Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат ба мақомот дастур додааст, ки мавзуи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг кардани онҳо бо шабакаҳои барқии кишварро омӯзанд.
Маҷлиси ҳукумат дирӯз, 25-уми ноябр доир шуда, дар он, ҳамчунин, таъкид шудааст, ки “фарҳанги истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб карда шавад”.
Дар маҷлис «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардидааст, ки ба навиштаи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, он бо мақсади “таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ”, ки яке аз ҳадафҳои калидии Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад таҳия гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи амалӣ кардани барномаи мазкур, аз ҷумла, дар назар аст, ки содироти барқ ба 5 млрд.киловат соат расонида мешавад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ин барнома то ба 3% расондани сатҳи талафоти барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ ва то 9% расондани сатҳи талафоти барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқро пешбинӣ мекунад.
Дар идомаи маҷлиси ҳукумат лоиҳаи чанд қонун ва барномаҳои давлатӣ муҳокима гардидааст.

Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба иттилои хадамоти матбуотӣ, “ба хотири бартараф кардани камбудиҳои дар соҳаи энергетика ҷойдошта таҳия шудааст”, дар маҷлиси навбатӣ баррасӣ гардид.
Дар Қонуни мазкур барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, аз ҷумла барои истеҳсоли криптовалюта пурзур намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳаи ин қонун ҳамроҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.
Ҳамчунин, дар ҷаласа, барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”, рушди содироти Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Барнома оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва гепатитҳои парентералии вирусӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, муҳокима гардидааст.





Tajikistan ratifies agreement with Kyrgyzstan on mutual stay of citizens
Iranian Embassy flag in Dushanbe lowered in mourning
Kidnapping of former Dushanbe prosecutor’s son solved after 25 years
Will Tajikistan take part in the 2026 Winter Olympics in Italy?
Iran protests seen as most serious challenge to Islamic Republic in years
A bill on annexation Greenland reportedly introduced in the US Congress
Radio frequency fees in Tajikistan increase hundreds of times
Heat purchase rates in Dushanbe to rise by 17%: will heating costs increase for households?
Radio Ozodi reports another Tajik citizen killed in the war in Ukraine
Noisy teen party disrupted in Dushanbe: knives seized, fines imposed
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста