Се рӯзи оянда, аз 26 то 29-уми июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе се қитъаи роҳ муваққатан баста мешаванд. Сабаби ин корҳои сохтмону насби қубурҳои обу корез ва рафъи обҳои партов дар ин минтақаҳо гуфта мешавад.
Шаҳрдории Душанбе хабар медиҳанд, ки корҳо дар қитъаҳои зерин анҷом дода шуда, ҳаракати нақлиёт қатъ мешавад:
- аз хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Саид Носир (мавзеи Донишгоҳи омӯзгорӣ);
- аз хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Бухоро (аз чорроҳаи назди Хонаи матбуот то дармонгоҳи №13, қаблан №1);
- аз хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Академик Раҷабовҳо (аз бинои Вазорати адлия ба самти Донишгоҳи техникии ба номи М. Осимӣ).
Шаҳрдорӣ огоҳ мекунад, ки дар робита ба баргузории корҳои мазкур равуои воситаҳои нақлиёт бо ин самти роҳҳо пурра қатъ мегардад.
Ба сокинони пойтахт ва ронандагон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо пешакӣ роҳи рафтан ба ҷоеро ба нақша гирифта, аз роҳҳои ҳамшафати ин қитъаҳо истифода баранд.



