009 филематология расман аз тарафи Ассотсиатсияи амрикоии пешрафти илм шинохта шуд.

Муайян шудааст, ки бӯса ба асаб ва рӯҳия таъсири мусбат дорад: асабониятро коҳиш медиҳад, вазнро кам мекунад ва ҳатто ба камшавии чинҳои рӯй мусоидат мекунад.

6-уми июли соли 1785 доллар пули расмии Амрико гардид. Дар ин рӯз Конгресси Амрико қарор қабул кард, ки воҳиди миллии пулӣ “доллар” номида шавад. Ин пешниҳоди Томас Ҷефферсон буда, соли 1792 зархонаи Филаделфия таъсис дода шуд, ки нахустин долларҳоро баровард.

 


Намуди зоҳирии доллар борҳо тағйир ёфтааст. Шакли муосири он соли 1928, бо тарҳи ҳунарманди муҳоҷири рус, Сергей Макроновский қабул гардид.

6-уми июли соли 1885 нахустин эмкунӣ алайҳи бемории ҷунунӣ гузаронида шудааст. Дар ин рӯз Луи Пастер, микробиолог ва кимиёдони фаронсавӣ, барои аввалин бор ваксинаи зидди ин бемориро ба Йозеф Майстер, писарбачаи 9-сола, ки саги девона газида буд, ворид кард.

 


Кӯдак зинда монд ва ба аввалин инсони шифоёфта аз бемории ҷунунӣ табдил ёфт.

6-уми июли соли 2016 Ширкати Nintendo бозии Pokemon Go-ро ба бозор баровард. Ин бозӣ зуд шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард ва танҳо пас аз панҷ рӯз арзиши саҳмияҳои ширкат дар биржаи Токио 63,7% афзоиш ёфт. Дар як ҳафта, бозӣ дар ИМА зиёда аз 7,5 миллион маротиба насб шуд ва дар як рӯз бештар аз 1,6 миллион доллар даромад овард.

Ин бозӣ аз ҷониби Niantic Labs, ширкати амрикоие, ки пештар ба Google тааллуқ дошт, таҳия гардида, бо иҷозатномаи The Pokemon Company, зерсохтори Nintendo бароварда шуд.

 


ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 6 ИЮЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона аз 37+42º то 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм, рӯзона 39+44º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 45+47º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 24+26º гарм, рӯзона 31+36º гарм (дар н. Дарвоз то 40+42º гарм), дар шарқи вилоят шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 17+19º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 40+42º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои  камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои  камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 25+27º гарм, рӯзона 42+44º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.