Расонаҳои афғонистонӣ аз даргирӣ миёни марзбонҳои тоҷик ва ҷангҷӯёни гурӯҳи “Толибон” дар Афғонистон дар рӯзи 24-уми августи соли равон хабар дода, гуфтаанд, ки дар пайи он як намояндаи “Толибон”* кушта ва чор тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, пас аз ин муноқиша сарҳадбонони ду кишвар бо ҳам вохӯрда, баъзе гувумагуҳо доштанд.
Хабаргузории афғонистонии “Шоно” навишт, ки даргирӣ дар минтақаи марзии Дованг дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, сабаби аслии муноқиша пешравии ширкатҳои истихроҷи чинӣ ва тахриби маҷрои дарёи Панҷ аст.
“Пас аз вуруди “Толибон” ба минтақаи Дованг барои фаъолиятҳои маъданӣ, онҳо ба вокуниши шадиди марзбонҳои тоҷик рӯ ба рӯ шудаанд. Дар пайи ин даргирӣ, ки аз силоҳҳои сангин ҳам истифода шудааст, як узви Толибон кушта ва чаҳор тани дигар маҷруҳ гардидаанд”,- навиштааст ин расона.
Назари мақомоти Тоҷикистон ва гурӯҳи "Толибон" дар ин маврид дастраси расонаҳо нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Афғонистон интернешнл” бо нашри як навор аз вохурӣ ва гуву магӯҳои намояндагони Тоҷикистон ва гурӯҳи “Толибон“ навишт, ки марзбонҳои тоҷик бо Толибон дар минтақаи марзии Дованг дар ноҳияи Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони Афғонистон мулоқт кардаанд.
Дар ин вохӯрӣ, ҷонибҳо бар сари маҷрои дарёи Панҷ ва ширкатҳои маъданӣ суҳбат мекунанд. Вале дар қисмате аз он, ду тарф якдигарро ба паноҳ додани мухолифони якдигар ва омӯзиши онҳо муттаҳам мекунанд.
Манбаъ навиштааст, ки гурӯҳи “Толибон”-ро Шафиқуллоҳ Ҳафизӣ, раиси Идораи маъданҳои гурӯҳи "Толибон" дар вилояти Бадахшон намояндагӣ мекард.
Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳояш навиштааст, нафаре, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ин навор суҳбат мекунад, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аст.
Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, пас аз бозгашти "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон, чанд ширкати марбут ба фармондеҳони "Толибон" дар лаби дарёи Панҷ дар Бадахшон ба истихроҷи тило ва лоҷвард машғуланд. Ҳоло чиниҳо ҳам дар баробари шаҳрвандони Афғонистон дар ин минтақа ба заршӯӣ машғуланд.
Чанде пеш Радии Озодӣ гузориш дода буд, ки гурӯҳе аз заршӯёни аз чинӣ аз сарҳади ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вориди Тоҷикистон шуда, боздошт гардидаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.






Eight fake security officers detained in Tajikistan for large-scale fraud
President implements personnel changes in law enforcement and security agencies
Tajikistan reportedly plans to invest around $1 billion in Eurasian transport corridors projects
Tajikistan increases fines for tax evasion
Tajikistan discusses prospects for energy cooperation with the EU and India
Construction of a new tourist complex begins at Lake Iskanderkul
Nearly 100 million somonis to be allocated for culture and arts in Tajikistan: where the funds will go
Seven European countries deploy troops to Greenland for intelligence mission
Young man detained in Sughd province on suspicion of killing his neighbor
Uzbekistan strengthens border security with special unit equipped with Bayraktar drones
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста