Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар дидори дусоатае бо Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, ки бо як сафар дар Ирвон (Ереван) қарор дошт, ба Эрон итминон додааст, ки долони Зангизур таҳти идораи Арманистон боқӣ мемонад.

Ӯ ин итминонро баъди нигаронии Эрон дар пайи тавсеаи ин гузаргоҳ бо дахолати Амрико эълон кардааст.

Масъуди Пизишкиён баъди ин мулоқот, ки рӯзи 19-уми август, доир шуд, дар шабакаи “Х” навишт, ки “дар нишаст бо нахуствазири Арманистон таъкид кардам, ки бовари давлат (ҳукумат)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳифзи ҳокимият ва тамомияти арзии Арманистон ва идомаи муносибатҳои самимонаи ду кишвар аст ва нигарониҳои мо дар робита ба ҳузури нерӯҳои солис (хориҷӣ) дар наздикии марзҳои муштарак бояд комилан бартараф шаванд”.

Ишораи Пизишкиён ба созишномаи сулҳи Озарбойҷон ва Арманистон ва тавофуқи ду кишвар барои тавсеаи гузаргоҳи Зангизур дар наздикии марзи Эрон аз тарафи Амрико аст, ки камтар аз ду ҳафта пеш ниҳоӣ шуд. 

Масъуд Пизишкиён ва Никол Пашинян
Акс аз President.ir

Ба гузориши хабаргузории AFP, Никол Пашинян ба раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, “роҳҳое, ки аз қаламрави Арманистон мегузаранд, таҳти идора ва ҳокимияти инҳисории Арманистон хоҳанд буд ва амнияти онҳоро худи Арманистон таъмин мекунад, на ягон кишвари дигаре”.

Садову симои Эрон гузориш додааст, ки мулоқоти хусусии раҳбарони ду кишвар, ки бояд 20 дақиқа идома мекард, тақрибан ду соат тӯл кашид.

 

Нигаронии амниятии Эрон аз тавофуқи гузаргоҳи Зангизур

Сафари Пизишкиён ба Арманистон дар ҳолест, ки имзои созишномаи сулҳ миёни ин кишвар ва Озарбойҷон ва тарҳи гузаргоҳи Зангизур, ки қарор аст тавсеаи онро Амрико бар уҳда дошта бошад, боиси нигарониҳое дар Эрон шудааст.

Яке аз муҳимтарин бахшҳои ин тавофуқ, ҳаққи рушди як масири убурӣ (транзитӣ) дар ҷануби Арманистон ба муддати 99 сол барои Амрико аст.

Ин масир, ки маъмулан бо номи долон ё гузаргоҳи Зангизур маъруф аст, ҳоло расман “Роҳи Трамп барои сулҳ ва шукуфоии байналмилалӣ” номида мешавад.

Қарор аст ин гузаргоҳ Озарбойҷонро тавассути вилояти Сюник дар ҷануби Арманистон ба Нахичеван бипайвандад ва тибқи гузоришҳо, он аз соҳили дарёи Арас, ки марзи байни Арманистон ва Эронро мушаххас мекунад, гузарад.

Раиси ҷумҳури Эрон қабл аз сафараш ба Ирвон гуфт, "нигароние, ки вуҷуд дорад, воқеан ҳузури ширкатҳои амрикоӣ дар минтақа аст. Ташвишҳое, ки вуҷуд доранд, ин аст, ки ин ширкатҳо одатан ба номи ширкат биёянд ва баъдан кори дигаре бикунанд".

Ваҳан Костанян, муовини вазири умури хориҷаи Арманистон, ҳафтаи гузашта дар сафари худ ба Теҳрон ба мақомоти ин кишвар итминон дода буд, ки ин созиш ба амнияти Ҷумҳурии Исломӣ таҳдид ҳисоб намешавад.

Оқои Костанян ба хабаргузории ИРНА гуфта буд, ки “дар Арманистон ширкате сабти ном мешавад, ки саҳмияҳояш миёни Арманистон ва Амрико тақсим мешавад, аммо ин ба маънои ҳузури амниятии Амрико дар минтақа нест. Мо медонем, ки ин мавзӯъ яке аз нигарониҳои умдаи ҷониби Эрон аст ва ман бовар дорам, ки ин нигаронӣ рафъ шудааст".

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.