Мавсими сайёҳии касбӣ – фурсати фатҳи қуллаҳои осмонбӯси Тоҷикистон фаро расид. Аввал кӯҳнавардон ба лагери ибтидоии Tajik Peaks, воқеъ дар майдони “Москвин” интиқол мешаванд. Инҷо ҷисми худро ба иқлими хос мутобиқ месозанд. Ва баъд ба фатҳи қуллаҳо шурӯъ мекунанд.
Дар лагери Tajik Peaks фазои хос ҳукмфармост. Фишори атмосферӣ дар ин баландӣ паст аст, аз ин рӯ ҳаво сабук буда, одам зуд-зуд нафас мекашад. Ҳаво бошад, рӯзона ҳамагӣ 10-14 дараҷа гарм буда, шабона аз сифр поён мефарояд. Гирду атроф бо барфҳои чандинсола пӯшида шудааст. Ва ҳамаи ин сайёҳонро мафтун мекунад.
Тазодди аҷиб – дар пасманзари ин фазои тунд бошишгоҳи муосире ҷой гирифтааст. Он бо ҳама шароитҳои лозимӣ муҳайё аст - рахтҳои хоби бароҳат, ошхона, ҳаммом, оби ошомиданӣ ва ҳатто барқу интернет. Бошишгоҳ ё лагерро чанд сол пеш ширкати Tajik Peaks бунёд намудааст.
Аз ин макон қуллаҳои “Душанбе”, “Озодӣ”, Ибни Сино ва ҳамчунин, қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ кардан мумкин аст. Баландии Исмоили Сомонӣ 7495 метр буда, баландтарин қулла дар минтақаи пасошуравӣ аст.
Кӯҳнавардон аз тамоми дунё моҳҳо интизор мешаванд, то қуллаҳои баландтаринро фатҳ кунанд. Мавсим хеле кӯтоҳ аст: ҳамагӣ ду моҳ – июл ва август. Мо аввалин сайёҳонро гусел кардем. Дар пеш бошад чандин гурӯҳҳои дигар интизори сафаранд.





Tajikistan ratifies agreement with Kyrgyzstan on mutual stay of citizens
Iranian Embassy flag in Dushanbe lowered in mourning
Kidnapping of former Dushanbe prosecutor’s son solved after 25 years
Will Tajikistan take part in the 2026 Winter Olympics in Italy?
Iran protests seen as most serious challenge to Islamic Republic in years
A bill on annexation Greenland reportedly introduced in the US Congress
Radio frequency fees in Tajikistan increase hundreds of times
Heat purchase rates in Dushanbe to rise by 17%: will heating costs increase for households?
Radio Ozodi reports another Tajik citizen killed in the war in Ukraine
Noisy teen party disrupted in Dushanbe: knives seized, fines imposed
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста