ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 16 СЕНТЯБР
- Имрӯз дар Душанбе Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мегардад. Он то 18-уми сенятбр идома меёбад. Дар форум масъалаҳои ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳарчи бештари иқтидори сайёҳӣ баррасӣ мегарданд.
- Имрӯз, соати 17:30 дар театри драмавии ба номи Маяковский намоиши “Дар ҷустуҷии муҳаббат” (Поиск любви) ба саҳна гузошта мешавад. Намоиш ду рӯз идома меёбад. Чиптаҳоро аз хазинаи театр метавонед дастрас намоед.
- Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 СЕНТЯБР
2002 – Дар шаҳри Душанбе Конфронси якуми байналмилалии Ассотсиатсияи халқҳои форсизабон оғоз гардид.
2006 - Дар Тоҷикистон сохтмони Хати интиқоли барқи “Ҷануб –Шимол” оғоз ёфт.
2007 - Ҷудочии тоҷик Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон мақоми сеюм ба даст оварда, ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ба шаҳри Пекин роҳхат гирифт.
2015 – Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон расман хабар доданд, ки Хоҷӣ Ҳалим Назарзода, Эшони Ҷунайдулло Умаров, роҳбарони гурӯҳи ҷиноятӣ, ки 4-уми сентябр ба чанд оншооти давлатӣ ҳамла анҷом дода буданд, ҳамроҳ бо 10 тан аъзоёнашон маҳв карда шудаанд.
2018 – Дар шаҳри Душанбе Фестивали III байналмилалии филмҳои кӯтоҳи “Навсоз” гузашт.
ШАХСИЯТҲО
1927 – Мавлуди Музаффар Искандаров, муаррих, доктори илми таърих, профессор.
1950 – Зодрӯзи Саиданвар Камолов, вазири амнияти Тоҷикистон дар солҳои 1995—1997.

Саиданвар Камолов сиёсатмадор ва ходими низомии тоҷик аст, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарии ниҳодҳои ҳуқуқиро ба уҳда дошт. Ӯ фаъоляити касбии худро аз муффатиши оғоз карда, аз солҳои 80-ум то солҳои 90-ум сардори раёсати тафтишотии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Шӯравӣ буд. Камолов соли 1994 муовини вазири амнияти Тоҷикистон, моҳи августи соли 1995 сардори ин ниҳод таъин ва то соли 1997 дар он кор кард. Солҳои 1997-2001 - раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон буд.
Саиданвар Камолов ба кори эҷоди низ даст задааст. Ӯ солҳои 2007-2012 вазифаи сардабири рӯзномаи “Инсон ва қонун” ва маҷаллаи “Сарбоз”-ро ба уҳда дошт. Муаллифи китобҳои “Дар ҳифзи марзу буми кишвар”, “Сангар”, “Бозгашт”, “Ситораи умед»” ва “Гиреҳ дар гулӯ” низ мебошад.
Саиданвар Камолов соли 2020 дар 69 солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
1958 – Зодрӯзи Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Низом Қосим адиб ва шоири тоҷик аст, ки дар даҳ солаи охир вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикиситонро ба уҳда дорад.
То ин замон беш аз бист китоби шеър, пажўҳиш, намоишнома ва тарҷумаҳояш ба табъ расидаанд. Бештари ашъор, намоишнома ва мақолаҳояш ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд.
Низом Қосим соли 2006 Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, соли 2014 унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва соли 2017 барандаи Ҷоизаи байналмилалии "Ситораҳои Иттиҳод" шуд.
Пештар аз ин Низом Қосим ҳамчун директори телевизиони “Баҳористон” фаъоляит кардааст. Ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд.
1971 – Зодрӯзи Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд.

Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи корхонаи "Лаъл"-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2005 дар вазифаҳои муовини сардори корхонаи "Сангбурӣ", сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ ва директори генералии ҶС "Ленинободпромстройматериал"-и Хуҷанд кор кардааст.
Солҳои 2005- 2007 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд ва солҳои 2007-2009 директори генералии КВД "Садаф"-и шаҳри Хуҷанд буд.
Ӯ солҳои 2009-2011 дар вазифаи раиси шаҳри Гулистон фаъолият бурда, соли 2012 то соли 2016 раиси шаҳри Хуҷанд буд. Аз соли 2016 то соли 2018 дар мансаби раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.
Аз соли 2018 инҷониб раиси вилояти Суғд аст.
1937 – Зодрӯзи Собит Неъматуллоев зилзилашиноси маъруфи тоҷик, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар солҳои 1988—1995.

Собит Неъматуллоев аз ҷумлаи шинохтатарин олимони муосири кишвар аст, аввалин касест, ки системаи сеймсология дар Тоҷикистонро ба танзим даровард. Аз олимони сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи сейсмологияи минтақавӣ ва муҳандисӣ ба шумор меравад. Ӯ на танҳо як муддати дарозмудири Пажуҳишгоҳи зилзилашиносии Академияи улуми Тоҷикистон буд, ҳамчунин, ҷиҳати баланд рафтани нуфузи илми тоҷик кӯшиши фаровон ба харҷ додааст.
Бо ибтикораш дар Тоҷикистон таҳқиқоти илмӣ оид ба пешбинии зилзила, ба ҳисобгирии заминҷунбиҳои сахт ва ҳалокатовар, таъсири муҳандисию техникии инсон ба офатҳои табиат, санҷиши заминҷунбӣ тариқи таркишҳои зеризаминӣ, тобооварии иншооти муҳандисӣ ба зилзила, обанборҳои сунъӣ ва биноҳои истиқоматӣ гузаронида шудаанд.
Таҳти роҳбариаш дар Душанбею Норак гурӯҳҳои муҳандисии сейсмологӣ таъсис ёфта, мавриди заминҷунбиҳои сахт ва пешбинии онҳо корҳои муфиди таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд.
Ӯ чандин сол раиси Маркази пешбинии заминҷунбиҳои минтақавии Осиёи Марказӣ ва Қазоқистонро ба зимма дошт, ҳамчун роҳбари экспедитсия дар таҳқиқоти сохтмонҳои барқии обӣ ва атомии Куба, Афғонистон ва дигар давлатҳо фаъолият кардааст.
Саҳмаш дар тайёр кардани олимони ҷавон ниҳоят калон мебошад.
2012 - Муҳаммадҷон Шакурӣ донишманди саршиноси тоҷик, адабётшинос, забоншинос ва пажӯҳишгар дар 87 солагӣ даргузашт.

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ бино бар шиноснома 30-юми октябри соли 1926, аммо дар ҳақиқат моҳи феврали соли 1925 дар Бухоро зода шудааст. Падараш Шарифҷон Махдум Садри Зиё нависандаи тоҷик аст, ки то инқилоби Бухоро (1920) дар баъзе тумон ва вилоятҳои аморати Бухоро қозӣ буд.
Устод Шакурӣ соли 1939 аз Бухоро ба Душанбе мекӯчад. Аввал дар мактаби намуна ва баъд дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Соли 1941 донишҷӯи забону адабиёти тоҷикӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе шуд ва онро соли 1945 хатм кардааст. Ҳамзамон бо донишҷӯӣ, соли 1943 то 1945 дар идораи рӯзномаи "Тоҷикистони Сурх", (Ҷумҳурият"-и имрӯза) кор карда ва дар охирҳои соли 1944 чанд гоҳ дар Институти таърих, забон ва адабиёт лаборант будааст.
Пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар соли 1945 устоди ин донишкада шуд. Дар солҳои 1945—1946 устоди Донишкадаи муаллимии Кӯлоб буд. Сипас ба Душанбе баргашт ва дар Донишкадаи омӯзгории Душанбе то соли 1953 аз адабиёти қадим, забони тоҷикӣ, хониши хониши матн, равиши омӯзиши забону адабиёт дарс гуфт.
Муҳаммадҷон Шакурӣ натанҳо як донишманди варзидаи тоҷик, балки бо донишварӣ, мардумдорӣ ва шаҳомати ахлоқие, ки аз худ ба намоиш гузошта буд, рамзи як равшанфикри миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 1960—1970 Шакурӣ дар заминаи нақди адабии насри муосири тоҷикӣ ва масъалаҳои забони форсии тоҷикӣ, бахусус масъалаҳои амалӣ ва корбасти ҳаррӯзаи он, ки бештар ҷанбаи ҷомиашиносӣ дошт, фаъол буд. Шакурӣ яке аз муаллифони "Фарҳанги забони тоҷикӣ" аст, ки дар ду ҷилд дар Маскав соли 1969 чоп шуда аст.
Замони бародаркушӣ ва ноосоиштаи кишвар, Муҳаммадҷон Шакурӣ мунодии илму фарҳанг буд ва дар қаламрави тамаддуни эронӣ ба дунболи таъмини шаҳомати миллии тоҷикон буд. Ӯ аъзои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон ва яке аз муаллифони Қонуни забони тоҷикӣ аст.
Шакурӣ бо афкори рӯшангарона ва миллигароёнааш дар сархати расонаҳо қарор дошт ва аз таърихи миллату забони тоҷикӣ ҳимоят мекард.
Муҳаммадҷон Шакурӣ барои адабиёти тоҷик ва насли нав аз худ 44 китоб ва бештар аз 500 мақола ба мерос гузоштааст, ки ҳар яки онҳо аз тамаддун, фарҳанг, худшиносиву руҳияи миллӣ сухан мекунанд. “Хуросон аст инҷо”, “Садри Бухоро”, “Равшангари бузург” ва “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон” аз беҳтарин китобҳои Муҳаммадҷон Шакурӣ маҳсуб меёбанд.
Ба истиқболи 100-солагии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ донишманди саршиноси тоҷик филми мустанад сабт шуд. Ин филм “Фарзанди Бухоро – родмарди Хуросон” ном дорад. Дар матлаби мо дар бораи таърихи сабти филм мутолиа кунед.
Донишманди саршиноси тоҷик субҳи якшанбе, 16-уми сентябр соли 2012 дар синни 87-солагӣ даргузашт.
1978 - Иброҳим Барамиков филмбардор ва ҳунарпешаи тоҷик дар 69 солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон аст. Ин сана ба хотири имзои Протоколи Монреал (1987) оид ба моддаҳое, ки қабати озонро вайрон мекунанд, муқаррар гардида, аз соли 1995 нҷониб таҷлил мешавад.
Шиори ин рӯз дар соли 2025 чунин аст: “Аз илм то амалҳои глобалӣ”
Ҳадафи ин рӯз таблиғи фаъолияти мутобиқ ба вазифаҳо ва ҳадафҳои Протоколи Монреал ва ислоҳияҳои он мебошад.

16 сентябри соли 1999 дар шаҳри Волгодонск амали террористӣ ба вуқуъ пайваст. Субҳи барвақт дар назди бинои истиқоматӣ, ки дар шоҳроҳи Октябр ҷойгир буд, таркиш рух дод. Дар натиҷаи ин ҳамла 19 нафар ҳалок шуданд ва тақрибан 90 нафар захмҳои ҷисмонӣ бардоштанд.
Муассисаҳои тафтишотӣ муайян карданд, ки таркиш дар Волгодонск як бахши силсилаи ҳамлаҳои террористии тарҳрезишуда буд, ки моҳи сентябри соли 1999 дар Русия амалӣ карда шуданд.
Дар ҳамон моҳ дар шаҳри Москва ду таркиши мудҳиши хонаҳои истиқоматӣ — яке дар кӯчаи Гурянов ва дигаре дар шоҳроҳи Кашира ба амал омад, ки дар он 230 нафарро ҳалок шуданд.

Ду нафар аз иҷрокунандагони ин ҳамла дастгир шуда, ба ҳабси абад маҳкум гардиданд. Дигар иштирокчиёни парванда, аз ҷумла фармоишгарон, аз ҷониби сохторҳои қудратӣ дар ҷараёни амалиёти вижа маҳв карда шуданд.
16 сентябр дар Италия Рӯзи таваллуди Ҷулетта, қаҳрамони машҳури Шекспир аз фоҷиабортарин қиссаи ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Барои муайян кардани рӯзи дақиқи таваллуди Ҷулетта, таърихшиносон ҳамаи рӯйдодҳои фоҷиаро бодиққат муқоиса кардаанд. Ба гуфтаи Шекспир, ҳокими Верона герсог Эскал, ҷаноби Бартоломео Делла Скала буд. Ӯ шахсияти воқеӣ буда, солҳои 1301–1304 дар шаҳр ҳукуматронӣ кардааст.

Дояи қаҳрамони асосӣ дар сӯҳбат дар бораи вақти таваллуди кӯдак ишораҳо кардааст, ки дар такя ба ҳамин ишораҳо доктор Ҷузеппе Вивиани санаи дақиқи таваллуди Ҷулеттаро муайян намуд - 16 сентябри соли 1284.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 16 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона аз 21+26º гарм то 15+20º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 24+29º гарм.
Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 10+15º гарм то 5+10º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 14+19º гарм.
Дар шаҳри Душанбе - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 26+28º гарм.




6 top innovative startups in Tajikistan in 2025
Tajikistan’s CBRN Safety Agency and Border Troops agree to improve methods for detecting CBRN threats
A 19-yer-old man arrested on suspicion of corrupting a 14-year-old girl
Tajikistan’s fruit production surpasses expectations
The growing threat of teen aggression: how to prevent it?
Terrorists who attacked Tajik border guards were members of Jamaat Ansarullah, reports Afghan media
China’s investment expansion in Central Asia: what it means for the region
Tajik national arrested in Russia after comments on killing of 10-year-old Qobiljon Aliyev
Pope Leo XIV calls for peace in Middle East, Ukraine in first Christmas message as pontiff
Tajikistan among top three tourist sources for Uzbekistan
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста