Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории “Асосгузор” дар шаҳри Турсунзода, ки ду сол пеш, 24-уми майи соли 2023, бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буд, фаъолияташро қатъ кардааст. Сабаби қатъи фаъолияти коллеҷ ба нақшаи генералии шаҳри Турсунзода ворид шудани он ва иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён гуфта шуд.
Дар бораи қатъи фаъолияти ин коллеҷ дирӯз, 31-уми июл, дар нишасти матбуотии Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм иттилоъ доданд.
Сафармад Сафарзода, сардори Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон имрӯз, 1-уми август, ба “Азия-Плюс” шарҳ дод, ки сабаби асосии қатъи фаъолияти ин муассиса ба нақшаи генералии шаҳри Турсунзода ворид шудани бинои он аст. Ба гуфтаи ӯ, муассиси коллеҷи мазкур барои қатъи муассиса ба Оҷонсӣ дархост равон кардааст.
Ӯ гуфт, аз ҷониби Агентӣ ва Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз рӯйи ин дархост санҷиш гузаронидаанд.
“Онҳо ҳам хулоса доданд, ки муассиса ба талаботи зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мувофиқ нест”, - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, коллеҷи омӯзгории “Асосгузор” аз моҳи апрел инҷониб фаъолият намекунад ва иҷозатномааш бозхонд шудааст. Ба қавли ӯ, яке аз сабабҳои дигари қатъи фаъолияти муассиса иҷро нагардидани нақшаи қабули он будааст.
“Муассиса, ки худмаблағгузор аст, натавонист хароҷоти худро руйпуш кунад. Ба ҳамин хотир, бевосита дархости худи роҳбари муассиса ба Оҷонсӣ ворид гардид ва дар асоси розигии ӯ ва дастури муовини сарвазир фаъолияти муассиса қатъ шуд”, - гуфт ӯ.
Муҳаммадтоир Саидзода, роҳбарии Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм гуфт, коллеҷ хобгоҳ низ надошт ва яке аз сабабҳои дигари қатъи фаъолияти он метавонад ба ин омил рабт дошта бошад.

Тимур Гусейнов, муассиси коллеҷи хусусии “Асосгузор” имрӯз дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ба нақшаи генералии шаҳри Турсунзода ворид шудани бинои коллеҷро тасдиқ карда гуфт, бино аллакай тахриб шуда, дар ҷойи он бунёди бинои нав оғоз гардидааст.
Ӯ гуфт, коллеҷ 60 донишҷӯ дошт ва донишҷӯён ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода гузаронида шудаанд.
Ба гуфтаи муассиси коллеҷ, ҳоло бунёди бинои дигар барои коллеҷ дар нақша нест. Ӯ бунёди биноҳои навро дар саросари шаҳри Турсунзода омили ин номид.
Сафармад Сафарзода низ таъкид кард, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 86 муассиса дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ вуҷуд дорад ва на ҳамаи онҳо ҳамасола нақшаи қабули худро ба пуррагӣ иҷро мекунанд.
“Бинобар ин зарурати таъсиси коллеҷи дигарро намебинам”, - таъкид кард ӯ.
Аммо маълум нест, ки чаро бунёди коллеҷе, ки ҳамагӣ ду сол пеш бо иштироки раиси ҷумҳури кишвар ба истифода дода шуд, аз қабл бо нақшаи генералии шаҳр мувофиқа нашудааст.
Бояд гуфт, сохтмони Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” соли 2019 аз ҷониби Тимур Гусейнов, соҳибкори ватанӣ оғоз гардида буд ва 24-уми майи соли 2023 дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Он аз ду ошёна ва 8 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ иборат буда, барои 400 донишҷӯ пешбинӣ гардида буд ва интизор мерафт, ки бо забонҳои русӣ ва англисӣ тадрис ба роҳ монда шавад.
Гуфта мешуд, ки бо ифтитоҳи коллеҷи мазкур 20 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Дар хабари баъди ифтитоҳи он нашргардида гуфта мешуд, ки коллеҷ “дорои синфхонаи компютерӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, чопи маводҳои дарсӣ, толори маҷлис борои 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад”.
Зимнан, ба иттилои Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар умум 7 муассисаи таълимӣ дар кишвар аз фаъолият бозмондааст.
- кӯдакистони “Ахтари тобон” дар шаҳри Бӯстон;
- муассисаи таҳсилоти ибтидоии хусусии “Ганҷи дониш” дар шаҳри Душанбе;
- гимназияи хусусии “Зебунисо” дар шаҳри Душанбе;
- ҶДММ “Чархи Роғун” дар шаҳри Истаравшан;
- мактаби рақами 52 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;
- муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории “Асосгузор” дар шаҳри Турсунзода;
- қатъи ихтисосҳои зинаи магистратураи “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.




Happy New Year, friends!
The horse spirit of Tajikistan: from ancient bloodlines to modern champions
International education in Central Asia: how UCA opens the door to a global career
EcoCars: how a company with Tajik roots became one of China’s first official EV exporters
Barqi Tojik promises uninterrupted power supply during New Year holidays
Emomali Rahmon extends New Year greetings to the people of Tajikistan
Sharif Nazarov, a pillar of Tajik football, passes away at 79
Winter Recreation in Tajikistan: where to recharge and enjoy nature
Three-year-old child dies after beating in Fayzobod district; stepmother suspected
Tajikistan expands list of officials required to declare assets and income
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста