Имрӯз, 16-уми август, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ба шаҳри Турсунзода рафтанд ва бо фаъолияти кишоварзон шинос шуданд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки раисҷумҳур ва шаҳрдори пойтахт ҳамчунин бо истифодаи мақсадноки заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини талаботи бозорҳои пойтахти кишвар бо маводи ғизоии хушсифати ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ ба шаҳри Турсунзода шинос шуданд.

Аз ҷумла, онҳо аз заминҳои шолӣ, ки баъд аз ҷамоварии ҳосили гандум дар кишти такрорӣ парвариш меёбад, дидан намудаанд. Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар шаҳри Турсунзода дар майдони 5200 гектар шолӣ кишт кардаанд, ки аз ин 4000 гектараш кишти такрорӣ мебошад. Гуфта мешавад, нашъунамои шолӣ хуб буда, ҳосилнокии интизорӣ аз ҳар гектари он 65 сентнерӣ мебошад.
“Дар маҷмӯъ кишоварзони шаҳр мақсад доранд, ки имсол зиёда аз 40 ҳазор тонна ҳосили хушсифати шолӣ ҷамоварӣ карда, дар баробари таъмини талаботи дохилӣ, ҳамзамон содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд”, - менависад манбаъ.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ангури Сомон” шинос гардидаанд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои 500 гектар токзор буда, дар он вобаста ба шароити созгори иқлим навъҳои гуногуни ангур, ки бештар барои содирот ва истеҳсоли мавиз нигаронида шудааст, парвариш ёфта, ҳамасола аз он ҳосили фаровону хушсифат ҷамъоварӣ карда мешавад.
Дар умум, ба иттилои манбаъ, майдони умумии токзор дар шаҳри Турсунзода 5300 гектар буда, токпарварон аз он соли 2024 зиёда аз 32 ҳазор тонна ангур ба хориҷи кишвар содир намудаанд.
Бо дарназардошти ҳосили фаровон имсол токпарварон мақсад доранд, ки ҳаҷми содироти ангурро ба хориҷи кишвар ба 40 ҳазор тонна расонанд.




6 top innovative startups in Tajikistan in 2025
Tajikistan’s CBRN Safety Agency and Border Troops agree to improve methods for detecting CBRN threats
A 19-yer-old man arrested on suspicion of corrupting a 14-year-old girl
Tajikistan’s fruit production surpasses expectations
The growing threat of teen aggression: how to prevent it?
Terrorists who attacked Tajik border guards were members of Jamaat Ansarullah, reports Afghan media
China’s investment expansion in Central Asia: what it means for the region
Tajik national arrested in Russia after comments on killing of 10-year-old Qobiljon Aliyev
Pope Leo XIV calls for peace in Middle East, Ukraine in first Christmas message as pontiff
Tajikistan among top three tourist sources for Uzbekistan
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста