ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 19 ИЮЛ
Соли 2006 – Дар шаҳри Душанбе Маркази технологияи иттилоотӣ ифтитоҳ ёфт.
Соли 2011 – Мақомоти Қирғизистон фаъолияти казинои “Шангри Ла”-ро, ки дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон воқеъ аст, муваққатан боздоштанд.
Соли 2012 – Вакилони парлумон пешниҳоди кам кардани ҳаҷми кӯмакпулиҳо ба вакилони парлумон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дастгирӣ карданд.
Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав – Қазоқистон, Ҳиндустон,Ҷопон, Шоҳигарии Таиланд, Полша, Босния ва Гертсеговина, Чилӣ ва Австралия эътимоднома қабул намуд.
Соли 2017 – Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи додгоҳӣ оид ба парвандаи гурӯҳи собиқ кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод оғоз ёфт. Ин мурофиа “пушти дарҳои баста” ҷараён гирифт.
Дар натиҷа Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши пешини Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, аз сӯи Додгоҳи олӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Фирдавс Абдуғаффорзода 13 сол ва Амиршо Султонзода 10 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Қосим Давлатов, Афзалов ва Сафаралӣ Ҳомидзодаро барои 6 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Ин афрод асосан ба қаллобӣ, ришвагирӣ ва ҷиноятҳои дигар айбдор шуданд.
Соли 2023 – Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Додситони олӣ муроҷиатнома ирсол карданд, ки дар он аз вазъи дастрасӣ ба иттилоот ва муносибати мақомоти давлатӣ ба журналистон изҳори нигаронӣ шудааст. Бо гузашти ду сол вазъ то ҳол тағйир наёфтааст.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1921 – Мавлуди Исмоил Ҳамзаалиев, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.
Соли 1938 – Зодрӯзи Нисо Мансурхоҷаева, олимаи соҳаи тиб.
Соли 1946 – Мавлуди Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.
Соли 1955 – Мавлуди Азизмоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон.
Соли 1963 – Зодрӯзи Мирзоҳусайни Бадалипур, шоири тоҷик.
Соли 2012 – Мансур Бобохонов, донишманди маъруфи илми таърих дар 81-солагӣ бар асари маризӣ даргузашт.

Мансур Бобохонов соли 1931 таваллуд шуда, соли 1953 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ӯ солҳои тӯлонӣ, аз соли 1965 то соли 1982 декани факултаи таърих ва филологияи ин донишгоҳ будааст. Баъдан муддати як сол профессори кафедраи таърихи Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия будааст. То соли 2001 дар ҳамин донишгоҳ раҳбарии факултаи таъриху ҳуқуқ ва равобити байналмилалиро ба ӯҳда дошт.
Мавсуф аз соли 1954 наздики 400 китобу матолиби илмиро дар масоили таърихӣ нашр кардааст.
Ҳамчунин, ӯ яке аз пажӯҳгароне аст, ки таърихи тоҷикони ҷаҳонро таҳқиқ намуда, дар ин ришта китобҳои зиёде таълиф намудааст, аз ҷумла “Таърихи тоҷикони ҷаҳон” солҳои гуногун дар таҳрирҳои нав нашр шудааст. Бобохонов инчунин барои мактабҳои миёна ва донишкадаҳои олӣ китобҳои дарсӣ таълиф кардааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
19-уми июли соли 1900 дар арафаи баргузории Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Париж, яке аз метроҳои маъруфу қадимтарини ҷаҳон – метрополитени Париж ба истифода дода шуд. Онро “Chemin de fer métropolitain de Paris” ё кӯтоҳ “Métro” меноманд.

Гарчанде метрои Лондон, ки соли 1863 боз шудааст, қадимтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад, метрополитени Париж аз нигоҳи зичии шабака ва шумораи истгоҳҳо яке аз пешқадамтарин системаҳои нақлиёти зеризаминӣ дар ҷаҳон аст.
19-уми июл ҳамчун рӯзи “пирожни” бо мураббои малина таҷлил мешавад, ки як ҷашни ғайрирасмии гастрономӣ буда, аз соли 2015 ба ин сӯ таҷлил мешавад. Гарчанде ин ҷашн таърихи тӯлонӣ надорад, вале дар муддати кӯтоҳ миёни дӯстдорони шириниҳо маҳбубият пайдо кардааст.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 19 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 27+32º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, рӯзона 39+44º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 32+37º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, танҳо дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 24+26º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 38+40º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 39+41º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 39+41º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 32+34º гарм.




6 top innovative startups in Tajikistan in 2025
Tajikistan’s CBRN Safety Agency and Border Troops agree to improve methods for detecting CBRN threats
A 19-yer-old man arrested on suspicion of corrupting a 14-year-old girl
Tajikistan’s fruit production surpasses expectations
The growing threat of teen aggression: how to prevent it?
Terrorists who attacked Tajik border guards were members of Jamaat Ansarullah, reports Afghan media
China’s investment expansion in Central Asia: what it means for the region
Tajik national arrested in Russia after comments on killing of 10-year-old Qobiljon Aliyev
Pope Leo XIV calls for peace in Middle East, Ukraine in first Christmas message as pontiff
Tajikistan among top three tourist sources for Uzbekistan
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста