Дар ҷараёни сафари Содир Жапаров ба Душанбе байни ду кишвар 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида, гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон – Қарамиқ” дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро боз карда шудааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ҷонибҳо аз ниҳоӣ шудани делимитатсияи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат карда, ҳамоҳангии ҷонибҳоро барои анҷом додани демаркатсия (кашидани хат) таъкид намудаанд.

Ҳамчунин, густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ кардаанд.

“Ҷонибҳо густариши робитаҳоро миёни манотиқи наздимарзӣ зарур шуморида, тавсеаи ҳамкориро дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ, содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ таъкид намудаанд”, - навиштааст манбаъ.

Роҳбарони ду кишвар инчунин, ба ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, тавсеаи шоҳроҳҳои транзитию нақлиётӣ ва зиёд кардани шумораи парвозҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд.

1/7

 

Имзои 13 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Баъди мулоқот, байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки муҳимтарин он “Созишнома миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тадбирҳои боварӣ” мебошад, ки то чанд сол пеш набуд.

Байни ду кишвар, ҳамчунин чунин санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Девони вазирони Қирғизистон оид ба таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон;

- Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Девони Вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва мушоҳидаи фосилавии Замин;

- Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Девони Вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ва аккредитатсия;

- Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ миёни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Қирғизистон;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон барои солҳои 2026-2027;

1/5

- Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат барои давраи солҳои 2025-2026;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии Қирғизистон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии радиошунавонии Қирғизистон;

- Ёддошти тафоҳум миёни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии зироаткории Қирғизистон;

- Созишнома оид ба таъсиси Шурои корӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Қирғизистон.

 

Бозкушоии гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон – Қарамиқ”

Дар идома, ба таври маҷозӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон – Қарамиқ”-ро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бозкушоӣ кардаанд.

Ин гузаргоҳ дар марзи ноҳияи Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон воқеъ буда, дар маросими маҷозии бозкушоии он намояндагони мақомот ва сокинони ин навоҳӣ иштирок кардаанд.

1/3

Пас аз анҷоми музокирот ва маросими имзои санадҳо, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров  дар назди рӯзноманигорон суҳбат карданд.

Дар изҳороти матбуотии ҷонибҳо аз ҷумла, зирк мешавад, ки “мо талошҳои тарафайнро барои ҳарчи зудтар анҷом додани демаркатсияи сарҳад ва пурзӯр намудани тадбирҳои эътимод дар минтақаҳои наздисарҳадӣ зикр намудем”.

“Мо аҳамияти рушди робитаҳоро дар сатҳи минтақаҳо, бахусус дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ зикр кардем”, - зикр мешавад дар изҳороти матбуотӣ.

Бояд гуфт, сафари давлатии раисҷумҳури Қирғизистон дар кишвари мо рӯзҳо 8 ва 9-уми июл идома ёфта, дар доираи он баргузории чорабиниҳои иқтисодиву фарҳангӣ дар назар аст.

Зимнан, баъди ҳалли баҳсҳои марзӣ дар минтақа, ки дар солҳои гуногун боиси муноқишаҳо ва изтиробу ташвиши сокинон гардида буд, муносибатҳои ду кишвар аз нав гарм шуданд.

Баъди қариб чаҳор соли баста будани сарҳад, моҳи марти соли 2025 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон созишнома оид ба сарҳад имзо шуд.

Рӯзи 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид, ки ҳунармандону аҳли фарҳангу зиёи Қирғизистон низ дар он иштирок намуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.