Имрӯз, 16-уми сентябр, парвозҳои мустақим миёни шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон ва Сиани Чин оғоз мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ширкати "Zhejiang Loong Airlines дар Тоҷикистон" хабар доданд.
Хатсайри ҳавоии нав дар доираи шарикӣ байни ширкатҳои ҳавопаймоии "Oriental Sky Aviation" ва "Zhejiang Loong Airlines" роҳандозӣ мешавад.
Парвозҳо дар ин масир ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом хоҳанд шуд. Оғози парвозҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 15:00 муқаррар шудааст.
Парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Сиан-Душанбе тариқи ҳавопаймоҳои ширкати чинии "Zhejiang Loong Airlines" сурат мегиранд.
Билет барои парвоз аз Душанбе ба Сианро метавон аз намояндагии ширкати "Oriental Sky Aviation", ки коргоҳаш дар маркази тиҷоратии "Бохтар" қарор дорад, харидорӣ кард.
Барои маълумоти бештар бо рақамҳои +992 88 883 2201 ва почтаи электронии [email protected] тамос гирифта метавонед.
Ширкати ҳавопаймоии Zhejiang Loong Airlines соли 2011 таъсис ёфта, ба зиёда аз 600 хатсайр хидматрасонӣ карда, беш аз 170 самтҳои дохилӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, Ҷопон, Корея, Ҳонконг, Макао ва Осиёи Ҷануби Шарқиро ба ҳам пайваст мекунад.
Ёдрас мекунем, ки ҳоло аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Пекину Урумчӣ ва аз Хуҷанд ба Қошғар хатсайрҳои ҳавопаймоӣ амал мекунанд.
Парвоз тариқи хатсайри Хуҷанд - Қошғар - Хуҷанд ҳафтае як маротиба - рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз байни шаҳрҳо 2 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.





Tajikistan’s capital ranks among cities with the lowest cost of living worldwide
Why is Tajik honey not exported to Europe?
Around 400 new industrial enterprises launched in Tajikistan in 2025
Tajikistan implements licensing system reform
Emomali Rahmon signs decree to increase salaries, pensions, and scholarships
Iran closes airspace amid fears of US strikes
US suspends immigrant visa processing for 75 countries
Tajikistan launches its first large-scale solar energy project
Tajikistan’s MoT and Kuwaiti consulting company sign contract for rehabilitation of Ayni – Kuhistoni Mastchoh road
Without education, without rights: how thousands of migrant children in Russia are left without schooling
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста