Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) камчинии долларро дар бонкҳои кишвар рад карда, гуфт, "талабот ба асъори хориҷӣ аз ҷониби низоми бонкӣ пурра қонеъ гардонида мешавад".

Ҳафтаи гузашта Радиои Озодӣ навишт, ки доллар дар бонкҳои Тоҷикистон камёфт шуда, чанде аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба онҳо гуфтанд, ки ё доллар надоранд, ё бо маҳдудияти то $500 доллар мефурӯшанд.

БМТ дар як вокуниш ба ин навишта гуфтааст, ки "ташкилотҳои қарзии молиявӣ асъори нақдро барои фурӯш ба шахсони воқеӣ аз хориҷа ва бозори дохилӣ дастрас мекунанд ва ин ниҳод тибқи тартиби муқарраршуда талаботи ташкилотҳоро бо доллари нақди ИМА дар асоси дархости расмии онҳо таъмин менамояд".

“Барои таъмин намудани ашкилотҳои қарзии молиявӣ бо доллари нақд аз ҷониби БМТ ягон намуд маҳдудият ҷорӣ нашуда, баръакс талаботи ташкилотҳо дар асоси дархостҳои пешниҳодшуда пурра ва сари вақт қонеъ гардонида мешавад”, - омадааст дар хабари шуъбаи матбуоти БМТ.

Дар вокуниш зикр мешавад, ки дар робита ба фурӯши доллар низ аз сӯи бонкҳои тиҷоратии кишвар  аз тарафи БМТ ягон маҳдудият ё талаботи иловагӣ ҷорӣ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки норасоии муваққатии асъор дар бонкҳо  танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз қабили ба итмом расидани асъори нақди ҷудошуда дар хазина, инчунин дар вақти муайяншуда ирсол нагардидани асъори нақдӣ ба миён меояд.

"Вале ҳолати мазкур вазъияти бозорро пурра инъикос намекунад", - мегӯянд дар БМТ

Ин ниҳод хотиррасон намудааст, ки дар тамоми хазинаҳои бонкҳо ва воҳидҳои сохтории онҳо телефони боварии БМТ барои қабули арзу шикояти истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мавҷуд аст.

"Шаҳрвандон тариқи он метавонанд бевосита оид ба мушкилот ва масъалаҳои ҷойдошта муроҷиат намоянд", - илова шудааст дар хабар.

Қобили зикр аст, ки бо оғози даргирии мусаллаҳона миёни Русия ва Украина, инчунин давра ба давра аз доллар ба рубл гузаштани ҳисоббаробариҳои савдо байни Тоҷикистону Русия, тайи се соли ахир мушкилоти камбуди доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон, ба он миқёсе, ки то соли 2022 рух медоданд, ба мушоҳида намерасид. Аммо тайи моҳҳои ахир сокинони Тоҷикистон бисёр вақт аз мавҷуд набудани доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор арзу шикоят мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар чанд моҳи охир қурби доллар дар баробари асъори миллӣ-сомонӣ якбора поин рафта аз  1100 то 950 поин фаромадааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.