25-уми ноябр Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат нисбат ба занон аст. Ин рӯзро СММ соли 1999 ба расмият шинохт ва онро ба тақвими ҷашнҳо шомил кард. Дар ин рӯз хоҳарон Мирабалҳо - фаъоли сиёсӣ ваҳшиёна кушта шудаанд. “Ҷиноят”-и онҳо иштирок дар мубориза барои ҳуқуқҳои худ ва сарнагун кардани низоми сохтаи Рафаэл Трихуло – роҳбари худкома дар кишвари Доминикан буд.
Дар ин рӯз ҷомеаи ҷаҳон бештар аз ҳуқуқи занон ва поймол шудани он, аз ҷумла хушунат алайҳи онҳо мегӯянд ва барои бартараф кардани он иқдомҳоеро рӯйи даст мегиранд.
Дар Тоҷикистон низ созмонҳое ҳастанд, ки ба ҳимояи ҳуқуқи занон, махсусан занҳое, ки мавриди хушунат қарор гирифтаанд, машғуланд.
Бахшида ба ин рӯз дар зер рӯйхате созмонҳоеро ҷамъ овардем, ки ба занони хушунатдида ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд.
Кумитаи кор бо занон ва оила
Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон маркази тамос фаъолият мекунад, ки ба занон аз саросари ҷумҳурӣ вобаста ба ҳуқуқҳояшон кумаки ройгон мерасонад. Ҳадафи асосии ин марказ дастгирии занон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила мебошад.
Муроҷиаткунандагон вобаста ба хушунати хонаводагӣ, ҷинсӣ, равонӣ, манзил, алимент, талоқ ва ғайра машварати ҳуқуқӣ гирифта метавонанд.
Мушовирони марказ аз рӯзи душанбе то ҷумъа аз 8:00 то 17:00, рӯзи шанбе аз 8:00 то 12:00 машваратҳои телефонӣ пешниҳод мекунанд.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Академик Раҷабовҳо, 3
Тамос: +992 (37) 221-40-30
Дар Кумита қаблан телефони боварии 1313 фаъол буд, аммо он ҳоло аз кор бозмондааст.

“Корвони умед”
Ташкилоти ҷамъиятии “Корвони умед” қариб 15 сол аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Ҳадафи ин созмон ироаи кумакҳои ҳуқуқӣ, тиббӣ, судӣ ва омӯзишии ройгон ба занон аст.
“Корвони умед” инчунин макони амн ё паноҳгоҳ худро дорад, ки дар он занони хушунатдида бо кӯдаконашон аз 3 то 6 моҳ метавонанд бимонанд ва ёрии иҷтимоию ҳуқуқӣ гиранд. Инчунин занон бо курсҳои кӯтоҳмуддати қаннодию дӯзандагӣ фаро гирифта мешаванд.
Ин созмон қаҳвахонаи иҷтимоии “Чатр” дорад, ки ба занони хушунатдида кумаки молӣ мерасонад.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Носири Хисрав, 11
Тамос: (+992) 900 001 222; (+992) 905 053 856
“Фемида”
“Фемида” созмони ҷамъиятиест, ки ба занони аз хушунати хонаводагӣ ранҷкашида кумаки ҳуқуқию равонии ройгон мерасонад. Инчунин ба заноне, ки қурбони муҳоҷират мешаванд, дасти мадад дароз мекунад.
Фаъолияти ин созмон аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷабрдидагон, пешгирии такрории зӯроварӣ ва таблиғи баробарҳуқуқии гендерӣ иборат аст.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Бофанда, 5/1
Тамос: +992 900 900 304
Маркази ёрии ҳуқуқии “Мурофиа”
Созмонҳоест, ки дар пойтахт ба ироаи ёрии ҳуқуқии ройгон машғул аст. Созмон ба занони аз хушунати хонаводагӣ осебдида машварати ҳуқуқӣ дода, ба онҳо дар омода кардани ҳуҷҷатҳо ёрӣ мерасонад ва дар мурофиаҳои судӣ ҳамроҳӣ мекунад. Ҳамчунин дар марказ хати тамос фаъол аст, ки дар он ҳуқуқшиносон ва равоншиносон машварати фаврӣ медиҳанд.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Нусратулло Махсум, 75/1
Тамос: +992 917993897
“Гулрухсор”
Зиёда аз 20 сол инҷониб Маркази занони “Гулрухсор” ҳамчун маркази бӯҳронӣ ва паноҳгоҳи муваққатӣ барои занони қурбонии хушунат фаъолият мекунад. “Гулрухсор” шабонарӯзӣ хушунатдидагонро бо паноҳгоҳи муваққаттӣ, се маҳал хӯрок ва кумаки ҳуқуқию равонии ройгон таъмин мекунад.
Суроға: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Раҳмон Набиев, 111
Тамос: +992-92-780-40-74
Маркази дастгирии “Кибриё”
Ҳадафи аслии созмон ҳимояи ҳуқуқи занон ва маъюбон ба таври ройгон аст. Ҳамчунин марказ занони хушунатдида ва дигар табақаи осебпазирро бо ҷойҳои корӣ таъмин менамояд. Ёдовар мешавем, ки унвони қаблии созмон “Занон барои адолат” буд.
Суроға: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Кирмоншоҳ, 1
Тамос: 938364545
“Дилафрӯз”
Самти асосии фаъолияти ТҶ “Дилафрӯз” расонидани кумаки ҳуқуқию равонӣ ба занони хушунадида мебошад. Тайи 24 сол аст, ки ин ташкилот кумаки ройгон мерасонад.
Суроға: шаҳри Бохтар, кӯчаи Дӯстии халқҳо, 66 А
Тамос: 918659293, 2-79-10
“Маърифат”
“Маърифат” бо ҳифзи ҳуқуқи занони хушунатдида дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон машғул аст. Ташкилот имкони баррасии мушкили сокинони дигар минтақаҳоро низ дорад.
Ҳадафи асосии созмон дастгирии занон дар раванди барқарор кардани адолат, амнияти шахсӣ ва мустақилияти иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.
Ҳуқуқшиноси созмон ба занони осебдида маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, тартиби муроҷиат ба мақомотро мефаҳмонад ва дар ҳолати зарурӣ занонро дар додгоҳ ҳамроҳӣ ва роҳбаладӣ мекунанд.
Суроға: ноҳияи Хуросон, ҷамоати Хуррамшаҳр, кӯчаи Ҷумъа Абёров, 21
Тамос: 935242410, 935595940
"Оксана"
Созмони ҷамъиятии “Оксана” машғули ҳалли мушкилоти ҳуқуқии занони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст. Созмон муроҷиати сокинони ноҳияҳои гирду атрофро низ баррасӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки “Оксана“ занони хушунатдида, камбизоат ва танҳои ноҳияро бо омӯзиши дӯхти куртаҳои миллӣ фаро мегирад.
Суроға: ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, шаҳраки Балх, кӯчаи Ҳайдаров, 24
Тамос: +992 931593056








Tajikistan welcomes Iran-U.S. talks and advocates for peaceful conflict resolution
‘Tajik national clothing complies with Islamic norms and cultural traditions,’ says Tajik official
India, Turkmenistan Hold High-Level Talks in Ashgabat to Deepen Economic and Strategic Cooperation
"They are fraudsters and criminals." Dushanbe deputy mayor promises to identify companies defrauding citizens in housing sales
Tajikistan's Antimonopoly Service identifies market "giants"
New multi-level parking lots to be built in Dushanbe this year
Seven avalanches hit Dushanbe-Chanak highway, and it is temporarily closed for traffic
Drug smuggling from Afghanistan to Tajikistan grows, armed clashes increase
Tajikistan plans to introduce a visa-free regime for Chinese citizens
Tajikistan officially becomes a candidate to host the 2031 AFC Asian Cup
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста