Давоми чанд соли охир, махсусан пас аз ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” сиёсати Русия дар самти муҳоҷират шадид гардид. Ин кишвар даҳҳо қонуни танзиму маҳдудкунандаи фаъолияту будубоши муҳоҷиронро қабул кард. Мақомоти рус бошад, бо муҳоҷирон ба таври бесобиқа рафтори хашин нишон медиҳанд. Онҳоро ба таври таҳқиромез боздошту ихроҷ мекунанд ва дар баъзе ҳолат, бидуни сабаб барои вуруд иҷоза намедиҳанд.

Ин буд, ки давоми соли 2024 80 ҳазор муҳоҷир иҷборан тарки Русия кардаанд, 260 ҳазор нафари дигар иҷозаи вуруд надоранд.

Дар чунин шароит муҳоҷирони меҳнатии тоҷик “паноҳгоҳ” ё самтҳои нави муҳоҷират меҷӯянд, ки яке аз онҳо Қазоқистон аст. Низоми муҳоҷират дар Қазоқистон чӣ гуна аст ва муҳоҷирони тоҷик он ҷо чӣ кор мекунанд?

Дар навори зерин муфассал шарҳ медиҳем:

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.