Ин пулҳои ҷашнӣ ба муносибати 25 солагии ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии Тоҷикистон – “Сомонӣ” ба гардиш бароварда шуд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки пулҳо бо теъдоди муайян ба муомилот бароварда шуд, ки дар қатори дигар пулҳои коғазӣ баробар гардиш менамояд. Вале аз ин ниҳод нагуфтанд, ки аз ин намуди пулҳо мушаххас чӣ қадар ба муомилот бароварда шудааст.

“Дар 25 сол Бонки миллӣ бори аввали пули ҷашнии коғазиро ба муомилот баровард. Пештар аз ин танҳо тангаҳои ҷашнӣ ва хотиравӣ бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ нашр мешуд”, - гуфтанд аз БМТ. 

Тангаҳо ва пулҳои коғазии ҷашнӣ метавонанд дар қатори дигар воҳиди пулӣ дар гардиш бошанд, аммо танга ва пулҳои хотиравӣ танҳо бо мақсади тӯҳфа ва коллексия истифода мешаванд.

Намои 100 сомонии ҳозира

Бояд гуфт, ки имсол аз ба муомилот баромадани воҳиди нави пули миллии Тоҷикистон – “Сомонӣ” 25 сол пур шуд. Он 30-юми октябри соли 2000 ба гардиш бароварда шуд. Он ба ифтихори Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон номгузорӣ шудааст. Аввалин маротиба пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.

Айни замон дар муомилот пулҳои коғазӣ бо арзиши 1 (як), 3 (се), 5 (панҷ), 10 (даҳ), 20 (бист), 50 (панҷ), 100 (сад), 200 (дусад) ва 500 (панҷсад) сомонӣ, инчунин тангаҳо бо арзиши 1 (як) дирам, 2 (ду), 5 (панҷ), 10 (даҳ), 20 (бист), 25 (бисту панҷ) ва 50 дирам мавҷуданд.

Ҳамчунин тангаҳо бо арзиши 1 (як), 3 (се) ва 5 (панҷ) сомонӣ мавҷуданд.

Дар бораи таърихи пули миллии кишвар ва воҳидҳои пулие, ки пеш аз даст ёфтан ба соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар истифода мешуданд, дар матлаби мо бо номи "Аз рубли шӯравӣ то “Сомонӣ”. Дар сад соли Тоҷикистон кадом воҳидҳои пулӣ истифода шудаанд?" хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.