ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ РӮЗ
- Имрӯз соати 11:00 дар Театри Лӯхтак намоиши “Бачаҳаки Ситора” баргузор мегардад. Чиптаро метавон аз хазинаи театр дастрас кард.
- Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.
- Дар осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии истиқлоли давдатӣ намоишгоҳ ташкил гардидааст. Дар он 26 асари тасвирии рассомони ҷавони тоҷик дар аҳди истиқлол ба намоиш гузошта шудааст. Намоишгоҳ то 15-уми сентябр идома мекунад.
- Дар Душанбе нахустин маротиба 16-18-уми сентябр Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мегардад. Дар форум масъалаҳои ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳарчи бештари иқтидори сайёҳӣ баррасӣ мегарданд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1989 – Ҷунбиши ҷамъиятии “Растохез” таъсис ёфт.

2009 – Дар Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов боз шуд.
2016 – Дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” ифтитоҳ ёфт.
2018 – Дар Хоруғ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ кушода шуд.
2020 – Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон номзад ба мақоми президентӣ Саидҷаъфар Усмонзодаро, ки аз Ҳизби демократии ҷумҳурӣ пешбарӣ шуда буд, сабти ном накард.
ШАХСИЯТҲО
1960 – Зодрӯзи Забеҳулло Нуруллоев, омӯзгор, номзади илмҳои иқтисодӣ.
1959 - Лутфулло Саидмуродов, иқтисоддон, арбоби давлатӣ, профессор.
1966 - Ҳикмат Мӯминов, доктори илмҳои физикаву математика зодрӯз дорад.
1967 - Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, бунёдгузори Қасри арбоб дар шаҳри Хуҷанд ва Қаҳрамони дукаратаи меҳнати Иттиҳоди Шӯравӣ дар синни 66 даргузашт.

Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев соли 1901 дар вилояти Суғд ба дунё омадааст. Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1941-1945 мебошад. Ӯ солҳои 1936-1952 дар якчанд колхозҳои вилояти Суғд (Ленинободи пешин) ҳамчун раиси колхоз кор карда, ном баровардааст. Солҳои 1952-1967 ӯ дар колхози ба номи "Москва" раисиро ба ӯҳда гирифта хоҷагиро ба колхози пешқадами пахтакорӣ дар Тоҷикистон табдил додааст.
Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар Тоҷикистон бо сохтмон ва бунёди Қасри Арбоб машҳур гаштааст, ки то ба имрӯз побарҷост. Ин қаср яке аз калонтарин ва баҳашамтарин қасри ҳамон даврон ба ҳисоб меравад, ки якҷоя бо кӯмаки мардуми маҳаллӣ ба воситаи ҳашар бунёд шудааст.
1982 - Ҷумъа Одина, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар синни 52 даргузашт.

Ҷумъа Одина 13-уми марти соли 1930 ба дунё омадааст. Мактаби ҳафтсоларо дар шаҳри Ставрополи Русия хатм кард, зеро аҳли оилааш он солҳо дар табъид қарор доштанд. Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқанд ва соли I956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кард. Солҳои дароз ба ҳайси муҳаррири нашриёти “Ирфон”, мудири шуъбаи маҷаллаи “Тоҷикистон”, муҳаррири “Радиои тоҷик”, мудири шуъбаи моҳномаи “Садои Шарқ”, муовини сармуҳаррири Кумитаи табъу нашр, мудири шуъбаи нашриёти “Ирфон” ва ходими адабии рӯзномаи “Маориф ва маданият” фаъолият кард.
Соли 1964 дар моҳномаи “Садои Шарқ” қиссаи аввалинаш “Авроқи рангин”, соли 1968 қиссаи дигараш “Иншо дар мавзӯи озод” ба табъ расидаанд.
Ҷумъа Одина соли 1978 романи “Гузашти айём”-ро навишт, ки рӯҳия ва мундариҷаи он ба сиёсати ҳукумати шӯравӣ чандон созгор набуд. Романро нашриёти “Ирфон” чоп карда бошад ҳам, ба дасти хонандагон нарасид, зеро мақомот онро аз мағозаҳо барчиданд ва ба муаллиф фишори зиёд оварданд. Соли 1989 роман бори дигар аз тариқи нашриёти “Адиб” ба табъ расид ва муаллиф, пас аз маргаш, соли 1990, сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.
2012 - Ғаюр Ашӯр, нависандаи тоҷик дар 60 солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
14 сентябри соли 1812 Наполеон шаҳри Маскавро бе ҷанг ишғол кард. Баъди муҳорибаи Бородино, ки бузургтарин набард дар Ҷанги ватании соли 1812 буд, Кутузов қарори ақибнишиниро қабул намуд. Ӯ мефаҳмид, ки артиш ҷанги калони дигарро бардошта наметавонад, бинобар ин, барои нигоҳ доштани қобилияти ҷангӣ, қӯшунҳо ақибнишинӣ карда, Маскавро ба Наполеон доданд.

Артиши Фаронса ба Маскави холӣ ворид шуд. Наполеон итминон дошт, ки бо ишғоли шаҳр, император Александр I-ро маҷбур мекунад таслим шавад, баъдтар дар ҳолати вазнин қарор гирифт ва дар ниҳоят ақибнишинӣ кард.
14-уми сентябр соли 1960 Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) дар Бағдоди Ироқ, баъди имзои созишнома аз ҷониби панҷ кишвар, аз ҷумла Эрон, Ироқ, Кувайт, Арабистони Саудӣ ва Венесуэла таъсис ёфтааст. Ин кишварҳо аъзои-таъсисдиҳандагони ин созмон шуданд.
Ҳадафи ОПЕК ҳамоҳангсозии фаъолият ва таҳияи сиёсати ягона дар мавриди истихроҷи нафт дар байни кишварҳои узви созмон, нигоҳ доштани нархҳои устувори нафт, таъмини интиқоли мунтазами нафт ба истеъмолкунандагон ва ба даст овардани фоида аз сармоягузорӣ дар соҳаи нафт мебошад.
Вазирони энергетика ва нафти кишварҳои узви ОПЕК дар як сол ду маротиба ҷамъ омада, бозори байналмилалии нафтро арзёбӣ мекунанд ва рушди ояндаи онро пешгӯӣ менамоянд.
Айни замон 12 кишвар аъзои ин созмон ба ҳсиоб мераванд.

ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона аз 21+26º гарм то 15+20º гарм
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 24+29º гарм
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 14+19º гарм
Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 10+15º гарм то 5+10º гарм, рӯзона 25+30º гарм
Дар шаҳри Душанбе - Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 32+34º гарм
Дар шаҳри Хуҷанд - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 26+28º гарм
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 32+34º гарм
Дар шаҳри Хоруғ - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 29+31º гарм.





Ozoda Rahmon provides financial aid to mother of Tajik boy killed in school xenophobic attack in Russia
What awaits migrants in Russia in 2026: new rules and restrictions introduced
Multiple explosions rock Venezuelan capital Caracas
Two traffic police officers killed in avalanche in Varzob district
Muhsin Muhammadiyev passed away – a football icon and symbol of Tajik sport
Happy New Year, friends!
The horse spirit of Tajikistan: from ancient bloodlines to modern champions
International education in Central Asia: how UCA opens the door to a global career
EcoCars: how a company with Tajik roots became one of China’s first official EV exporters
Barqi Tojik promises uninterrupted power supply during New Year holidays
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста