Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон то ҳол соҳиби чархбол нашудааст ва аз чархболи дигар ниҳодҳо истифода мекардааст. Вале ин ниҳод аз “дрон”-ҳо фаровон истифода карда, шуъбаи махсус ташкил кардааст.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ имрӯз, 4-уми август, зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, то ҳол ниҳоди зери роҳбариаш чархболи алоҳида надорад.
Дар баробари ин, ӯ таъкид кард, ки дар фаъолияти ниҳоди роҳбарикунандааш доштани чархбол муҳим аст.
“Боварӣ дорем, ки то охири сол чархбол дастрас мекунем”, - гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, дар ҳолати зарурат Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз чархболҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон истифода мекунад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки баҳси чархболи алоҳида надоштани ин Кумита солҳо ин ҷониб идома дорад. Роҳбарони пешини ин ниҳод, аз ҷумла Рустам Назарзода, раиси пешини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар нишасти соле пеш низ гуфта буд, то ҳол Кумита чархбол надорад, вале умедвор аст, дар ояндаи наздик онро дастрас хоҳанд кард.
Ӯ ҳам зикр карда буд, ки “феълан аз чархболи дигар сохторҳо истифода мекунем”.
Ба гуфтаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Кумита дар фаъолияти худ аз “дрон”-ҳо истифода мекунад ва дар ин замина шуъбаи алоҳида ҳам таъсис додааст.
“Дронҳо дар ҳолатҳои фаромадани тарма, омадани сел дар шоҳроҳҳои кишвар, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ истифода мешаванд”, - гуфт ӯ.




The horse spirit of Tajikistan: from ancient bloodlines to modern champions
International education in Central Asia: how UCA opens the door to a global career
EcoCars: how a company with Tajik roots became one of China’s first official EV exporters
Barqi Tojik promises uninterrupted power supply during New Year holidays
Emomali Rahmon extends New Year greetings to the people of Tajikistan
Sharif Nazarov, a pillar of Tajik football, passes away at 79
Winter Recreation in Tajikistan: where to recharge and enjoy nature
Three-year-old child dies after beating in Fayzobod district; stepmother suspected
Tajikistan expands list of officials required to declare assets and income
AFOT: Shaping the future of Tajikistan’s financial sector
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста