Ду ҳавопаймои ширкати Skyroad Leasing-и Литва, ки зери ҳабс қарор доштанд, ба моликияти ширкати миллии ҳавойпаймоии Тоҷикистон - “ТоҷикЭйр” гузаштанд. Баъди анҷоми баҳси чандинсолаи молиявӣ ва ҳуқуқӣ байни ҳарду ҷониб. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 23 июл мудири кулли ширкати “Тоҷик Эйр” Парвиз Шодмонзода хабар дод.
Шодмонзода зикр кард, ки ҳарду ҳавопаймои тамғаи Boeing, ки ба ихтиёри Тоҷикистон супурда шуданд, барои истифода коршоям буда, лекин ба таъмир ниёз доранд.
Ӯ илова намуд, ки ҳаллу фасли баҳс бо ширкати Skyroad Leasing дастоварди асосии ширкат тайи 15 соли ахир мебошад.
“Агар ин мушкил ҳал намешуд, ширкат наметавонист ба парвозҳои худ идома диҳад. Ҳалли масъалаи қарзи бузург ба ширкати хориҷӣ аввалин рӯйдод дар таърихи Тоҷикистон буда, барои рушди ҳавонавардӣ (авиатсия)-и кишвар аҳаммитяи таърихӣ дорад”, - иброз дошт Шодмонзода.
Дар натиҷаи имзои Созишномаи мусолиҳа аз 8 январи соли 2025, ки 21 майи соли 2025 аз ҷониби Додгоҳи ҳакамии шаҳри Маскав тасдиқ шуд, ҷонибҳо ба як қатор гузаштаҳо розӣ шуданд.
Яке аз бандҳои муҳими созишнома аз зери ҳабс хориҷ шудани ҳавопаймои Boeing 737-300 мебошад, ки соли 2019 зери ҳабс гирифта шуда, дар истгоҳи Фурудгоҳи байнулмилалии Внуково қарор дошт. Акнун он аз зери ҳабс озод шуда, ба Душанбе баргардонида мешавад.
Ба гуфтаи Шодмонзода, то аввали соли 2018 қарзи ҶСК “Тоҷик Эйр” ба ширкати UAB Skyroad Leasing 23 млн долларро ташкил медод, лекин бар асари фоизу пеняҳо, маблағи қарз дар соли 2024 то 36,6 млн доллар зиёд шуда буд. Дар натиҷа мушкили қарз ҳал шуда, ширкати Skyroad Leasing аз ҳамаи даъвоҳояш даст кашид ва инчунин ду ҳавопаймоеро, ки аз соли 2013 истифода намешуданд, ба ихтиёри ”ҶСК “Тоҷик Эйр” супурд.
“Пас аз анҷоми баҳси додгоҳӣ ҶСК “Тоҷик Эйр” дигар ба ширкати UAB Skyroad Leasing қарздор нест, - таъкид дошт ӯ. - Ин ба мо имкон медиҳад, ки ба парвозҳои байнулмилалӣ бидуни маҳдудият идома диҳем. Ҳамчунин барои ширкат, ки фаъолияти худро дар арсаи байнулмилалӣ барқарор мекунад, ин имкониятҳои нав фароҳам меорад”.
Тавре ки роҳбари ширкат зикр кард, акнун ҶСК “Тоҷик Эйр” фаъолона робитаҳои байнулмилалиро густариш дода, бо ширкати AIR DYNAMICS SOLUTION (ADS) аз Амороти Муттаҳидаи Араб ҷиҳати лизинги ҳавопаймоҳо ва таъсиси Маркази хидматрасонии техникӣ дар Тоҷикистон гуфтушунид дорад.

Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин масоили такмили ихтисоси ҳайати кормандони соҳаи ҳавонавардӣ баррасӣ шуд. Шодмонзода дар Париж инчунин бо ноиби президенти Airbus Шарбел Юзкатли (Charbel Yozkatli) дидору гуфтушунид кард, то ки масъалаи харидории чор ҳавопайморо тариқи лизини молиявӣ бааррасӣ кунад.
90 парвоз дар 6 моҳ
Дар ширкати “Тоҷик Эйр” ҳамчунин илова намуданд, ки дар 6 моҳи аввали соли 2025 аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр” тариқи ҳавопаймои Ан-28 дар хатсайрҳои маҳаллӣ 90 парвоз анҷом дода шуда, 2763 мусофир интиқол дода шуданд.
Дар зарфи 6 моҳи соли 2025 хатсайрҳои зерин ифтитоҳ ёфтанд:
- Душанбе – Кӯлоб – Душанбе;
- Душанбе – Панҷакент – Душанбе;
- Душанбе – Рашт – Душанбе;
- Душанбе – Ховалинг – Душанбе;
- Душанбе – Ванҷ – Душанбе.
Бо мақсади таъмиру навсозии парки ҳавопаймоҳо барои анҷоми парвозҳои дохилӣ (маҳаллӣ) ва тадриҷан иваз намудани ҳавопаймои Ан-28 ба ҳавопаймои тамғаи L-410, раҳбарияти “Тоҷик Эйр” бо ноиби президенти консерни Omnipol-и Чехия Артём Мовсесян дар мавриди харидории ду ҳавопаймои навъи L-410 гуфтушунид мекунад.

Ин навъи ҳавопаймо 19 ҷойи нишаст дошта, ҳам барои хатсайрҳои маҳаллӣ ва ҳам минтақавӣ ба шаҳрҳои кишварҳои ҳамсоя (Самарқанд, Бухоро, Ош, Чимкент) мувофиқ буда, то 2 тонна борро интиқол дода метавонад. Инчунин барои интиқоли беморони хобида мувофиқи мақсад мебошад. Ҳавопаймоҳои L-410 худро боэътимод нишон дода, аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон ва Ӯзбекистон мавриди истифода қарор дорад.







Three-year-old child dies after beating in Fayzobod district; stepmother suspected
Tajikistan expands list of officials required to declare assets and income
AFOT: Shaping the future of Tajikistan’s financial sector
Uzbekistan launches foreign currency savings program for orphans
Two men detained in Sughd province for alleged murder of fellow villager
Top Iranian diplomat calls for closer ties with Tajikistan
QR сodes introduced in Dushanbe to verify legality of new housing developments
MegaFon Tajikistan summarizes its 2025 tech achievements: network expansion and leadership in quality
New Year weather in Tajikistan: rain, snow, and avalanche risk
Uzbekistan to toughen penalties for marriages with minors and close relatives
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста