Ҳайати дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо “Истиқлол”-и Тоҷикистон шоми 24-уми ноябр ба шаҳри Душанбе омад, вале Криштиану Роналду, футболбози маъруфи пуртуғолӣ ва ҳамлагари ин даста ба он шомил нест. Сабаби ба Тоҷикистон наомадани Роналду то кунун расман шарҳ дода нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, футболбозони маъруфе чун Садио Мане, Жоау Феликс, Марсело Брозович, Иниго Мартинес, ки дар дастаи “Ан-Наср” бозӣ мекунанд, ба Тоҷикистон омадаанд.
Рақобати “Истиқлол” бо “Ан-Наср” дар доираи даври 5-уми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё рӯзи 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, соати 18:45 оғоз мешавад. Дар бозии аввали дастаҳо, ки моҳи сентябр дар шаҳри Риёз доир шуд, “Ан-Наср” бо ҳисоби калони 5:0 “Истиқлол”-ро ноком карда буд.
Ҳардуи даста ҳамроҳ бо “Аз-Завра”-и Ироқ ва “Гоа”-и Ҳиндустон дар гурӯҳи “D”-и мусобиқа қарор доранд. Ҳоло “Ан-Наср” бо 12 имтиёз садрнишини гурӯҳ буда, “Аз-Завра” ва“Истиқлол” бо доштани 6 холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм ва “Гоа” бо 0 имтиёз дар ҷои охир қарор доранд.
Ин бори аввал нест, ки Криштиану Роналду дар ҳайати дастаи “Ан-Наср” ба Тоҷикистон намеояд. Соли гузашта ҳам дар доираи Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, ин даста бо тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар як гурӯҳ буданд. Вале Криштиану Роналду бо сабаби ҷароҳат бардоштан дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон дар ҳайати “Ан Наср” ба Тоҷикистон наомада буд.
Ҳарчанд дар пайи хабарҳо дар бораи омадани Криштиану нархи чиптаи бозии дастаҳои “Ал-Наср” ва “Истиқлол” то ба 3 ҳазор сомонӣ расида буд.
“Бинобар ин сабаб Роналдуро роҳбарияти тим истироҳат додаанд ва дар бозӣ муқобили “Истиқлол” ба Душанбе намеояд. Ҳамин тавр, бо наомадани Роналду орзуи мухлисони зиёди футболи тоҷик, ки хостгори аз наздик дидани бозии ӯро доштанд, ҷомаи амал напӯшид”, - навишта буд ТВ “Варзиш”.





Tajikistan welcomes Iran-U.S. talks and advocates for peaceful conflict resolution
‘Tajik national clothing complies with Islamic norms and cultural traditions,’ says Tajik official
India, Turkmenistan Hold High-Level Talks in Ashgabat to Deepen Economic and Strategic Cooperation
"They are fraudsters and criminals." Dushanbe deputy mayor promises to identify companies defrauding citizens in housing sales
Tajikistan's Antimonopoly Service identifies market "giants"
New multi-level parking lots to be built in Dushanbe this year
Seven avalanches hit Dushanbe-Chanak highway, and it is temporarily closed for traffic
Drug smuggling from Afghanistan to Tajikistan grows, armed clashes increase
Tajikistan plans to introduce a visa-free regime for Chinese citizens
Tajikistan officially becomes a candidate to host the 2031 AFC Asian Cup
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста