Дирӯз, 14-уми сентябр Мадина Қурбонзода, бонуи ҷудокори тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон медали тилло ба даст овард.

Ӯ дар марҳилаи ниҳоӣ дар вазни то 52 кг бо Нигина Умирзакова аз Ӯзбекистон куштӣ гирифта, ӯро шикаст дод.

Мадина дар даври аввали рақобатҳо озод буд ва муборизаро аз марҳилаи ¼-ниҳоӣ оғоз кард. Вай дар ин марҳила рақиби худ аз Қирғизистонро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад ва он ҷо ҳарифи ҳиндустонияшро мағлуб карду роҳашро ба финал ҳамвор кард.

Мадина Қурбонзода баъди ғалаба
Акс аз IJF

Бояд гуфт, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон, ки дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия идома дорад, Тоҷикистонро 4 ҷудокор намояндагӣ мекунад. Дар ин мусобиқа ба ҷуз Мадина, Рошид Неъматов ва Бобоҷон Шаропов дар вазни то 73 кг, инчунин, Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кг низ иштирок доранд.

Бодя гуфт, ки қаблан, Мадина Қурбонзода дар мусобиқаи байналмилалаии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2025” дар вазни то 52 кг сазовори медали биринҷӣ гардида буд.

Ӯ нахустин духтари тоҷик аст, ки дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam” соҳиби медал шудааст.

Паз аз ғолибият дар ин мусобиқа  шодии ӯву падараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаи зиёд пайдо кард.

Дар бораи Мадина Қурбонзода ва корномаи ӯ дар гузориши мо маълумоти бештар гиред. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.