ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИММИ 22 СЕНТЯБР

- Имрӯз футболозони тоҷик дар даври дуюми мусобиқаи Ҷоми Осиё-2026 бо дастаи Камбоҷа дидор анҷом медиҳанд. Бозӣ соати 20:00 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии пойтахт доир мегардад. Тими миллии футзали Тоҷикистон дар даври аввал дастаи мунтахаби Макаоро бо ҳисоби 10 бар 2 шикаст дода, бо касби 3 зол дар зинаи аввал қарор гирифт.

- Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнии “Атои саҳна”  идома дорад. Ин намоиш ба ифтихори 85-солагии Ато Муҳаммадҷонов 16-уми сентябр оғоз гардид ва то 25-уми сентябр идома меёбад.

Дар намоиш беш аз 110 нигора, аз қабили мусаввараҳо, ордену медалҳо, ҷоизаҳо, ҳуҷҷатҳо, либосҳои саҳнавӣ, аксҳо, наворҳо ва китобҳо, ки бозгӯи фаъолияти пурсамари ҳунарпешаи шинохта Ато Муҳаммадҷонов аст, пешниҳод мешавад.

- Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 22 СЕНТЯБР

Соли 1991 – Дар маркази шаҳри Душанбе ҳайкали Владимир Ленин, бунёдгузори давлати Шӯравиро тахриб карданд ва фаъолияти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон қатъ гардид. Ин воқеа, ба гуфтаи баъзе аз таҳлилгарон, оғози ба ду гурӯҳ тақсим шудани ҷомеаи Тоҷикистон ва заминае барои ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Соли 2006 – Корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон – “ТоҷИрон”, ки  трактор истеҳсол мекард, ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2007 – Дар Душанбе аввалин китобхонаи электронӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2010 – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи Рашт амалиёти махсусро барои аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор оғоз карданд.

Соли 2011 – Дар ноҳияи Қубодиён корхонаи истеҳсоли кислотаи глисирризин бо номи “Аввалин” ифтитоҳ гардид.

Соли 2015 – Дар шаҳри Ҳисор Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат расман ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1925 – Мавлуди Фаридуни Муширӣ, шоири шинохтаи Эрон, ки дар Тоҷикистон низ маҳбубият дорад.

Фаридуни Муширӣ

Шоир ва рӯзноманигори эронӣ аст, ки бо забони сода ва равшан шеъри пурмуҳтаво ва саршор аз эҳсос мегуфт. Ӯ шеъри классикиро бо шеъри муосир омехта, сабке офарид, ки мардум хеле хуш пазируфтанд.

Фаридуни Муширӣ пас аз хатми мактаби миёна  дар Радиои миллии Эрон ва баъдтар ба Вазорати иттилоот ва фарҳанг ба кор мепардозад. Ҳамзамон, рӯзнома ва маҷаллаҳои адабӣ низ шеърҳояшро нашр мекарданд.

Ӯ узви фаъоли ҷунбишҳои адабии Эрон дар асри XX буд ва дар баробари Нимои Юшич, Аҳмади Шомлу, Фурӯғи Форрухзод ва дигарон дар ташаккули адабиёти муосири форсӣ нақши муҳим бозидааст. Муширӣ кӯшишидааст, ки адабиёт паёми ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта бошад.

Китобҳои “Бо ту нафасе”, “Гуле барои гулҳо”, “Ноёфтаҳо”, “Гуноҳи дарё”, “Абру кӯча”, “Баҳорро бовар кун”, “Парвоз бо хуршед”, “Аз хомӯшӣ”, “Марвориди меҳр”, “Оҳи борон”, “Овози он паррандаи ғамгин”, “То субҳи тобноки аҳуроӣ” мазсули эҷодӣ ӯ мебошанд. “Кӯча” яке аз маъруфтарин шеърҳои ӯ аст.

Фаридуни Муширӣ 24-уми октябри соли 2000 дар 74-солагӣ даргузашт.

Соли 1937 – Мавлуди Ҷӯра Бақозода, мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик.

Ҷӯра Бақозода

Ҷӯра Бақозода писари Ҳамид Бақозода, донишманд, пажӯҳишгар, адабиётшинос ва аз рӯзноманигори маъруфи нашрияи “Овози тоҷик” буд, ки дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум кушта шуд.

Ӯ соли 1962 пас аз фориғ шудан аз Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба Душанбе муҳоҷир шуд ва дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба кор пардохт.

Вай ба муддати ҳафт сол, аз 1978 то 1985 мудири шуъбаи нақд ва суханшиносии маҷаллаи “Садои Шарқ” буд ва пас аз он муддате дар идораи Донишномаи шӯравии тоҷик фаъъолият кард.

Бақозода солҳои зиёде дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар риштаи адабиёт ба шогирдон дарс гуфтааст. Вай беш аз 200 мақола ва тақризҳо дар масоили мухталифи адабӣ навиштааст, ки бештари онҳо дар китобҳое монанди “Ҷустуҷӯҳои бадеъӣ дар насри муъосири тоҷик”, “Нависанда ва идеали замон” ва ғайра гирдиҳам оварда шудаанд.

Номбурда 28-уми апрели соли 2012 даргузашт.

Соли 1940 – Зодрӯзи Асадулло Саъдуллоев, омӯзгор ва рӯзноманигори тоҷик, доктори илмҳои филология.

Асадулло Саъдуллоев

Асадулло Саъдуллоев доктори илм, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз поягузорони мактаби таҳқиқоти журналистӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) фаъолияти журналистии худро дар телевизиони давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас соли 1969 дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” онро идома додааст.

Соли 1979 дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ба ҳайси муовини муҳаррир ба фаъолияти рӯзноманигории худ идома дода, соли 1981 дар бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷик ба ҳайси устод ба кор пардохтааст.

Устод Асадулло Саъдуллоев ҳамчунин чанд муддат декани ин факулта буд. Ӯ то лаҳзаҳои ахири зиндагиаш дар ин факулта ба шогирдон аз фанни таҳқиқоти журналистӣ дарс мегуфт.

Ӯ 4-уми феврали соли 2016 дар синни 75 аз олам чашм баст.

Соли 1967 – Мавлуди Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонӣ ва воъизи шинохтаи тоҷик.

Ҳоҷӣ Мирзо

Ҳоҷӣ Мирзо, ки номи пуррааш Ибронов Мирзомурод аст, аз зумраи чеҳраҳои шинохтаи рӯҳонӣ дар кишвар аст, ки мавъизаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорҳо бинанда дорад.

Таваҷҷуҳи ӯ ба илмҳои динӣ хеле барвақт, ҳанӯз дар кӯдакӣ зуҳур гардида буд ва аввал дар назди домулло Шарифи Кӯлобӣ ва домулло Маҳмадуллоҳи Кӯлобӣ таҳсил намуда, аз соли 1995 то соли 2000 дар Донишгоҳи исломии Исломобод (Покистон) таҳсили улуми дин мекунад.

Ҳоҷӣ Мирзо солҳои 2000-2010 дар масҷиди ҷомеи маҳаллаи “Ҳилоли аҳмар” ҳамчун имомхатиб фаъолият кардааст. Ӯ борҳо аз ҷониби нашрияҳои маъруфи кишвар ҳамчун “Рӯҳонии сол” (аз ҷониби ҳафтаномаи “Нигоҳ”), “Воизи сол” (аз ҷониби ҳафтаномаи “Миллат”), “Қаҳрамони матбуот” (аз ҷониби “Озодагон”) эълон гардидааст.

Ӯ ҳамчунин дар Садамаи Нерӯгоҳи Чернобил, ки 26-уми апрели соли 1986 рух дод, иштирок кардааст. Ӯ дар қатори 600 ҳазор нафар узви дастаҳои бартарафсозӣ ба минтақаи хатарнок фиристода мешавад ва як сол дар он ҷо хизмат мекунад.

Соли 1968 – Зодрӯзи Нуъмонҷон Ғаффорӣ, муаррихи тоҷик, ректори пешини Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон.

Нуъмонҷон Ғаффорӣ

Аз соли 1990 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДТ ба фаъолият шурӯъ менамояд.

Солҳои 1994-2006 ба ҳайси ассистент ва сармуаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, мудири сектори илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти илмию омӯзгорӣ намудааст. Тайи солҳои 2006-2007 ба сифати танзимгари Маркази илмӣ-тадқиқотии Шарқ дар вилояти Суғд ифои вазифа мекунад.

Солҳои 2017-2019 дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз 5-уми феврали соли 2019 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин гардид ва то 10-уми июни соли 2022 кор кард.

Соли 1968 – Наимҷон Ғиёсов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар синни 55 даргузашт.

Наъимҷон Ғиёсов яке аз чеҳраҳои намоёни ҳунар дар замони шӯравӣ дар саҳнаи театри тоҷик буд. Ӯ фаъолияти худро гарчанде аз омӯзгорӣ оғоз намуд, аммо баъд то вопасин лаҳзаи ҳаёт дар театр ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ солҳо ҳамчун инструктор ва мудири шуъбаи маориф дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистону Ӯзбекистон хизмат карда, аз соли 1934 то охири умр ҳунарпешаи Театри давлатии Лоҳутӣ буд.

Наъимҷон Ғиёсов давоми 34 соли фаъолияти эҷодиаш дар саҳнаи ин театр  беш аз 100 нақш офаридааст, ки Соҳибдодхоҳ дар “Калтакдорони сурх”, раис Наъимов дар “Саодат”, Дож дар “Отелло”, Ҷалолуддин дар “А. Навоӣ”, вазир дар “Афсонаи ишқ”, оқсаққол дар “Дохунда”, Наср дар “Рӯдакӣ”, Муров дар “Гунаҳкорони бегуноҳ”, доктор Силвио дар “Хизматгори ду хоҷа” аз ин зумраанд. Ӯ дар синамо низ нақшҳои ҷолиб офаридааст.

Соли 1998 – Отахон Латифӣ, рӯзноманигори шинохта ва сиёсатмадори тоҷик, ки узви Комиссияи оштии миллӣ низ буд, дар синни 62 дар маркази шаҳри Душанбе кушта шуд.

Отахон Латифӣ

Отахон Латифӣ яке аз шахсиятҳои намоёни журналистика ва сиёсат дар Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти худро аз журналистика оғоз намуда, дар нашрияҳои бонуфузи шӯравӣ, аз ҷумла “Комсомолская правда”, “Правда” ва “Известия” кор кардааст.

Соли 1989 ба вазифаи муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъин шуда, барои ба эътидол овардани нооромиҳои кишвар нақши калидӣ бозид. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ маҷбур шуд, ки Тоҷикистонро тарк кунад, аммо ҳамчун раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ талошҳои сулҳҷӯёнаи худро идома дод.

Латифӣ яке аз ташаббускорони музокироти сулҳи байни тоҷикон буд. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 ба Душанбе баргашта, ба ҳайси раиси зеркомиссиони ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ фаъолият кард.

Отахон Латифӣ 22-юми сентябри соли 1998 дар Душанбе ба қатл расонида шуд. Куштори ӯ то имрӯз мармуз боқӣ мемонад.

Соли 2023 – Некрӯз Ниёзов, овозхон ва оҳангсози ҷавони тоҷик бар асари садамаи нақлиётӣ дар синни 27 даргузашт.

Некрӯз Ниёзов

Некрӯз Ниёзов 21-уми октябри соли 1995 дар хонаводаи мусиқачиён ба дунё омада, коллеҷи санъати шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Бо вуҷуди он ки ӯ хеле барвақт вориди ҷодаи санъат гардида буд, соли 2018 намоҳанги аввалини Некрӯз таҳти унвони “Оҳиста-оҳиста” пахш шуд. Аввалин дуэташро бошад бо Меҳрнигори Рустам бо номи “Рақс бикун” суруд.

Некрӯз Ниёзов 22-юми сентябри соли 2023 дар синни 27-солагӣ бар асари як сонеҳа дар шаҳри Душанбе даргузашт ва 23-юми сентябр ӯро дар деҳаи Возми ноҳияи Шуғнон ба хок сипурданд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳар сол 22-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Дар ибтидо таҷлили рӯзҳои марбут ба Рӯдакӣ ҷанбаи илмӣ ва фарҳангӣ дошт, вале пас аз истиқлолият ба он мақоми расмӣ дода шуд. Соли 2002, бо қарори ҳукумати кишвар 22-юми сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ расман қабул гардид.


Ин рӯз ба таваллуди рамзии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – поягузори адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ ва сардафтари шеъри классики тоҷик бахшида шуда, ба хотири гиромидошти нақши бузурги ӯ дар адабиёти классики тоҷик пазируфта шудааст.

Ҳар сол 22 сентябр дар ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии бидуни мошин (World Car Free Day) таҷлил мегардад. Ин рӯз ба хотири таблиғи тарзи ҳаёти солим, коҳиш додани ифлосшавии муҳити зист ва тарғиби пиёдагардӣ, велосипедронӣ роҳандозӣ шудааст.

Иқдоми мазкур бори аввал соли 1997 дар Англия оғоз ёфт ва то соли 2001 беш аз 1000 шаҳр аз 35 кишвари дунё расман ба он ҳамроҳ шуданд. Имрӯз, тибқи таҳқиқоти тахминӣ, аз 1500 шаҳри ҷаҳон дар таҷлили ин рӯз иштирок мекунанд.


Дар ин рӯз, дар бисёр шаҳрҳо ҳаракати мошинҳои шахсӣ манъ мегардад, кӯчаҳо аз пиёдагардон ва велосипедронҳо пур мешавад ва чорабиниҳои фарҳангиву экологӣ баргузор мегарданд.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати филҳо (World Elephant Day) ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо ташаббуси созмонҳои муҳити зист, муҳаққиқон ва дӯстдорони табиат роҳандозӣ шуда, ҳадафаш таъкиди хатари азбайнравии филҳо ва зарурати ҳифзи онҳо аст.


Имрӯз, бахусус филҳои африқоӣ зери хатари нестшавӣ қарор доранд. Бо вуҷуди он ки дар бисёр кишварҳо шикори филҳо мамнӯъ буда, ҳатто ҷазоҳои шадид, аз ҷумла қатл пешбинӣ шудааст, қочоқи ғайриқонунии филҳо ва маҳсулоти онҳо (махсусан дандонҳо) ҳамоно идома дорад.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии каркадан (World Rhino Day) таҷлил мегардад ва ҳадафи он ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкили нобудшавии ин ҳайвони нодири сайёра мебошад.

Имрӯзҳо, бар асари шикори ғайриқонунӣ, шумораи каркаданҳо ба таври нигаронкунанда коҳиш ёфтааст. Сабаби аслии шикори каркадан шохи онҳо аст, ки дар баъзе фарҳангҳо бовар доранд, онҳо дорои хусусияти шифобахшӣ мебошанд. Ин бовар боиси афзоиши талабот ба шох дар бозорҳои “сиёҳ” гардидааст.


Арзиши 1 кг шохи он метавонад то ба 65 000 доллар расад. Шох метавонад аз 1 то 3 кг вазн дошта бошад. Дар баъзе мавридҳо, шохи каркадан аз тилло ҳам гаронтар ҳисобида мешавад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 22 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм,  рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 25+30º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм,  рӯзона 25+30º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 14+19º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 27+29º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.