Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути се кӯчаи асосии шаҳри Душанбе- - кӯчаҳои А. Дониш, С. Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ (аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то кӯчаи Карамов) ҳудуди се моҳ – то 30-юми сентябр, марҳила ба марҳила қатъ мегардад.

Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, дар ин бора қарори раиси шаҳр аз 7-уми июли соли 2025 қабул шудааст.

Манбаъ гуфт, сабаби маҳдудияти мазкур таъмири сартосарии ин роҳҳо мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи баста будани роҳҳо ҳаракат тавассути кӯчаҳои ҳамсоя ҷорӣ мегардад ва дар нақшаи ҳаракати нақлиёт тағйироти муваққатӣ ворид мегардад.

Шаҳрдорӣ таъкид мекунад, ки барои танзими ҳаракати нақлиёт лавҳаҳои иттилоотӣ ва аломатҳои роҳ насб гардида, гузариши бемамониати нақлиёти ёрии таъҷилӣ, пулис ва сӯхторхомӯшкунӣ таъмин мегардад.

Масире ки баста мешавад.
Раёсати ВКД дар шаҳи Душанбе

Бояд гуфт, дар ҳудуди пойтахт маҳдудияти муваққатии ҳаракати нақлиёт аксаран мушкили тамбашавиро ба бор меорад.

Мақомот барои барҳам додани ин мушкил борҳо санҷишу рейд гузаронидааст. Инчунин баъзе гузаргоҳҳои рӯйизаминӣ низ баста шуданд, аммо сокинон пайваста шиква доранд, ки ин амалиёт мушкили тамбашавиро ҳал накарда, баръакс барои сокинон боз мушкили дигар пеш овардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.