Дар Тоҷикистон аз 21-уми июл то 8-уми августи соли равон нишастҳои хабарии нимсолаи ниҳодҳои давлатӣ баргузор мегардад. Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон имзо шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” иттилоъ медиҳад.
Дар нишастҳои хабарӣ, ки ҳар рӯзи корӣ баргузор мешавад, қарор аст, роҳбарони ниҳодҳои Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти нимсолаашон ба хабарнигорон гузориш ва ба саволҳои онҳо посух диҳанд.
Инчунин, хонандагони "Азия-Плюс" низ имкон доранд, тавассути хабарнигорони мо саволҳои худро ба мансабдорон пешниҳод кунанд. Мо ҳамарӯза дар саҳифаҳои "Фейсбук" ва "Телеграм"-и худ дар бораи он ки рӯзи дигар дар кадом вазорату идораҳо нишаст баргузор мешаванд, иттилоъ нашр мекунем.
Хонандагон имкон доранд дар шарҳи он саволу пешниҳоди худро нависанд ва хабарнигорони "Азия-Плюс" кӯшиш мекунанд, ба саволҳои заруру муносиб аз ниҳодҳои дахлдор посух гиранд ва дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоии мо нашр кунанд.
Бояд гуфт, нишастҳои матбуотии мақомоти давлатӣ бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2005 баргузор мегарданд. Дар аввал масъулони вазорату идораҳо ҳар се моҳ ба рӯзноманигорон гузориш медоданд, аммо пас аз соли 2011 нишастҳои хабарӣ дар ним сол як бор сурат мегиранд.
Гуфта мешуд, ки он "бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ гузаронида мешавад".
Дар ҳамин ҳол, сол аз сол дастрасии иттилоъ аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон мушкил мешавад. Масъулуни ниҳодҳо бо баҳонаи равон кардани мактуби расмӣ аз додани ҳар гуна иттилоъ худдорӣ мекунанд, ки ин хилофи қонун аст.
Ин аст, ки нишастҳои хабарӣ дар солҳои охир ягона имкони асосии мулоқоти рӯ ба рӯйи рӯзноманигорон бо нафарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ва гирифтани иттилоъ аз онҳо гаштааст. Аммо бештари вақт хабарнигорони тоҷик аз шеваи баргузории нишастҳо ва посухи масъулини ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон қаноатманд немешаванд.





Tajikistan and Iran to waive visas for international truck drivers from March 2026
U.S. urges its nationals to leave Iran immediately
Iran enters Tajikistan’s top five trading Partners in 2025
Uzbek president orders review of the country’s defense doctrine amid changing nature of warfare
Agreement on reducing the use of hydrofluorocarbons signed in Dushanbe
More than 160 fortune-tellers and healers detained and fined in Dushanbe last year
Tajikistan ratifies agreement with Kyrgyzstan on mutual stay of citizens
Iranian Embassy flag in Dushanbe lowered in mourning
Kidnapping of former Dushanbe prosecutor’s son solved after 25 years
Will Tajikistan take part in the 2026 Winter Olympics in Italy?
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста