Партовҳои пластикӣ яке аз мушкилоти ҷиддии экологии замони муосир маҳсуб меёбанд. Дар Тоҷикистон аксари чунин партовҳо мисли пешин дар партовгоҳҳо қарор мегиранд, дар ҳоле ки дар бисёр кишварҳо пластики коркардшуда ба захираҳои арзишманд барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, мебели тарроҳӣ ва бисёр маҳсулоти дигари муфид табдил меёбад.

Дар Тоҷикистон барои истифодаи пластик ҳоло маҳдудиятҳо нестанд, вале мушкилот дар самти рафъи он ҳарчи бештар шиддат мегирад.

Бино ба маълумоти расмии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ, ҳамасола дар кишвар зиёда аз 9 млн тонна партовҳои сахти маишӣ ба вуҷуд меояд, ки аз ин миқдор тақрибан 322 ҳазор тоннааш пластикӣ мебошанд.

Ҳар кадоме аз сокини шаҳрҳои бузурги кишвар ҳар рӯз беш аз як кило партов мепартояд, ки тақрибан 100 грамми он пластик мебошад. Ба ин тартиб, танҳо дар даҳ шаҳри бузурги кишвар ҳар сол зиёда аз 150 ҳазор тонна партови пластикӣ ба вуҷуд меояд.

Аксари ин маводи вайроншуда ба партовгоҳҳо меравад ё ҳангоми интиқол ба онҳо талаф меёбад ва танҳо тақрибан 2,6% партовҳои пластикӣ коркард мешаванд. Беш аз 80% пластик ё аз байн бурда мешавад, ё бесамар интиқол дода мешавад, ки ба экология ва солимии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Партовгоҳи гирду атрофи Душанбе
Сурат: Asia-Plus

Бо вуҷуди ин, паҳлӯҳои мусбат низ вуҷуд доранд: солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз пластики коркардшуда дар кишвар ба таври назаррас афзудааст. Истеҳсоли профили пластикӣ 250%, қубурҳои пластикӣ - 132%, ва маҳсулот аз пластик дар маҷмӯъ - беш аз 140% зиёд шудааст.

Панҷ намунаи истифодаи ғайриодии пластик дар Осиёи Марказӣ

Пластик на танҳо як хатар ба экология, балки захираи муҳим бо имконияти баланди истифодаи такрорист.

Дар Осиёи Миёна аз партовҳои пластики коркардшуда маҳсулоти аҷиб ва баъзан ҳайратовар месозанд, ки тасаввуротро дар бораи он, ки чӣ гуна ин мавод метавонад аз пластики коркардшуда бошад, тағйир медиҳанд.

1. Сангфарш ва масолеҳи сохтмон аз пластика

Дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон аз пластики дуюмдараҷа (коркардшуда) тахтасангу сафолпораҳо (плитаҳо), ҳошияҳои канори роҳ (бордюр) ва қубурҳо истеҳсол мекунанд, ки дар коршоямии дарозмуддат ва тобоварӣ  ба обуҳаво аз бисёре аз маводҳои анъанавӣ беҳтаранд.

Чунин маҳсулот барои обод кардани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр хеле муносиб буда, сарбориро ба захираҳои табиӣ коҳиш медиҳад.

2. Ҷорӯбҳо аз шишаи пластикӣ

Дар Ӯзбекистон устоҳои маҳаллӣ роҳи ба шишаҳои пластикӣ бахшидани ҳаёти дуюмро дарёфта, аз онҳо ҷорӯбҳои барои ҳар як хонавода маъмул месозанд. Ин на танҳо мубориза бо партов, балки рушди тиҷорати хурд низ буда, ҷойҳои корӣ ва тозагӣ дар атрофро фароҳам меорад.

3. Матоъ аз пластики коркардшуда

Дар Самарқанд партовҳои пластикӣ ба нахҳои синтетикӣ коркард мешаванд, ки барои истеҳсоли гилем, матоъ барои мебел ва рӯйпӯшҳои фарш истифода мешаванд.

Либос аз шишаҳои коркардшудаи пластик
Сурат: H&M

Маҳсулоти тайёр ба кишварҳои ҳамсоя содирот шуда, бозори онро густариш медиҳад ва ба рушди саноатӣ ҳавасманд месозад.

4. Қисмҳои эҳтиётӣ барои автомашина ва электроника

Баъзе истеҳсолкунандагон дар минтақа ба истеҳсолоти технологияҳои муосири таркибҳои пластикӣ барои мошин ва электроника  пайваст мешаванд.

Дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон корхонаҳое фаъолият доранд, ки қисмҳои тана (корпус), таркибҳои дохили автомашина ва инчунин тана ва қисмҳои хурди электроникаи маишӣ ва дастгоҳҳои электронӣ истеҳсол мекунанд.

Чунин қисмҳо сабуку мустаҳкам ва дақиқ буда, на танҳо маҳсулотро арзонтар, балки як сатҳи нави сифати онро ба вуҷуд меоранд.

5. Обод кардани фазоҳои шаҳр

Дар Қазоқистон пластики коркардшуда муваффақона ба форматҳои хурди меъморӣ барои ободонии фазоҳои шаҳр табдил ёфтааст: аз он хараку курсӣ, зарфҳои партов, гулдонҳои ороишӣ, унсурҳои майдонҳои бозӣ ва таҷҳизоти варзишӣ месозанд.

Харак ва қуттии партов аз пластики коркардшуда дар Қазоқистон
Акс аз торнамои ecomaf.kz

Ин маҳсулот бо мустаҳкамии баланд ва тобоварӣ ба шароити обуҳаво фарқ мекунанд, ки онро барои бунёди минтақаҳои замонавӣ ва бароҳати фароғатӣ серталаб месозад.

Топ-5 самтҳои коркарди пластик барои Тоҷикистон

Барои ҳалли мушкилоти партовҳои пластикӣ ва ҳамзамон кумак ба тиҷорат, метавон аз лоиҳаҳои муваффақ ва арзон дар ҷаҳон истифода бурд:

1. Коркарди механикӣ бо навъбандӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нав

Роҳи ҳалли аз ҳама дастрас ва пурсамар ҷамъоварӣ, шустан ва коркарди пластик бо минбаъд истеҳсоли маҳсулоти муфид аз он аст. Аз онҳо метавон барои пайроҳаҳо тахтасангу сафолпораҳо (плитаҳо), қубур ё панелҳо барои сохтмон таҳия кард.

Барои чунин лоиҳа сармоягузории бузург лозим набуда, он барои корхонаҳои хурд ё миёна, ки метавонанд бозори маҳаллиро бо маводи хушсифати коркардшуда таъмин созанд, мувофиқ аст.

Сафолак барои рӯйпӯши роҳҳо
Акс аз торнамои kamic.ru

2. Брикети сӯзишворӣ аз пластик ва партовҳо

Роҳи дигар барои истифодаи партовҳо фишурдани пластик бо дигар партовҳои хонагӣ дар шакли брикет (шакли тахта ё хишт) аст, ки онро метавон дар корхонаҳо ё марказҳои гармидиҳӣ истифода бурд (барои сӯзонидан).

Ин барои кам кардани партов ва ба даст овардани сӯзишвории иловагӣ ёрӣ мерасонад. Технология душвор набуда, онро метавон дар корхонаи хурд низ оғоз кард.

3. Маводу ашёи рӯзгор аз шишаҳои коркардшуда

Ба ҷуз ҷорӯб, аз пластика метавон сатил, чӯтка, сабад ва дигар зарфҳои хурди рӯзгор сохт. Ин тиҷорат сармоягузориҳои зиёд талаб накарда, ҷойҳои корӣ фароҳам меорад ва ба тозакунии кӯчаҳо аз пластика кумак мекунад.

4. Табдили пластик ба сӯзишворӣ – пиролиз

Ҳарчанд ин технология каме мураккабтар бошад ҳам, аммо дастгоҳҳое вуҷуд доранд, ки пластикро ба сӯзишвории моеъ табдил медиҳанд. Барои кишваре, ки ба сӯзишворӣ дастрасии маҳдуд дорад, ин метавонад як идеяи ҷолиб бошад. Ҳамзамон, мушкилоти марбт ба партов ҳал шуда, манбаи иловагии энергия пайдо мешавад.

5. Лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар самти ҷамъоварӣ ва навъбандии пластик бо ҳавасмандсозии аҳолӣ

Дар ҷаҳон лоиҳаҳои ба Plastic Bank монанд амал мекунанд, ки ба одамон барои ҷамъоварӣ ва супоридани пластика пул медиҳанд. Ин ба ҷалби аҳолӣ ба коркард ҳатто дар он ҷойҳое, ки зерсохтори рушдёфта андорад, ёрӣ мерасонад.

Дар Тоҷикистон чунин система метавонист барои рушди коркард ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ асос шуда, дар навбати худ, ба поккории шаҳру деҳот аз партов мусоидат намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.