Китоби нави Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон бо номи “Шамъе афрӯзандаи чароғҳо” аз чоп баромад. Ин қиссаи мустанад, ки ба ҳаёт ва фаъолияти нависандаи маъруфи ҷавонмарг Пӯлод Толис бахшида шудааст, бо теъдоди 1000 нусха дастраси хонандагон гардид.
Муаллиф дар сарсухан навиштааст, ки барои таълифи ин асар аз рӯзномаҳои шахсии Толис ва ёддоштҳои дӯстону пайвандони ӯ истифода бурдааст.
Абдулҳамид Самад дар пешгуфтори китоб сабаби навиштани онро чунин шарҳ медиҳад: “Нияти иншои ин қиссаи мустанадро солҳо дар дил доштам, вале пурсиши сарипоии сухангӯйи шинохтаи ТВ ва радио дар дилам онро боз ангехт”.
Ба гуфтаи ӯ, ин журналисти миёнаумр ҳатто зодгоҳи Толисро намедонист, аз ин рӯ, Абдулҳамид Самад дарк кард, ки бояд шахсият ва роҳи эҷодии ин нависандаи бузургро, ки “симои дурахшони тозакорӣ ва дигарсозии маърифатии насри муосири тоҷик” аст, ба хонандагон шиносонд.

Академик Носирҷон Салимӣ, ки нахустин шуда ин китобро мутолиа кардааст, онро “ҷаззоб, бадард, бо сӯзу гудоз” арзёбӣ намуда, илова кардааст, ки қиссаи мазкур на танҳо фоҷиаи Пӯлод Толис, балки фоҷиаи тамоми ҷомеа ва замони ӯро нишон медиҳад.
Ба қавли Салимӣ, “асрори сарнавишти шодравон Толис, решаву ангезаҳои фоҷиаи ин нависандаи хориқулода, пайваста бо розҳои шахсияти инсонии ӯ, ки ҳар эҷодкори асилро дар ҷаҳони бекаронаи армонҳояш маҳкум ба танҳоӣ мекунад, бо талху шириниҳои ҳаёти иҷтимоӣ, адабӣ ва хонаводагӣ тавъам омада, дар баробари ин “хатти пешонӣ”-и ин шахсияти нотакрор, ки дар олами адабу ҳунар ҳодисаи нодир набудааст, симои муҳташами як нависандаи соҳибҳунар ва қудратманди роҳкушоро падидор овардааст”.
“Поёни қиссаро бе оби чашм хондан имкон надорад. ...Қасидаест дар ситоиши Одам, Одамият ва Одамгарӣ, ки абадиву поянда аст. Чун зари холис аст, ки ҳатто агар об ҳам шавад, бо аҷноси наҷису сафеҳ омезиш намеёбад”, - таъкид кардааст академик Салимӣ.
Таърихчаи талхи Толис
Пӯлод Толис 24-уми августи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, 17-уми сентябри соли 1961 Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ӯ нависандаи мумтози тоҷик буд, ки дар тӯли умри кӯтоҳаш осори гаронбаҳое эҷод кард. Ӯ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд ва ба эҷодиёташ устод Айнӣ баҳои баланд додааст.
Толис пас аз хатми мактаби миёна дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар матбаа, театр ва рӯзномаву маҷаллаҳо фаъолият кардааст. Ӯ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, баъдан дар маҷаллаи “Шарқи Сурх” (имрӯза “Садои шарқ”) ба ҳайси сармуҳаррир кор кардааст ва дар пешрафти насри тоҷик саҳми бориз гузоштааст.
Қаҳрамонони асарҳои ӯ коргарону деҳқонон, зиёиён ва толибилмон мебошанд. Китобҳои машҳури ӯ “Чароғҳо”, “Ҳикояҳо”, “Дар сари роҳи калон” ва қиссаи нахустинаш “Ҷавонӣ” ҳамеша пазироии гарми хонандагонро ба даст овардаанд.

Асари машҳури тарҷумаиҳолии ӯ “Тобистон” аз рӯзгори талхи кӯдакони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоят мекунад ва ба чандин забон тарҷума шудааст. Барои хидматҳои шоистааш бо ордени “Нишони фахрӣ” мукофотонида шудааст.
Ба иттилои дастрас, Пӯлод Толис дар 32-солагӣ худкушӣ кард. Дӯстону наздиконаш сабаби ин фоҷиаро ба якчанд ҳодисаи муҳим дар солҳои охири ҳаёташ пайванд медиҳанд.
Як сафари ӯ ба Австрия, ки дар он ҷо ҳайати Шӯравиро бо таҳқиру сангборон пешвоз гирифтанд ва сафари дигар ба дашти Дилварзини Мастчоҳ, ки дар он ҷо шоҳиди ҳаёти сангини сокинон ва марги атфол аз гуруснагӣ шуд, сабабҳои асосӣ дониста мешаванд.
Толис, ба қавли дӯстону пайвандонаш, аз он ранҷ мебурд, ки қудрати интишори ин ҳақиқатро надорад ва ин ҳодисаҳо боиси ранҷиши шадиди равонӣ ва дар натиҷа худкушии ӯ шудаанд.





Tajikistan welcomes Iran-U.S. talks and advocates for peaceful conflict resolution
‘Tajik national clothing complies with Islamic norms and cultural traditions,’ says Tajik official
India, Turkmenistan Hold High-Level Talks in Ashgabat to Deepen Economic and Strategic Cooperation
"They are fraudsters and criminals." Dushanbe deputy mayor promises to identify companies defrauding citizens in housing sales
Tajikistan's Antimonopoly Service identifies market "giants"
New multi-level parking lots to be built in Dushanbe this year
Seven avalanches hit Dushanbe-Chanak highway, and it is temporarily closed for traffic
Drug smuggling from Afghanistan to Tajikistan grows, armed clashes increase
Tajikistan plans to introduce a visa-free regime for Chinese citizens
Tajikistan officially becomes a candidate to host the 2031 AFC Asian Cup
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста